«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд

Январь 30, 2026 15:45

ДУШАНБЕ, 30.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳлили нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таҳти унвони «Паём- омили пешрафт ва шукуфоӣ» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.

Иштирокчиён оид ба аҳамияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмию назариявӣ ва ояндабинии ин санад ибрози назар намуданд.

Тавре изҳор шуд, дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва расидан ба ҳадафҳои стратегӣ тадбирҳои муассиру судманд ба роҳ мондааст. Дар натиҷа тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мунтазам рушд ёфта, пояҳои давлатдории миллӣ устувор гардиданд.

Иброз гардид, ки бо назардошти Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ (2026) масъулияти кормандони кумита дар татбиқи ин ҳадафҳо дучанд мегардад. Барои сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ шаҳрвандон даъват шуданд, ки дар корҳои созандагию бунёдкорӣ саҳми муносиб гузоранд.

Таъкид шуд, ки баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ, риояи интизоми меҳнат ва истифодаи босамари имконияти мавҷуда барои амалӣ намудани ҳадафҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аҳамияти хос дорад. Аз ин рӯ ҳар корманди соҳа бояд дар иҷрои барномаҳои давлатӣ ва татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумат саҳм гузорад.

 

АКС: Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Январь 30, 2026 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Тақвият ва таҳкими худшиносии миллӣ талаботи замони имрӯз аст
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
Ба омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ИЛМУ МАОРИФ — ПОЯИ ОЯНДАИ ДАВЛАТ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон