Ҳамкории милитсия ва соҳаи маорифи шаҳри Душанбе дар самти пешгирии ҷинояткории наврасону ҷавонон тақвият меёбад

Январь 5, 2026 14:20

ДУШАНБЕ, 05.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таҳлил ва баррасии сабабу омилҳои содиршавии кирдорҳои ҷинояткоронаю ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби ноболиғону наврасон ва роҳҳои пешгирии чунин кирдорҳо вохӯрии кормандони милитсияи пойтахт ва намояндагони Саррраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо равоншиносони муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муноқишаҳои гурӯҳии мактаббачагон, истеъмоли маводи тамоку ва машрубот, истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, гаравидани ноболиғон ба ҳаракатҳои тундгаро ва роҳҳои тарбияи наврасон дар руҳияи ватандӯстию илмомӯзӣ баррасӣ гардиданд.

Иштирокчиён таъкид намуданд, ки нақши омӯзгор-равоншинос дар раванди ба таълиму тарбия фаро гирифтани наврасон аҳамияти калон дорад. Барои рафъи ин мушкилот зарур аст, ки омӯзгорон ва равоншиносони муассисаҳои таълимӣ ҳангоми кумак ба наврасон бо мақомоти амниятӣ ва иҷтимоӣ ҳамкорӣ дошта бошанд.

Зимни вохӯрӣ мутахассисони соҳа ба кормандони ҷавон тавсияҳои муфид доданд. Гуфта шуд, ки баргузории чунин вохӯриҳо ва ҳамкорӣ байни соҳаҳои гуногуни ҷомеа барои таъмини амнияти иҷтимоии ҷавонон, беҳтар кардани ҳолати таълиму тарбия ва фарҳанги наврасон таъсири мусбат дорад.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

Январь 5, 2026 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд