Байни Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва UNDP оид ба коҳиш додани истифодаи гидрофторкарбонҳо созишнома ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 13.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) оид ба татбиқи лоиҳаи «Барномаи интегратсионӣ оид ба коҳиш додани истифодаи гидрофторкарбонҳо ва хунуккунии устувор дар Тоҷикистон» созишнома ба имзо расид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки татбиқи лоиҳаи «Барномаи интегратсионӣ оид ба коҳиш додани истифодаи гидрофторкарбонҳо ва хунуккунии устувор дар Тоҷикистон» аз ҷониби Фонди глобалии экологӣ маблағгузорӣ мешавад.
Лоиҳа ба дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии иқлимӣ дар доираи Ислоҳоти кигалӣ ба Протоколи Монреал, аз ҷумла коҳиш додани истифодаи гидрофторкарбонҳо то 70 фоиз то соли 2029 равона гардидааст.
Гидрофторкарбонҳо аз ҷумлаи газҳои пуриқтидори гулхонаӣ буда, асосан дар низомҳои хунуккунӣ ва кондитсионерӣ истифода мешаванд. Коҳиш додани онҳо дар талошҳои ҷаҳонии мубориза бо тағйирёбии иқлим нақши муҳим дорад.
Дар доираи лоиҳа ҷорӣ намудани назорати марҳилавии воридоти гидрофторкарбонҳо ва таҷҳизоти дорои он, коҳиши партовҳо ва такмили идоракунии хладагентҳо дар тамоми давраи ҳаётии онҳо тавассути татбиқи принсипҳои идоракунии давраи ҳаётии хладагентҳо (LRM) ва ҷорӣ кардани усулҳои мониторинг барои оптимизатсияи кори таҷҳизот, суръат бахшидан ба гузариш ба технологияҳои муосир, каммасраф ва аз ҷиҳати иқлим бехатари хунуккунӣ ва мусоидат ба татбиқи механизмҳои инноватсионии молиявӣ барои ҳавасмандгардонии сармоягузории бахши хусусӣ ва истифодабарандагони ниҳоӣ бобати ҳалли устувори хунуккунӣ амалӣ карда мешавад.
Татбиқи лоиҳа ба коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ, баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ, рушди технологияҳои «сабз» ва таҳкими устувории иқлимии мамлакат равона гардидааст. Ин ташаббус ба авлавияти «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мутобиқат дошта, дар татбиқи ҳадафҳои рушди устувор мусоидат менамояд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






