БОРБАД — АСОСГУЗОРИ МУСИҚИИ ШАРҚ. Хунёгаре, ки назирашро таърихи башар ёд надорад
ДУШАНБЕ, 16.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Мусиқии тоҷик аз даврони қадим инҷониб дар ҳоли рушд қарор дошта, асосгузори он мусиқидони Шарқ Борбади Марвазӣ ё Борбади Ромишгар ба шумор меравад. 16 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ дастуру супориш доданд, ки «бо назардошти саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг барои ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи ӯ тадбирҳои зарурӣ андешанд».
Борбад аз ҷумлаи маъруфтарин чеҳраҳои ҳунар аст. Хунёгарест, ки назирашро таърихи башар ёд надорад. Ҳам месуруд, ҳам менавохт, ҳам оҳанг эҷод менамуд ва бузургтарин базмҳои шоҳонаро обод мекард. Ӯро чун сароянда, навозанда, мусиқидон, асосгузори маҷмуи силсилавии мусиқии устодонаи Шарқ мешиносанд ва эътироф мекунанд. Бо номҳои Борбади Марвазӣ, Борбади Ромишгар, Паҳлапат, Фаҳлбад, Фаҳлбоз ҳам ёд мешавад. Зеро маънои калимаи «Борбад» дар забони паҳлавӣ «ба мартабаи бузург ё ба бори бузург расидан» аст.
Тавре Сарвари давлат изҳор намуданд, «Борбад, ки дар асрҳои шашуму ҳафтуми мелодӣ – дар замони давлатдории Сосониён зиндагӣ ва эҷод кардааст, аз ҷониби олимону коршиносони маъруфи дунё ҳамчун яке аз аввалин донандагони илми мусиқӣ ва оҳангсози касбии қаламрави ориёӣ эътироф гардидааст».
Борбади Марвазӣ асосҳои амалию назарии шеъру мусиқиро аз падараш, ки шахсияти мусиқидону фарҳангии шинохтаи замонаш буд, омӯхтааст. Фаъолияти омӯзишӣ ва ҳунарандӯзиаш асосан дар Марв (Марвиҷаҳон), ки аз бузургтарин марказҳои фарҳангии замони Сосониён буд, ҷараён гирифтааст. Дар овони ҷавонӣ аз донандагони шеъру мусиқӣ овозхонӣ, сознавозӣ ва асосҳои назарии мусиқиро омӯхта, дар асоси «Готҳо», «Яшт», «Ясно» таронаҳои гуногун дар мавзуи мавсимию маросимӣ эҷод менамояд.
Асари силсилавии мусиқии Борбад «Хусравонӣ» («Срот-и Хусравоник» – Xusrawanik, «Хусравонӣ bor» – «Суруди Хусравонӣ») аст, ки дар сарчашмаҳои адабию таърихӣ ва мусиқӣ бо номҳои «Дастони Хусравонӣ», «Роҳи Хусравонӣ» ва дар арабӣ бо унвони «Тариқат-ал-мулукия» машҳур аст. Ин асар маҷмуаи ситоишии ҳамосию таърихӣ буда, ба шоҳаншоҳи сосонӣ Хусрави Парвиз (590 – 628) бахшида шудааст.
Ӯро муаллифи 30 лаҳн, 365 оҳангу тарона, 7 достони «хусравонӣ», бунёдгузори сабки «Марвисраишних» (марвихонӣ), муассису танзимгари «тақвими мусиқӣ» дар тамаддуни мусиқии мардуми Шарқи Миёнаю Наздик медонанд.
Низоми мусиқии мураттабнамудаи Борбад дар рушди пояҳои касбияти мусиқӣ, мавқеи иҷтимоӣ ва масъулияти аҳли мусиқӣ дар ҷомеа нақши муҳим бозидааст. Борбад инчунин дар табақабандии овозҳои иҷроӣ, яъне занона ва мардона асарҳои созию овозӣ тасниф кардааст. Масалан, барои занони овозхон бо номи «Таҳнис» асарҳо офаридааст.
Дар достонҳои Фирдавсӣ, Низомӣ, Амир Хусрав ва дигарон ба шахсият ва нақши мероси мусиқии Борбад дар поягузории мусиқии классикии мардуми Шарқ баҳои баланд дода шудааст. Ҳамчунин дар донишномаҳою таҳқиқоти назариявии замони шуравӣ ва пажӯҳишгарони Аврупо доир ба саҳми Борбад дар бунёди маҷмуаи силсилавии мусиқӣ, хосса санъати мақомхонӣ натиҷагириҳои ҷолиб рӯи кор омадаанд. Ин хулосаҳо бар пояи ахбори муътамади хаттии замони Сосониён ва баъдӣ тавзеҳ шудаанд.
Баробари дар санъати мусиқии устодона (мақомҳо) таъсир доштани осори Борбад инчунин яке аз сабкҳо, шакли иҷроию эҷодии хеле қадимии мусиқӣ, ки дар анъанаҳои эҷодиёти бадеии тоҷикон нақши муассир дошта, бо номи «марвӣ» (мавригӣ), «Марвича», «Марвихонӣ» маъруф аст, бо шахсияти ин устоди мусиқӣ иртибот дорад. Ин сабки эҷодию иҷроӣ то имрӯз дар анъанаҳои мусиқии тоҷикон мавҷуд аст. Шахсият ва осори Борбад дар ҳар давру замон чун ромишгари бузург мавриди баррасии аҳли таҳқиқ ва ҳунару адаб қарор гирифтааст.
Олимони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи Борбади Марвазӣ иқдоми саривақтӣ аст. Зеро тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангию тамаддунсози дунё мебошанд.
Ба андешаи олимони пажӯҳишгоҳ, саҳми фарҳангии Борбад дар ҷодаи мусиқии Шарқ, ки дар асрҳои шашуму ҳафтуми мелодӣ – дар замони давлатдории Сосониён зиндагӣ ва эҷод кардааст, аз ҷониби олимону коршиносони маъруфи дунё ҳамчун яке аз нахустин донандагони илми мусиқӣ ва оҳангсози касбии қаламрави ориёӣ эътироф гардидааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
МОДАР ВА ФАЛСАФАИ МЕҲР. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Модар
ПОЙТАХТ — ОИНАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Чаро бархе сокинон нисбат ба иншооти сохташуда беэътиноӣ зоҳир мекунанд?
Дар фасли баҳор кадом бемориҳо авҷ мегиранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид






