Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир шуд
ДУШАНБЕ, 16.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои таҳкими ҳамкории сохторҳои давлатӣ, пешгирии ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон аҳамияти авалиндараҷа дода, тибқи меъёрҳои конститутсионӣ арзиши олӣ доштани ҳуқуқи инсонро эътироф менамояд. Дар ин раванд бо мақсади роҳ надодан ба ҳама гуна шаклҳои поймолшавии ҳуқуқ ва озодии инсон дар ҷумҳурӣ мақомоти дахлдори давлатӣ дар мавқеи ҳифзу риояи ҳуқуқи инсон фаъолияти натиҷабахш доранд.
«Мақсади комиссияи мубориза бо хариду фурӯши одамон аз он иборат аст, ки дар ҳамбастагӣ фаъолияти ин комиссияро дуруст ба роҳ монда, сатҳи ҷинояткорӣ ва ҳама омилҳоеро, ки ба ин раванди мубориза монеа эҷод мекунанд, бартараф созем ва нуфузу эътибори давлатро баланд бардорем», – баён доштанд иштирокчиён.
Таъкид шуд, ки поймолкунии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва халалдоркунии суботи иҷтимоию иқтисодии ҷомеа метавонад ба низоми сиёсии давлат таъсир гузорад. Аз ин лиҳоз дар дохил ва хориҷи мамлакат барои коҳиш додан ва пешгирии он чораҷӯӣ карда мешавад.
Ҳамчунин барои беҳтаркунии фаъолияти комиссия ва ноил шудан ба пешравиҳо дар самти муқовимат ба савдои одамон аз ҷониби иштирокчиён таклифҳои судманд пешниҳод гардиданд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






