Дар Академияи миллии илмҳо нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд

Январь 14, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 14.01.2026 /АМИТ «Ховар»/.  13 январ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамоиши илмӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки дар Паёми  Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ яке аз нуктаҳои меҳварӣ муаррифӣ ва шинохти таърихи тамаддуни ориёӣ мебошад.

Дар робита ба ин Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки дар пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шаванд. Дар робита ба ин Академияи миллии илмҳо ва дигар муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва лоиҳакашӣ вазифадор карда шуданд, ки бо ҷалби олимону донишмандон консепсияи ин марказҳоро дар асоси анъанаҳои меъморӣ ва шаҳрсозиву шаҳрдории бостонии тоҷикон таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Таъкид шуд, ки ташкили Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе рамзӣ буда, гувоҳи меросбари асили тамаддуни ориёӣ маҳсуб шудани мо, тоҷикон мебошанд. Ташкили ин марказҳо имкон медиҳад, ки миллати тоҷик бори дигар ва ба таври шоиста ҳамчун меросбари ягонаи тамаддуни ориёӣ дар минтақа муаррифӣ шавад.

Инчунин дар ҳамоиш оид ба қабул гардидани ду ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид- 12 декабри соли 2025 қатъномаи «Ҳифзи пиряхҳо ва крисофера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» ва қаътномаи махсуси дигар «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» таъкид гардид. Дар иртибот ба ин ташаббусҳо Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил дода шавад.

Дар маърузаҳои олимону муҳаққиқон ба масъалаҳои афзалиятноки рушди илм, таҳкими пояҳои иқтисоди миллӣ, тақвияти амнияти иҷтимоӣ, истифодаи технологияҳои муосир, рушди рақамикунонӣ, инчунин нақши илм дар ҳалли мушкилоти замони муосир таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки ҷомеаи илмӣ дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои давлатӣ бояд барои татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва таъмини рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона саҳм гузорад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Январь 14, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои мудирони Маркази байналмилалии илмию техникӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон аз озмоишгоҳи илмию таҳқиқотии Институти хокшиносӣ боздид намуд
Дар Душанбе бахшида ба 111-солагии ховаршинос Ирҷи Бечка конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
Масъалаҳои рушди ҳамкории илмӣ ва омӯзишу ҳифзи бозёфтҳо бо гурӯҳи бостоншиносони хориҷӣ баррасӣ гардиданд
Рушди инноватсионии кимиё ва технологияҳои кимиёвии муосир дар конфронси илмӣ баррасӣ гардид
«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд