Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Ҷашни Сада оинаест, ки дар он таърих, фарҳанг, фалсафа ва ахлоқи мардуми тоҷик таҷассум ёфтааст»
ДУШАНБЕ, 30.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷашни Сада яке аз куҳантарин ва пуровозатарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод, аз ҷумла мо – тоҷикон ба шумор меравад, ки решаҳои он ба умқи таърихи тамаддуни башарӣ мерасанд. Ин ҷашн дар баробари Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон пояҳои асосии солшуморӣ ва ҷаҳонбинии суннатии мардуми моро ташкил дода, на танҳо маросими мавсимӣ, балки ифодаи фалсафаи зиндагӣ, муносибати инсон ба табиат, замон ва дар маҷмуъ худи ҳастӣ мебошад. Сада ҷашни нур, ҷашни гармӣ ва умед дар байни сармо, ҷашни пирӯзии ақлу хирад бар торикӣ ва ноумедӣ мебошад. Дар зеҳни фарҳангии тоҷикон Сада ҳамеша бо тасаввури оташ, рӯшноӣ, ҳамбастагӣ ва интизории баҳори зиндагисоз пайванд доштааст.
-Дар даврони Истиқлоли давлатӣ эҳё ва гиромидошти ҷашнҳои бостонии миллӣ – Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон бо номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад, зеро маҳз бо ташаббус, иродаи сиёсӣ ва ҷаҳонбинии жарфу таърихнигари он кас ин ойинҳои куҳан аз ҳошияи фаромӯшӣ дубора ба маркази ҳаёти маънавию фарҳангии ҷомеа бозгаштанд. Пешвои миллат бо дарки амиқи рисолати тамаддунофар ва тарбиявии ин ҷашнҳо онҳоро ҳамчун рукнҳои устувори худшиносии миллӣ, пайванди наслҳо ва рамзҳои ваҳдати фарҳангӣ эҳё намуда, ба сатҳи сиёсати давлатӣ бароварданд. Дар байни онҳо, ҷашни Сада бо таъкиди махсус ҷойгоҳи хос касб кард, зеро Сада ҷашни нур ва гармӣ дар авҷи сармост, ҷашни умед дар лаҳзаҳои сахтии зиндагӣ ва рамзи пирӯзии ақлу хирад бар торикӣ мебошад. Маҳз бо ҳидоят ва пуштибонии Пешвои миллат Сада аз нав ҳамчун ҷашни фалсафии оташ, меҳнат ва сабри инсон муаррифӣ шуд ва ба шуури ҷамъиятӣ бозгашт, то мардумро ба таҳаммул, ҳамбастагӣ ва бовар ба ояндаи нек ҳидоят намояд. Дар шароите, ки ҷаҳонишавӣ бисёр арзишҳои суннатиро зери фишор қарор медиҳад, таваҷҷуҳи махсус ба Сада на танҳо эҳёи як ойин, балки эҳёи ҷаҳонбиниест, ки инсонро бо табиат, замон ва масъулияти ахлоқии худ мепайвандад. Аз ин рӯ, метавон бо итминон гуфт, ки Пешвои миллат на танҳо пуштибони сиёсӣ, балки эҳёгари воқеии ҷашнҳои суннатии миллӣ, бахусус ҷашни Сада буда, бо ин иқдом дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, болоравии ифтихори таърихӣ ва устувории руҳи ҷомеа нақши сарнавиштсоз гузоштаанд.
Мафҳуми «Сада» дар зимн рамзи шумора ва замонро дорад. Аксари муҳаққиқон бар онанд, ки ин ном аз рақами «сад» бармеояд ва ба давраи муайяни сол ишора мекунад, яъне сад шабонарӯз то фарорасии Наврӯз ё панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзи гузашта аз оғози зимистон ва номи ин ҷашн ба монанди дигар номҳои ҷашнҳои миллии аҷдодиамон пурра тоҷикӣ буда, далели равшани тамаддунсоз ва тамаддунофар будани миллати куҳанбунёди тоҷик аст.
Доир ба вобастагии ҷашни Сада бо адади сад донишманди муосири мо Ҳасани Султон дар асараш «Устозурраис Абурайҳони Берунӣ» чунин менигорад: «Ин матлаб ҳамчунин гувоҳи он аст, ки забони модарии мо забони қадиму асил аст ва номи ҳамаи ҷашнҳои қадимии миллии ҳувиятофари мо реша дар ҳамин забон дорад ва калимаи «сада» вожаи нобу сара буда, аз шумораи сад бо афзудани пасванди -а сохта шудааст».
Дар ҳар маврид ин ҷашн дар лаҳзае аз сол баргузор мешуд, ки сармо ба авҷи худ мерасид ва инсон ба таври рамзӣ бо афрӯхтани оташ ба табиат эълон мекард, ки таслим намешавад ва ба гармӣ, нур ва ҳаёт бовар дорад. Ин дарки амиқи қонунияти табиат ва ҳамзамон ҷасорати руҳии инсонро нишон медиҳад.
Сада дар солшумории бостонӣ мақоми хос дошт. Вай ҷашни миёнаи зимистон буд, ҷашне, ки мардумро ба сабр, таҳаммул ва омодагӣ ба марҳилаи нави ҳаёт ҳидоят мекард. Дар фарҳанги кишоварзӣ, ки асоси зиндагии ҷомеаҳои қадимро ташкил медод, ин давра замони фикр, нақшакашӣ ва интизори баҳор будан буд. Аз ин рӯ, Сада на танҳо ҷашни гузаштаи сармо, балки оғози умеди нав, омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва эҳёи табиат маҳсуб мешуд. Ин ҷашн инсонро ба ҳамоҳангӣ бо гардиши Офтоб, бо ҳаракати фаслҳо ва бо набзи зиндагӣ даъват менамуд.
Дар сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ пайдоиши Сада бо ривоятҳои асотирӣ пайванд ёфтааст. Яке аз маъруфтарин ривоятҳо, ки дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ҳам омадааст, онро ба шоҳи пешдодӣ Ҳушанг нисбат медиҳанд ва гӯё ҳангоми бархӯрди санг ба санг оташ кашф шуд ва ин кашф ҳамчун неъмати бузург ба инсоният арзёбӣ гардид. Новобаста аз воқеияти таърихии ин ривоят, маънои рамзии он бисёр амиқ аст. Кашфи оташ оғози тамаддун, оғози ҳунар, дониш ва фарҳанг аст. Оташ инсонро аз торикӣ раҳо кард, ба ӯ имкони гарм шудан, пухтани ғизо, ҳифзи худ ва рушду пешрафт дод. Аз ин рӯ, ҷашни Сада ҷашни худогоҳии инсон, ҷашни эҳтиром ба ақлу хирад ва неруи офарандаи башар мебошад.
Дар ойини зардуштӣ оташ ҷойгоҳи муқаддас дорад ва ҳамчун рамзи покӣ, ростӣ ва нури илоҳӣ шинохта мешавад. Сада дар ҳамин замина ташаккул ёфта, бо ҷаҳонбинии ахлоқии ин ойин ҳамоҳанг аст. Муборизаи нур бо зулмот, некӣ бо бадӣ ва ростӣ бо дурӯғ яке аз меҳварҳои асосии тафаккури зардуштӣ мебошад ва Сада ба таври рамзӣ ҳамин муборизаро таҷассум мекунад. Афрӯхтани оташ дар ин ҷашн на ибодати худи оташ, балки арҷгузорӣ ба рӯшноӣ, покизагӣ ва нияти нек аст. Ин ҷашн мардумро ба поксозии руҳ, андеша ва рафтор даъват мекард.
Суннатҳо ва расму ойинҳои Сада дар минтақаҳои гуногун бо ҷузъиёти худ фарқ мекарданд, аммо меҳвари асосии онҳо ҳамеша оташ буд. Дар деҳаҳо ва шаҳрҳо оташи бузург меафрӯхтанд, мардум гирди он ҷамъ мешуданд, суруд мехонданд, рақсу бозӣ мекарданд ва ба ҳамдигар орзуҳои нек менамуданд. Ин ҷамъомадҳо на танҳо ҷанбаи маросимӣ, балки аҳамияти иҷтимоӣ доштанд. Онҳо ҳисси ҳамбастагӣ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмиро тақвият мебахшиданд. Дар гирди оташ фарқияти иҷтимоӣ аз байн мерафт, ҳама худро ҷузъи ягонаи ҷомеа эҳсос мекарданд.
Яке аз унсурҳои муҳими ҷашни Сада орзу ва дуохонӣ буд. Пиронсолон ва хирадмандон барои солимӣ, фаровонӣ, оромӣ ва поёни сармо дуо мекарданд. Ин дуоҳо танҳо суханони маросимӣ набуданд, балки таҷассумгари орзуҳои умумии ҷомеа барои зиндагии беҳтар, адолат ва сулҳ буданд. Ҳамзамон омода кардани таомҳои гарм ва дастҷамъона хӯрдани онҳо рамзи ғалабаи гармӣ бар сармо ва фаровонӣ бар тангдастӣ ба шумор мерафт.
Арзишҳои иҷтимоӣ ва ахлоқии Сада хеле фароханд. Ин ҷашн мардумро ба меҳнатдӯстӣ, сабр, умед ва эҳтиром ба табиат тарбия мекард. Сада нишон медод, ки инсон бояд дар лаҳзаҳои душвор руҳан қавӣ бошад, ба оянда бовар дошта бошад ва бо дигарон ҳамдаст гардад. Дар ин ҷашн меҳнати инсон, заҳмати деҳқон ва ҳунарманд қадр мешуд, зеро маҳз меҳнат аст, ки инсонро аз сармо ва гуруснагӣ наҷот медиҳад. Ин арзишҳо то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд.
Ҷашни Сада дар адабиёти классикӣ низ инъикоси равшан ёфтааст. Шоирон ва мутафаккирон онро ҳамчун рамзи нур, бедорӣ ва худогоҳӣ тасвир кардаанд. Дар тасвирҳои адабӣ оташ на танҳо унсури табиӣ, балки нури ақл ва дониш аст, Сада лаҳзаи бедоршавии инсон аз хоби тӯлонии сармо ва торикӣ мебошад. Ин инъикосҳо нишон медиҳанд, ки Сада танҳо ҷашни мардумӣ набуда, балки ҷузъи тафаккури фалсафӣ ва зебоишиносии фарҳанги тоҷик аст.
Дар давраи муосир эҳёи ҷашни Сада ҳамчун қисми муҳими мероси ғайримоддии фарҳангӣ аҳамияти хос пайдо кардааст. Он ба таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба гузашта ва пайванди наслҳо мусоидат мекунад. Ҷашни Сада имрӯз метавонад ҳамчун василаи тарбияи фарҳангӣ ва ахлоқӣ хизмат намояд, зеро он арзишҳое, чун сулҳ, ҳамбастагӣ, меҳнатдӯстӣ ва умедро таблиғ мекунад. Дар ҷаҳони пуртазод ва зудтағйирёбандаи имрӯзӣ чунин ҷашнҳо ба инсон имкон медиҳанд, ки ба решаҳои худ баргардад ва дар партави онҳо роҳи ояндаро муайян созад.
Дар муқоиса бо дигар ҷашнҳои суннатӣ Сада ҷашни умед дар миёни сахтӣ аст. Агар Наврӯз оғози эҳёи пурраи табиат ва Меҳргон ҷашни ҳосил ва фаровонӣ бошад, пас Сада ҷашни интизорӣ, сабр ва омодагӣ мебошад. Он ба инсон меомӯзонад, ки ҳатто дар ториктарин шабҳои зимистон бояд чароғи умедро фурӯзон нигоҳ дошт. Маҳз ҳамин паёми фалсафии Сада онро ҷашни ҳамеша зинда ва актуалӣ мегардонад.
Дар маҷмуъ, ҷашни Сада ойинаест, ки дар он таърих, фарҳанг, фалсафа ва ахлоқи мардуми тоҷик таҷассум ёфтааст. Ин ҷашн на танҳо хотира аз гузашта, балки паёме барои имрӯз ва фардост. Сада инсонро ба хирад, ба нур, ба гармии дил ва ба ҳамбастагии иҷтимоӣ даъват мекунад. Эҳё ва гиромидошти он эҳтиром ба тамаддуни куҳан, арҷгузорӣ ба меҳнати инсон ва бовар ба ояндаи дурахшони ҷомеа мебошад.
Дар ин маврид таъкид бояд кард, ки баррасии таърих, маъно ва арзишҳои ҷашни Сада ва дигар ҷашнҳои бостонии миллӣ танҳо бар эҳсос ё ривоятҳои шифоҳӣ такя намекунад, балки ба мероси муътамади хаттӣ, осори таърихӣ, адабӣ ва таҳқиқоти илмии муҳаққиқони гузаштаву муосир асос меёбад. Маҳз тавассути ин сарчашмаҳо метавон равшан дарёфт, ки Сада ҳамчун ҷашни куҳани ориёӣ дорои пояҳои амиқи таърихӣ, фалсафӣ ва фарҳангист ва дар низоми ҷаҳонбинии мардуми тоҷик ҷойгоҳи устувор дорад. Такя ба чунин манобеъ на танҳо арзиши илмии матнро боло мебарад, балки имкон медиҳад, ки ҷашнҳои миллӣ ҳамчун падидаҳои тамаддунсоз дар заминаи таърихӣ ва фарҳангии худ дуруст дарк ва муаррифӣ гарданд.
Масалан, дар робита бо ҷашни Сада Абурайҳони Берунӣ дар «Китоб-ут-тафҳим» изҳори назар карда, бунёди онро ба яке аз шоҳони Пешдодӣ – Фаридун нисбат додааст. Вай дар ин китоб менависад, ки Сада «обонрӯз аст ва баҳманмоҳ. Ва он даҳум рӯз бувад. Ва андар шабаш, ки байни рӯзи даҳум аст ва байни рӯзи ёздаҳум оташҳо зананд ба гавзу бодом ва гирд ба гирди он шароб хуранд ва лавҳу шодӣ кунанд…Ва аммо сабаби номаш чунон аст, ки аз ӯ то Наврӯз панҷоҳ рӯз аст ва панҷоҳ шаб. Ва низ гуфтанд, ки андар ин рӯз аз фарзандони падари нахустин сад тани тамом шуданд. Ва аммо сабаби оташ кардан ва бардоштан он аст, ки Беваросб (Заҳҳок) тавзеъ карда буд бар малакати хеш ду мард ҳар рӯзе то мағзашон бар он реш ниҳодандӣ, ки бар китфҳои ӯ баромада буд ва ӯро вазире буд номаш Армоил, некдил ва неккирдор аз он ду тан якеро зинда яла кардӣ ва пинҳон ӯро ба Дамованд фиристодӣ. Чун Афридун ӯро бигирифт, сарзаниш кард. Ва ин Армоил гуфт: Тавонои ман он буд, ки аз ду кушта якеро бираҳонидаме. Ва ҷумлаи эшон аз паси кӯҳанд. Пас бо вай устуворон (саворони боэътимод) фиристод, то ба даъвии ӯ нигаранд. Ӯ касеро пеш фиристод ва бифармуд, то ҳар касе бар боми хонаи хеш оташ афрӯхтанд, зеро-к шаб буд ва хост то бисёрии эшон падид ояд, пас он назди Афридун ба мавқеъ афтод ва ӯро озод кард ва бар тахти заррин нишонд ва Мисмуғон ном кард, ай Меҳи муғон…».
Дар дигар сарчашмаҳо, аз ҷумла баргузор намудани ҷашни Сада ва «аз ӯ то Наврӯз панҷоҳ рӯз ва панҷоҳ шаб» мавҷуд будани фосиларо Фаррухии Сиистонӣ чунин ба назм даровадааст:
Аз пайи таҳнияти рӯзи нав омад бари шоҳ,
Садаи фаррух рӯзи даҳуми баҳманмоҳ…
Чӣ хабар дод? Хабар дод, ки то панҷаҳ рӯз
Рӯй бинмояд Наврӯзу кунад арз сипоҳ.
Ва чунин бармеояд, ки ин сурудаи Фаррухии Сиистонӣ бо суханони Берунӣ дар «Китоб-ут-тафҳим» иртиботи қавӣ дорад.
Хулосаи Берунӣ дар хусуси ба Фаридун вобастагӣ доштани оғози ҷашни Сада дар «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ҳам омадааст, ки мегӯяд: «Офаридун… ҳамон рӯз, ки Заҳҳокро бигрифт ва мулк бар вай рост гашт, ҷашни Сада бинҳод…».
Унсурии Балхӣ ҷашни Садаро ҷашни хусравони номдор ва ёдгори Фаридуну Ҷамшед ба қалам додааст:
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афредун в-аз Ҷам ёдгор аст.
Бояд иброз намуд, ки донишманди муосир Ҳасани Султон дар асараш «Устозурраис Абурайҳони Берунӣ» ин масъаларо хеле васеъ таҳқиқ намудааст ва хулосаҳояш дар ин маврид ҷолиб ва дақиқ ба назар мерасанд.
Ҳамзамон таъкид менамоям, ки эҳёи ҷашни Сада дар даврони муосир ҳамчун падидаи фарҳангӣ ва маънавӣ аз доираи як маросими суннатӣ берун рафта, ба унсури таъсиргузори худшиносии миллӣ ва тафаккури ҷамъиятӣ табдил ёфтааст. Ин раванд ба таври табиӣ ва худҷӯш ба вуҷуд наомада, балки натиҷаи сиёсати ҳадафманд, барномарезишуда ва дорои дурнамои таърихии давлат мебошад, ки дар маркази он шахсияти Пешвои миллат қарор дорад. Маҳз тавассути чунин сиёсати фарҳангӣ Сада аз як хотираи парокандаи таърихӣ ба ҷузъи зиндаи ҳаёти маънавии ҷомеа баргашт ва дар шуури насли имрӯз маънои нав касб намуд.
Эҳёи Сада, пеш аз ҳама, ҳамчун бозгашт ба манбаъҳои аслии тафаккури миллӣ сурат гирифт. Ин ҷашн дар худ маҷмуи арзишҳоеро таҷассум мекунад, ки барои ҷомеаи муосир низ аҳамияти ҳаётӣ доранд: сабр дар баробари мушкилот, умед ба оянда, эҳтиром ба меҳнат, дарки қонунияти табиат ва эътимод ба неруи ақлу хирад. Дар шароите, ки ҷаҳони муосир бо суръати баланд тағйир меёбад ва бисёр ҷомеаҳо бо буҳрони ҳувият рӯ ба рӯ мешаванд, чунин арзишҳо барои ҳифзи устувории фарҳангӣ ва маънавӣ нақши калидӣ мебозанд. Аз ин лиҳоз, таваҷҷуҳ ба Сада на танҳо эҳтиром ба гузашта, балки посух ба ниёзҳои имрӯз ва фардои миллат мебошад.
Нақши Сарвари давлат дар ин раванд дар он ифода меёбад, ки ҷашнҳои суннатӣ, аз ҷумла Сада ҳамчун ҷузъи сиёсати давлатии фарҳангӣ пазируфта шуданд. Ин маънои онро дорад, ки онҳо дигар танҳо анъанаҳои маҳдуди маҳаллӣ ё ёдгориҳои фолклорӣ нестанд, балки унсурҳои фаъол ва таъсиргузори ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ ба шумор мераванд. Бо чунин муносибат, Сада ба василаи тарбиявӣ табдил ёфт, ки тавассути он арзишҳои ахлоқӣ, таърихӣ ва иҷтимоӣ ба насли ҷавон интиқол меёбанд. Ин махсусан муҳим аст, зеро худшиносиву худогоҳии миллӣ маҳз дар раванди тарбия ва омӯзиши пайваста ташаккул меёбад.
Сада дар шакли эҳёшудаи худ имрӯз на танҳо ҷашни оташ, балки ҷашни андеша ва маърифат аст. Вай инсонро ба андешидан водор месозад, ки чӣ гуна гузашта бо имрӯз пайванд дорад, чӣ гуна таҷрибаи таърихӣ метавонад барои ҳалли мушкилоти муосир хидмат кунад ва чӣ гуна анъана метавонад ба сарчашмаи неруи маънавӣ табдил ёбад. Дар ин замина, Сада ба рамзи фарҳангии зинда мубаддал мегардад, ки қодир аст байни таърих ва замони муосир, байни суннат ва навоварӣ пули устувор бунёд намояд.
Яке аз паҳлуҳои муҳими эҳёи Сада он аст, ки ин ҷашн ба таҳкими эҳсоси тааллуқ ба як тамаддуни куҳан ва ҳамзамон зинда мусоидат мекунад. Вақте ҷомеа дарк мекунад, ки анъанаҳои он дорои решаҳои амиқи таърихӣ ва фалсафӣ мебошанд, эҳсоси ифтихор ва эътимод ба худ тақвият меёбад. Ин эҳсос дар навбати худ заминаи равонии худогоҳии миллиро фароҳам меорад, зеро худогоҳӣ танҳо донистани таърих нест, балки дарки масъулияти идомаи он низ мебошад. Сада маҳз чунин даркро ташаккул медиҳад, зеро он инсонро водор месозад, ки худро идомадиҳандаи як роҳи тӯлонӣ ва пурмаъно эҳсос намояд.
Дар сиёсати фарҳангии Пешвои миллат эҳёи Сада ба таври ҳамоҳанг бо дигар ҷашнҳои суннатӣ амалӣ шуд, аммо дар айни замон хусусияти хоси он низ нигоҳ дошта шуд. Агар Наврӯз бештар ба эҳёи пурраи табиат ва оғози давраи нави ҳаёт иртибот дошта бошад, Сада ба лаҳзаи интизорӣ, таҳаммул ва омодагӣ ишора мекунад. Ин паҳлуи фалсафӣ барои ҷомеаи муосир хеле муҳим аст, зеро он меомӯзонад, ки на ҳар пешрафт фавран ба даст меояд ва барои расидан ба ҳадафҳо сабр, заҳмат ва устувории руҳӣ зарур аст. Бо ҳамин сабаб, Сада метавонад ҳамчун мактаби ахлоқӣ ва маънавӣ хизмат намояд.
Эҳёи ҷашни Сада инчунин ба таҳкими ваҳдати иҷтимоӣ мусоидат мекунад. Ин ҷашн табиатан хусусияти дастҷамъона дорад ва мардумро новобаста аз синну сол, касб ва мавқеи иҷтимоӣ гирди як арзиши умумӣ муттаҳид месозад. Дар ҷомеаи муосир, ки аксаран бо парокандагии иҷтимоӣ ва афзоиши инфиродгароӣ рӯ ба рӯст, чунин таҷрибаҳои фарҳангӣ аҳамияти махсус пайдо мекунанд. Онҳо ба инсон эҳсоси тааллуқ ба ҷомеа, масъулият дар назди дигарон ва зарурати ҳамкориро хотиррасон менамоянд.
Аз нигоҳи худшиносии миллӣ Сада ҳамчун унсури муҳими ҳифзи хотираи таърихӣ баромад мекунад. Хотираи таърихӣ на танҳо маҷмуи маълумот дар бораи гузашта, балки низоми арзишҳо ва таҷрибаҳои ҷамъшуда мебошад. Эҳёи Сада ба ин хотира имкон медиҳад, ки дар шакли зинда ва фаъол ҳифз гардад, на ҳамчун маълумоти хушк, балки ҳамчун таҷрибаи фарҳангии эҳсосшаванда. Ин раванд махсусан барои насли ҷавон муҳим аст, зеро маҳз тавассути чунин таҷрибаҳо таърих ба як қисми шуури шахсӣ табдил меёбад.
Бо назардошти ҳамаи ин метавон гуфт, ки эҳёи ҷашни Сада дар замони истиқлол яке аз намунаҳои муваффақи истифодаи мероси фарҳангӣ дар раванди давлатсозӣ ва миллатсозӣ мебошад. Ин таҷриба нишон медиҳад, ки анъана ва арзишҳои муосир метавонанд на дар муқобили ҳам, балки дар ҳамоҳангӣ қарор гиранд. Роҳбари давлат бо чунин сиёсати фарҳангӣ исбот намуданд, ки эҳтиром ба гузашта ва рӯ овардан ба манбаъҳои тамаддунӣ на монеаи пешрафт, балки шарти устувории он мебошад.
Дар натиҷа, эҳёи Сада на танҳо иқдоми фарҳангӣ, балки сармоягузории дарозмуддат ба рушди маънавии ҷомеа мебошад. Ин ҷашн ҳамчун рамзи нур дар торикӣ, умед дар сахтӣ ва хирад дар баробари мушкилот ба таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ мусоидат намуда, дар зеҳни ҷомеа тасаввури мусбати ояндаро ташаккул медиҳад. Маҳз чунин арзишҳоанд, ки метавонанд дар шароити ҷаҳони пуртазод миллатро муттаҳид нигоҳ доранд ва ба он неруи устувори таърихӣ бахшанд. Аз ин рӯ, аҳамияти эҳёи ҷашни Сада ва саҳми Пешвои миллат дар ин раванд на танҳо барои имрӯз, балки барои наслҳои оянда низ ҳамчун дастоварди сарнавиштсоз боқӣ хоҳад монд.
Фарҳод РАҲИМӢ,
раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва
миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Р.S. Дар фарҷом рӯйхати зерини муҳимтарин сарчашмаҳои таърихию илмиро, ки барои омӯзиши ҷашни Сада, Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон арзиши хос доранд, пешниҳод менамоям ва онро муҳаққиқон метавонанд дар мавриди таҳқиқи ин ҷашнҳои аҷдодӣ истифода баранд.
Адабиёт:
Авесто. Гузориш ва пажӯҳиши Ҷалили Дӯстхоҳ (Таҳиягар Муаззами Диловар). – Душанбе: Қонуният, 2001. – 792 с.
- Китоб—ут-тафҳим/Абурайҳони Берунӣ (Бо муқаддима, шарҳи луғоту истилоҳот ва тавзеҳоти Ҳасани Султон). – Душанбе: МН «Дониш», 2022. – 605 с.
- Наврӯзнома/Умари Хайём (Муҳаррири масъул: Маҳмадшо Илолов). – Душанбе: Адиб, 2012. – 352 с.
- Осор-ул-боқия/Абурайҳони Берунӣ (Ба чоп тайёркунандагон Алиқул Девонақулов, Муҳаммадраҳими Исо, Одина Ҳамид, Меҳримоҳ Бақо). – Душанбе: Ирфон, 1990. – 432 с.
- Таърихи Бухоро / Абубакр Муҳаммад ибни Ҷаъфари Наршахӣ (Мураттибон Ғолиб Ғоибов, Кароматулло Олимов, Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ. – Душанбе: Пайванд, 2013. – 736 с.
- Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав / Б. Ғ. Ғафуров. — Душанбе: Нашриёти муосир, 2020. — 976 с.
- Устозурраис Абурайҳони Берунӣ / Ҳасани Султон, Душанбе: Дониш, 2025. – 465 с.
- Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ / Муҳаамадҷаъфари Ёҳақӣ (Таҳия ва шарҳу тавзеҳот ва таълиқот Рустами Ваҳҳоб). – Душанбе: Бухоро, 2014. – 748 с.
- Хуросон аст ин ҷо / Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ. – Душанбе, 2009. – 576 с.
- Шоҳнома / Абулқосими Фирдавсӣ. Ҷилди I. – Душанбе: Шарқи озод, 2025. – 792 с.
- Шоҳнома / Абулқосими Фирдавсӣ. Ҷилди – Душанбе: Шарқи озод, 2025. – 704 с.








Дар ноҳияи Айнӣ ҷашни Садаро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Сокинони шаҳри Ҳисор ҷашни Садаро ботантана таҷлил намуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ Иди Садаро бошукӯҳ таҷлил намуданд
«АЗ ПЕШДОДИЁН ТО ТОҶИКИСТОН». Назаре ба таърихи пайдоиш ва эҳёи ҷашни Сада
«САДА — ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН». Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Исфара ҷашни Сада бо расму ойини аҷдодӣ таҷлил гардид
«САЙРИ САДА». Барои меҳмонону сайёҳони шаҳри Душанбе хатсайри ройгони сайёҳӣ ташкил карда мешавад
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар Тоҷикистон Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим амалӣ мегардад
ҶАШНИ САДА — МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКОН. Он оғози омодагӣ ба Наврӯз буда, табиату инсонро аз зимистон ба баҳорон мерасонад
ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ — ҲАДАФУ МАРОМИ ЗИНДАГӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз 1 сентябри соли 2026 музди меҳнати кормандону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон 10 фоиз зиёд мегардад






