ЧАРО ТОҶИКИСТОН БА МАСЪАЛАИ ОБ ВА ПИРЯХҲО ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС МЕДИҲАД? Пиряхҳои ҷумҳурии мо манбаи ҳаёт барои тамоми Осиёи Марказӣ мебошанд
ДУШАНБЕ, 05.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Давоми ду даҳсолаи охир Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маркази байналмилалии эътирофшудаи пешбурди масъалаҳои об ва иқлим табдил ёфтааст. Дар ин раванд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши асосӣ доранд. Зери роҳбарии Сарвари давлат масъалаҳои об, ҳифзи пиряхҳо ва идоракунии устувори муҳити зист ба авлавияти стратегии давлат ва унсури муҳими амнияти миллӣ мубаддал гардидаанд. Чунин иброз намуд зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини сардори раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, номзади илмҳои геология ва минералогия Гул Шарифзода.
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, бо шарофати дурнамои стратегӣ ва дипломатияи муваффақ, Тоҷикистон тавонист масъалаҳои об ва иқлимро ба сатҳи мушкилоти ҷаҳонӣ баланд бардорад ва равишҳои навро барои таъмини рушди устувор, энергетика ва амнияти экологӣ ташаккул диҳад.
Гул Шарифзода афзуд, ки Тоҷикистон ба давлате табдил ёфтааст, ки мушкилоти минтақавӣ ва манфиатҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар атрофи рӯзномаи об муваффақона муттаҳид ва баҳсҳои коршиносону қабули қарорҳоро дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ташвиқ намудааст.
Мушкилоти ҷаҳонӣ: норасоии об ва зарурати ҳамкории байналмилалӣ
Дар айни замон тибқи арзёбиҳои институтҳои Созмони Милали Муттаҳид, қариб 900 миллион нафар аҳолии сайёра аз нарасидани оби нӯшокӣ танқисӣ кашида, қариб се миллиард аҳолии дунё ба беҳдошти замони муосир дастрасӣ надоранд, аз шаш як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон ба маҳсулоти ғизоӣ дастрасии кофӣ надорад ва соли 2030 тақрибан 47 фоиз аҳолии ҷаҳон дар минтақаҳое, ки фишори шадиди норасоии об доранд, зиндагӣ хоҳанд кард.
Соли 2050 аҳолии ҷаҳон то ба 9 миллиард хоҳад расид ва бо назардошти афзоиши босуръати аҳолӣ олимону коршиносон то соли 2030 мушкилоти норасоии обро барои қариб 40 фоизи аҳолии ҷаҳон пешгӯӣ менамоянд. Набудани ҳамоҳангӣ байни давлатҳое, ки ҳавзаҳои оби фаромарзиро истифода мебаранд, вазъро мураккаб гардонидааст. Ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзӣ 45 фоизи қисмати хушкии дунёро дар бар мегиранд. Дар ин ҳавзаҳо 145 кишвари дунё ҷойгир буда, 40 фоизи аҳолии ҷаҳон зиндагӣ мекунанд. Ҳама гуна ноустувории тавозуни об метавонад боиси ташаннуҷи байналмилалӣ гардад. Барои давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки беш аз нисфи оби ҳавзаи баҳри Арал аз Тоҷикистон сарчашма мегирад, ин мушкилӣ махсусан муҳим аст.
Ташаббусҳои Тоҷикистон: Саҳме, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шудааст
Маҳз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллиф ва ташаббускори чунин қарорҳои калидии қабулкардаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мебошанд, ки ба фаҳмиши ҷаҳонии масъалаҳои об ва иқлим таъсир расониданд:
Соли байналмилалии оби тоза – соли 2003;
Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015;
Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013;
Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»; Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – соли 2025.
Ин ташаббусҳо дар ташаккули рӯзномаи ҷаҳонии об, баланд бардоштани огоҳӣ аз аҳамияти ҳифзи пиряхҳо – манбаи муҳими об барои Осиё, Аврупо ва дигар минтақаҳои ҷаҳон нақши муҳим бозидаанд.
Раванди оби Душанбе-платформаи эътирофшудаи ҷаҳонӣ
Гул Шарифзода мегӯяд, ки аз соли 2018 инҷониб Тоҷикистон мизбони Раванди оби Душанбе мебошад. Ин механизми байналмилалӣ барои мубодилаи таҷрибаҳои беҳтарин ва таҳияи роҳҳои ҳалли масъалаҳои об мебошад. Он яке аз платформаҳои мақсаднок барои омодагӣ ба Конфронси дуюми оби Созмони Милали Муттаҳид буд, ки соли 2023 дар Ню-Йорк бо ташаббуси Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерландия баргузор шуд. Дар ин конфронс зиёда аз 10 ҳазор намоянда иштирок карда, 700 иқдом ва садҳо пешниҳод дар робита ба беҳтарсозии идораи захираҳои об мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ин ҳамоиш чунин таъкид намуданд: «Об бояд ҳамчун омили муттаҳидсозанда василаи сулҳ, рушд ва ҳамкории кишварҳо дар миқёси байналмилалӣ арзёбӣ гардад».
Пиряхҳо ҳамчун захираи стратегӣ
Масоҳати умумии пиряхҳои Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор километри мураббаъ буда, тақрибан 8 фоизи ҳудуди мамлакатро ташкил медиҳанд. Дар пиряхҳо 845 километри мукааб захираҳои об маҳфуз мебошанд.
Ин пиряхҳо таъминоти устувори дарёҳои асосии минтақаро ташкил мекунанд. Тағйирёбии иқлим ба обшавии онҳо суръат бахшида, хатарҳои норасоии мавсимии об,таҳдиди обхезӣ ва сел, аз даст додани устувории тавозуни энергетикӣ дар кишварҳои Осиёи Марказиро ба миён меоранд.
Дар робита ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин шуда, масъалаи обшавии пиряхҳоро дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид ба миён гузоштанд. Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шудани соли 2025 посухи Тоҷикистон ба зарурати назорат ва пешгирии ин таҳдидҳо мебошад. Созмонҳои байналмилалӣ ин афзалиятро тасдиқ мекунанд.
Петтери Таалас, Дабири кулли Созмони байналмилалии обуҳавошиносӣ иброз медорад, ки «мо бо чашм дидем, ки бо пиряхҳо чӣ рух медиҳад ва комилан мефаҳмем, ки Тоҷикистон чаро ин қадар ба масъалаи об ва пиряхҳо таваҷҷуҳ дорад. Пиряхҳои Тоҷикистон – манбаи ҳаёт барои тамоми Осиёи Марказӣ мебошанд».
Рафаэл Гросси, директори генералии Агентии байналмилалӣ оид ба неруи ҳастаӣ таъкид кардааст, ки «ҳифзи пиряхҳо калиди мубориза бо норасоии об дар саросари ҷаҳон аст. Мо ташаббусҳои Тоҷикистонро дастгирӣ мекунем ва омодаем, ки ба таҳқиқоти илмӣ ва мониторинг мусоидат намоем».
Захираҳои оби Тоҷикистон: Арзёбии илмӣ ва иқтидор
Дар Тоҷикистон 25 ҳазору 227 дарё ва сой мавҷуд аст, ки ҷараёни оби бозтавлидшавандаи онҳо ба дар як сол 64 километри мукааб баробар аст. 55 фоизи захираҳои оби солонаи ҳавзаи баҳри Арал дар Тоҷикистон ташаккул меёбад.
Кӯлҳо ва обанборҳо
Тоҷикистон зиёда аз 2 ҳазору 300 кӯл (705 километри мураббаъ) дорад, ки иқтидори умумии онҳо 46,3 километри мукааб, аз ҷумла 20 километри мукааб оби ширин мебошад. Дар Тоҷикистон зиёда аз 2300 кӯл (масоҳат 705 км2) мавҷуданд, ки ҳаҷми умумии захираҳои оби онҳо 46,3 километри мукаабро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор 20 километри мукааб обҳои ширин мебошанд. Шумораи обанборҳо 11 адад буда, ҳаҷми умумии муфиди онҳо – 7,5 километри мукааб аст.
Обҳои зеризаминӣ
Захираҳои обҳои зеризаминии барқароршаванда дар як сол 18,7 километри мукааб ҳисоб карда шуда, аз он 2,8 километри мукаабро дар як сол захираҳои истифодашаванда ташкил медиҳанд. Ин маълумот нақши истисноии ҷумҳуриро ҳамчун «қалби об»-и табиии Осиёи Марказӣ таъкид мекунад.
Аҳамияти геополитикии дипломатияи об
Тоҷикистон нишон медиҳад, ки масъалаҳои об метавонанд ҳамчун абзори ҳамкорӣ ба ҷои муқовимат хизмат кунанд. Модели пешниҳодшудаи ҷумҳурӣ таҳқиқоти илмӣ, мубодилаи маълумот,
идоракунии устувори обҳои фаромарзӣ, рушди энергияи «сабз» ва мутобиқшавӣ ба иқлимро дар бар мегирад. Коршиносон бо назардошти он ки дар саросари ҷаҳон зиёда аз 200 дарёи баҳсбарангези фаромарзӣ мавҷуд аст, ин равишро асос барои пешгирии низоъҳои эҳтимолӣ мешуморанд.
Саҳми Тоҷикистон дар амнияти глобалӣ ва ояндаи минтақа
Солҳои охир давлати мо таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз меъморони калидии Рӯзномаи ҷаҳонии об ва иқлим мубаддал гардид. Бо ташаббусҳои созанда ва дурбинонаи Сарвари давлат дипломатияи об ба ҷузъи комили сиёсати байналмилалии мамлакат табдил ёфта, ба ҷаҳониён роҳҳои нави ҳалли масъалаҳои камбуди об, хатарҳои иқлимӣ ва ҳифзи захираҳои табииро пешниҳод намуд. Тоҷикистон на танҳо иродаи сиёсӣ нишон медиҳад, балки абзорҳо ва механизмҳое пешниҳод мекунад, ки амнияти обии наслҳои ояндаро таъмин менамоянд.
«Дар шароити афзоиши аҳолӣ, тағйирёбии иқлим ва норасоии захираҳо таҷрибаи Тоҷикистон барои давлатҳое, ки ба хотири таъмини устуворӣ ва ҳамоҳангӣ байни одамон ва табиат талош мекунанд, ба намуна табдил меёбад»,- гуфт дар анҷоми суҳбат муовини сардори раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Гул Шарифзода.
АКС аз манбаъҳои боз








ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кишоварзони шаҳри Ҳисор дар 3 ҳазору 772 гектар замини обӣ шудгор гузарониданд
То 10 январ дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад
Дар Тоҷикистон беш аз 200 корхона ва ҷамъияти нақлиётӣ фаъолият менамояд
Дар шаҳри Гулистон корхонаи таъмири трансформаторҳо ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






