Аз 1 январ раёсат дар Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ ба Тоҷикистон гузашт
ДУШАНБЕ, 12.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 январи соли 2026 раёсат дар Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Салоҳиятҳои раёсат дар Шуро аз Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, муҳлати раёсат се солро ташкил медиҳад.
Фаъолияти Шуро таҳти раёсати намояндаи ваколатдори Тоҷикистон — директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода амалӣ мешавад.
«Ин раёсат масъулияти мутахассисони соҳаи авиатсияи гражданиро боз ҳам бештар намуда, рушди авиатсияи граждании кишварро дар арсаи байналмилалӣ тақвият мебахшад», — таъкид намуданд дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Хотиррасон мешавем, ки моҳи ноябри соли 2025 дар шаҳри Москва дар ҷаласаи 47-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил раёсат дар Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба уҳдаи Тоҷикистон гузошта шуд.
АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид






