Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Шурои диссертатсионии нав таъсис ёфт

Январь 31, 2026 14:20

ДУШАНБЕ, 31.01.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти миллиро ташаккули иқтисодиёти «сабз» мешуморад. Зеро иқтисоди «сабз» яке аз самтҳои муосири илми иқтисод ба ҳисоб рафта, давоми ду даҳсолаи охир ба арсаи илм ворид гардид ва дар доираи он бахшҳои дигари иқтисод, ки аз ҷузъҳои табиати муҳити атроф вобастагӣ доранд, баррасӣ карда мешаванд. Бинобар ин, таъсиси Шурои диссертатсионии нав дар назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар татбиқи ҳадаф, вазифа ва принсипҳои «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» бо афзалияти бештар нақши муҳим дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Зимни ҷаласаи ифтитоҳи Шурои диссертатсионии 6D.КОА-108-и назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ректори донишгоҳ Бобоҷон Сатторзода иброз намуд, ки рушду ташаккули илми тоҷик аз масъалаҳои асосиест, ки дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Хушбахтона, зери сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумораи шуроҳои дисертатсионӣ беш аз пеш густариш ёфта, бо ин барои рушди илми миллӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

Дар ҷаласа аз ҷониби муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Шурои диссертатсионӣ дар ҳайати 11 нафар доктору профессор ба муҳлати 2 соли фаъолият тасдиқ карда шудааст.

Дар ҷаласа ташкили Шурои диссертатсионии назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (РhD) — доктор аз рӯйи ихтисосҳои 6D050607 — иқтисодиёти нақлиёт ва 6D050612 — иқтисоди “сабз” ва истифодаи захираҳои табиӣ қадами муҳим дар рушди илми миллӣ арзёбӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки донишгоҳ дорои 7 факултет, 21 кафедраи тахассусӣ, 8 кафедраи умумидонишгоҳӣ буда, аз рӯйи 60 ихтисоси зинаи бакалавр мутахассис тайёр менамояд. Ба корҳои илмӣ-таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ 403 омӯзгор ҷалб гардидаанд, ки аз онҳо 21 нафар доктори илм ва профессор, 145 нафар номзади илм, 84 муаллими калон ва 153 нафарро ассистентон ташкил медиҳанд, ки дар 14 самт аз рӯйи 14 масъала ва 26 мавзуи илмӣ корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ пеш мебаранд. Ҳамчунин дар шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии донишгоҳ 17 ихтисоси зинаи магистратура, 16 ихтисоси доктори фалсафа (PhD) доктор аз рӯйи ихтисос ва 12 ихтисоси докторантура-унвонҷӯ амал менамояд.

АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

Январь 31, 2026 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд