БОЗНИГАРИИ ТАЪРИХ ВА ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ СИЁСӢ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
ДУШАНБЕ, 21.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паём ба Маҷлиси Олӣ дар қатори дигар вазифаҳои муҳиму рӯзмарраи иқтисодию иҷтимоӣ ба масъалаҳои муносибати дуруст нисбат ба таърих, таҳкими худшиносии сиёсӣ, миллӣ ва ҳуқуқии халқи тоҷик пайваста таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоянд.
— Соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ низ ба масъалаи муаррифии мероси таърихии миллат таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Ин масъала ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ ҳадафмандона матраҳ гардид. Бо ташаббус ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз якчанд дастовардҳои муҳими таърихӣ ва фарҳангии тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ ба расмият шинохта шудаанд. Аз ҷумла, ёдгориҳои фарҳангии Хуттали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардида, қатъномаҳо оид ба эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ», таҷлили 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар солҳои 2026–2027 ва эътирофи «Устувонаи Куруш» ҳамчун эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ — нахустин санади ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният қабул шуданд. Инчунин даҳҳо ёдгории дигари таърихии миллати тоҷик мавриди эътирофи ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтанд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки «мо бояд барои ҳифзи арзишҳои моддиву ғайримоддии миллати худ муаррифии шоистаи онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем. Аз ҷумла, бо назардошти саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг барои ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи ӯ тадбирҳои зарурӣ андешанд».
Дар ин замина бояд гуфт, ки раванди бознигарӣ ва эҳёи хотираи таърихӣ дар ҳамоҳангӣ бо омӯзиш ва таҳлили мантиқии таърихи воқеии халқ дар самтҳо ва ҷанбаҳои гуногуни фаъолгардонии тафаккури миллӣ пайваста идома дорад. Дар ин раванд иқдоми Сарвари давлат барои нашр ва дастраси умум гардонидани ду шоҳасари бузурги таърихии миллат — «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ бо теъдоди беш аз 3 миллиону 200 ҳазор нусха ва тақсими онҳо ба ҳар оилаи Тоҷикистон, инчунин даҳҳо ташаббуси дигари эҳёи хотираи таърихӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ амалӣ гардиданд. Ҳамаи ин иқдом ба таҳкими пояҳои маънавии соҳибихтиёрии миллӣ ва устувории давлатдории тоҷикон равона шудаанд.
Масъалае, ки фаҳму тавсеаи аниқи худро дар сатҳи тафаккури оммаи мардум ва зиёиён бояд пайдо намояд, ин аст, ки чаро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар рисолатҳои давлатсозӣ маҳз ба масъалаи ҷанбаи таърихӣ, таърихомӯзӣ ва бознигарии хотираи таърихӣ ҳамчун рисолати азими давлатдорӣ дар шароити муосир бештар таваҷҷуҳ менамоянд. Дар ин ҷо чанд масъалаи ҷиддии ҳалталаби илмӣ ва мафкуравӣ пешорӯи мо меистанд.
Аз ҷумлаи масоили муҳимми илмӣ- ин нахуст коркарди Консепсияи муайяни илмии муносибати мувозана бо хотироти таърихӣ ва методологияи илмии муносибат ба таърих дар сатҳи улуми академӣ ва муассисаҳои илмӣ шарт ва зарур аст. Сониян дар баробари фаҳму дарки дурусти муносибат ба хотираи таърихӣ дар паҳнои манфиатҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ роҳҳо ва механизмҳои мувофиқи ҳамоҳангсози онро дар сатҳи тафаккури мардум ҷойгир намудан ногузир аст. Яъне, бо ин мақсад дуруст ва ҳадафмандона ба роҳ мондани сиёсати мафкуравии ҷомеа ва таълими дурусту мақсадноки ҳақиқати таърихӣ дар низоми таҳсилоти ҳамагонӣ мебошад.
Дар назари аввал бояд дар сатҳи тафаккури миллат дарк карда шавад, ки таваҷҷуҳ ба таърих, эҳёи хотираи таърихӣ ва арҷгузории сатҳи миллию байналмилалии дастовардҳои ниёгон- ин танҳо масъалаи зинда ва барқарор кардани хотираи таърихии миллат барои бузургманишию барқарории ҳақиқати таърихӣ ба танҳоӣ набуда, ҳадафи он бартарият додани як қишри тамаддуни миллат ба қисмати дигари он низ нест.
Муҳимтар аз ҳама, вазифаи маърифатии омӯзишу ҳифзи хотираи таърихӣ шинос кардани халқ бо таърих, урфу одатҳояш, анъанаи нек ва дастоварду музаффарияташ аст, ки дар сатҳи тафаккури омма ҳувияти худшиносиро ташаккул дода, ба такмили масъулияту рисолати давлатсозии халқ мусоидат менамояд.
Мақсади функсионалӣ шароити илмӣ фароҳам овардан барои сабақ бардоштан аз дастоварду таназзулҳои рӯзгори гузаштаи миллат, дарку ҳазм кардани омилҳои рушду шикасти халқ дар шоҳроҳи давлатдорӣ, таҳлили сарчашмаҳои рушду манбаъҳои бемориҳои фарҳангӣ ба хотири истифодаи дурусти таҷрибаи таърихӣ аст.
Бе соҳибихтиёрии миллӣ соҳибихтиёрии давлатии халқ номумкин аст. Яъне бе дарки худшиносии миллӣ, ваҳдати миллӣ ва тамаркузи халқ дар атрофи арзишҳои умдавӣ ҳокимияти халқӣ ва истиқлолияти давлатӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ худро ҳифз карда наметавонанд. Яке аз нишонаҳои равшани ин мушкил он аст, ки дар муборизаҳои сиёсӣ баъзе неруҳо ба арзишҳои ғайримиллӣ ва ғайрианъанавӣ такя мекунанд, ки ин ба парокандагӣ ва суст шудани ваҳдати давлатӣ меорад. Намунаи чунин ҳолат ҷалб шудани эътиқод, сарват ва дигар манфиатҳои шахсӣ ба сиёсат аст, ки дар бисёр кишварҳои дорои низомҳои демократӣ мушоҳида мешавад. Ин раванд на танҳо шахсони тасодуфиро ба қудрат меорад, балки ба соҳибихтиёрии халқ ва устувории давлат низ осеб мерасонад.
Воқеияти сиёсӣ ва табиати низоми ҳуқуқии давлатҳои демократӣ нишон додааст, ки халқу миллатҳое соҳибихтиёрии халқӣ ва соҳибихтиёрии давлатӣ доранд, вале соҳибихтиёрии миллиашон ҳамчун унсури муттаҳидкунандаи ғоявӣ ва мафкуравии дар заминаи анъанаҳои нек ташаккулёфтаи халқ устувору решабатаърих нест. Пояи давлатдориашон чун патакрешаи маънавӣ бо нахустин шамолҳои ғаразноки сиёсӣ аз бехаш канда мешавад. Дарахти давлатдории миллии демократии мо дар масири таърих бо вуҷуди решаҳои амиқи фарҳангӣ ва эътиқодӣ доштанаш чаҳор маротиба табдилу таҳаввули пайвандҳои иҷтимоӣ, ахлоқӣ, эътиқодӣ ва сиёсӣ – ҳуқуқиро зери фишори вазнини истисмору забткориҳо аз сар гузаронид.
Роҳи ягона ва дуруст муносибати арзишманди оқилонаю таҳаммулгароёна бо меросияти арзишҳои созанда ба таърих аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо муаррифӣ намуда, воситаю усулҳои васлшавии онҳоро дар ниҳоди миллати сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дар доираи манфиатҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон пайваста дар ҳидоятҳою паёмҳояшон масъалагузорӣ менамоянд.
Ҳеҷ як миллат, ҳеҷ як халқият дар тамаддунҳои башарӣ бе омезишу васлшавиҳои фарҳангӣ, эътиқодӣ ва ҷаҳонбиниҳои дигари ҳувиятсоз то ба имрӯз худро ҳифз накардааст ва рушду ташаккул надодааст. Тоҷикон ва тамоми халқҳои олам чунин гуногунию умумиятро бо вижагиҳои хоси худ доро мебошанд.
Таърих дар масири худ бани башарро чунин пароканда ва дар васлият дар рӯи Замин паҳн намудааст, ки дар онҳо чӣ аз назари биологӣ, чӣ антропологӣ ва чӣ маънавӣ омезишу умумият ва гуногуниҳо мавҷуд аст. Ин гуногунию умумият ва ҳам вижагиҳои муайяни миллию этникию сиёсӣ гувоҳ аз табиати умумии иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии халқу миллатҳо аст. Бо вуҷуди ҳама вижагиҳои минтақавию этникиамон мо ҳама фарзандони одамӣ ҳастем ва табиат моро ҳамчун навъи хоси худ муайян кардааст.
Миллату халқияте дар кори давлатдорию ташкили зиндагӣ, мазҳаб ва ё дине дар кори тарбияи маънавӣ танҳо дар ҳолате метавонанд муваффақ шаванд, ки агар ин умумияти бани башарро дар ин қаринаи гуфтори Шайх Муслиҳиддини Саъдии Шерозӣ дуруст фаҳму ҳазм карда тавонанд:
Банӣ одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Вале афсус, ки имрӯз дарки ин ҳолат ва ин дарди умумӣ дар қолаби раҳму шафқат танҳо дар заминаи эҳсоси одамӣ дар ҳолатҳои вазнини ҳаётӣ бо қурбониҳои муайяни арзишӣ ягон — ягон аз худ дарак медиҳаду халос. Ҳол он ки зарур аст, ки ин умумияти арзишӣ ва башардӯстӣ то сарҳади рӯй додани ҳодисаҳои мудҳиш дар зинаи ақлу хиради инсонӣ бояд коркард шавад.
Рисолати инсони солеҳ ҳам ҳамин аст, ки дар зиндагии ташкилкардааш ва боварҳои доштааш «озори касе набошад». Яке аз принсипҳои бунёди ҷомеаи адолатноку озод, ки мардуми боэътиқод ба хотири он зиндагӣ доранд, маҳз дар ҳамин тантанаи эҳтироми якдигарӣ ва меҳру муҳаббати инсонӣ нуҳуфта аст.
Қутбҳои методологии таъсиргузории муносибати дуруст ба таърих
Аз ин назар методологияи муносибати Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гуногунии тамаддунҳои таърихии миллати мо ин ки кӯчиш аз як маҷро ба маҷрои дигари тафаккур ва ҷаҳонбинии дигар, афзалият бахшидан ба як шакли ҷаҳонбинӣ ба ҷаҳонбинии дигари ахлоқӣ ва ё эътиқодӣ, арҷгузорӣ ба воқеияти таърихӣ набуда, аз ҷониби дигар шинохти ҳамин гуногунӣ ва муносибати таҳаммулгароёнаю хирадмандона бо онҳост. Чунки мо тоҷикон дар умум давоми ҳамин гуногунрангиҳои фарҳангию иҷтимоӣ ҳастем. Тафккури таърихии миллат дар ҳамин гуногунрангиҳо рушду нумуъ кардааст. Ин гуногунрангии тамаддунӣ инъикоси гуногунии роҳҳо ва умумияти бебаҳси инсон ҳамчун арзиши ҳуқуқӣ аст. Моро аз ин умумият ҷудо намуда, ба як маҷро, таҳти тобеияти як ҷаҳонбинӣ ва як қишри фарҳанги таърихӣ кашидан муқобил гузоштани мо бо воқеияти маънавӣ ва таърихии мост.
Дигар ин ки чунин равиши тангу таассубгарои муносибат ба таърих миллатро на танҳо аз сарчашмаҳои ғании маънавӣ ва гуногунрангии ахлоқию ҳуқуқияш маҳрум месозад, инчунин тафаккури миллатро ба шахшавӣ, тундравӣ ва таҳаммулнопазирӣ тобиш дода, ба қавли Ф. Нитсше «таърихро ба қабристони насли имрӯза табдил медиҳад». Ҳамин тавр консепсияи эҳёи арзишҳои қабатҳои фарҳанги таърихии халқ, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондаанд, на танҳо ба ҳақиқати таърихи рӯшноӣ меафканад, балки ба ташаккули насли таҳаммулгарою созанда, ки ба шароити наву талаботи ҷадиди олам, ки ба манфиатҳои бунёдии он созгоранд, мулоиму ҳамовоз шуда метавонад. Яъне, яке аз ҳадафҳои марказии методологияи муносибати Пешвои миллат бо таърих — ин ислоҳи вазъи тафаккури миллат маҳсуб мешавад, ки бо ҷурми маҳдудият ва фишорҳои таърихӣ хосияти таассубӣ ва иртиҷоӣ касб кардааст. Инро аҳли зиё ва мардуми мамлакат бояд хуб дарк намоянд.
Ҳамзамон, ин навъ методогияи муносибат бо таърих, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хирадмандона дар сатҳи ватанӣ ва байналмилалӣ масъалагузорӣ кардаанд, оқилона таърихро ба манфиат истифода бурда тавонистан, мушкилу шикастҳои таърихиро ҳамчун сабақ аз худ кардан, мушкилу омезишҳои ноҷои онро аз доираи иллатҳо берун бароварда, ба имкону музаффарияти нав табдил додан аст. Ҳикмати таърихии ин навъи муносибат бо гузашта аз мушкилиҳои хотиравӣ имконҳои нав пайдо кардан аст.
Ҷойи баҳс нест ва воқеияти охири асри гузашта низ нишон дод, ки теъдоди муайяни шаҳрвандони мо таҳти таъсири мағзшӯиҳои муосир, зиёд аз масъалаҳои арзишшиносӣ, инсондӯстӣ ва гуногунрангии тамаддуниро ба таассубу хурофот ва тундравии беҷои аз чодарнишинон замоне ба меросгирифтаашон ба осонӣ иваз намудаанд. Маҳз ба ҳамин хотир тарбияи инсони нави миллатдӯсту инсоншинос, ки аз ҳикмати «бани одам аъзои якдигаранд» (Саъдӣ ) огоҳ аст, барои давлати нави миллии демократӣ шарт ва зарур аст. Мутаассифона, ҳамин арзиши олӣ ба мутаассибону ифротиёни тундрав намерасад. Инсони муваффақи оянда бояд таҳаммулгаро, фаҳмкунандаи гуногунии фарҳангӣ, ҳимоятгару арҷгузоранда ба ҳуқуқу озодиҳои инсон буда, эҳтиромгузоранда ба расму оин, забону фарҳанги дигарон ва дар як вақт ба фарҳанг ва забони аз таърих ба меросгирифтааш арҷгузоранда бояд бошад.
Хислати волои миллатдӯстии шаҳрванди давлати воқеан демократӣ танҳо дар ҳолате зери идеяи «патриотизми конститутсионӣ» ташаккулёфта маҳсуб мешавад, ки агар он дар заминаи ҳамин гуногунфаҳмӣ, гуногунӣ ва омезиши воқеии таърихӣ ва муосири халқу миллатҳоро дар мизони арзишҳои миллӣ ва башариаш бо назардошти манфиати ояндаи миллати сиёсӣ дарку ҳазм карда тавонад.
Сухан сари масъалаи амалан дарку фаҳм кардани муҳимтарин хислати башарӣ, ҳодисаи иҷтимоӣ будани инсон меравад, ки думболи худ мансубияти миллӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқиро ҳамчун зарурати ногузир тавлид кардааст. Маҳз ҳамин шакли муносибат моро имкон медиҳад, ки ба табиати гуногунии инсон ҳамчун арзиши ҳуқуқии башарӣ ва эътирофи ҳодисаи миллӣ дар тавозуни мавзуни манфиатҳо муносибати дуруст намоем. Ташаккули ин навъ инсони муосирро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи меҳварии сиёсати давлатбунёдӣ ва сиёсати миллатташаккулдиҳии худ қарор додаанд.
Миллати этникӣ вобаста аз зарурати сиёсӣ то зинаи миллати сиёсӣ ва шаҳрвандии ягонаи давлати миллии демократӣ рушд карда, вобаста аз шароити замону макон паҳнои муттаҳидии худро бо аломатҳои миллати конструктивӣ мустаҳкам менамояд. Таҷрибаи ҷаҳонии замони нав собит сохт, ки миллати оянда низ вобаста аз зарурати замонию маконӣ бояд рушд намояд. Танҳо дар чунин ҳолат вай метавонад бо таърихи худ, дастовардҳои башарӣ ва манфиатҳои имрӯзу фардояш муносибати мавзун дар ҳадди эътидол дошта бошад.
Абдураҳим ХОЛИҚЗОДА,
Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор
АКС: АМИТ «Ховар»








Паёми Президенти Тоҷикистон самтҳои асосии рушди устувори давлатро барои марҳилаи нави таърихӣ муайян менамояд
Дар Суди шаҳри Душанбе нуктаҳои Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ шарҳ дода шуданд
ҚОНУН «ДАР БОРАИ БОСТОНШИНОСӢ». Дар замони ҷаҳонишавӣ зарурати қабули он пеш омадааст
Дар Кӯлоб нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
Махфират Хидирзода: «Паёми Президенти Тоҷикистон инъикоскунандаи интизориҳои ҷомеа нисбат ба масоили мухталиф аст»
Дар Академияи миллии илмҳо нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун сарчашма ва манбаи роҳнамо барои фаъолияти қонунгузорӣ арзёбӣ мегардад
Дар Панҷакент оид ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамоиши ҳизбӣ доир шуд
Сокинони ноҳияи Айнӣ нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро сармашқи фаъолият қарор медиҳанд
Дар «Саноатсодиротбонк» оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
ХУДШИНОСИЮ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2026 барои соҳаи маориф қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли пешин 25,4 фоиз зиёд аст






