Дар Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2025 баргузор гардид

Январь 27, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 27.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ «Маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2025» дар номинатсияҳои гуногун ва қадрдонии ғолибони озмунҳои эълоннамудаи кумита дар соли 2025 баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, пеш аз оғози маросими ҷоизасупорӣ филми кӯтоҳметраж оид ба дастовардҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли 2025 дар самти кор бо ҷавонон манзури ҳозирин гардонида шуд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки таваҷҷуҳи пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат бо мақсади баланд бардоштани маърифати зеҳнии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои вусъати неруи эҷодӣ, арҷгузорӣ ва ҳифзи беҳтарин анъанаю ҳунарҳои мардумӣ, мусоидат ба интихоби касбу ҳунар ва имконияти рушди ин соҳаи муҳим ниҳоят гаронарзиш буда, давоми соли 2025 новобаста аз шароити ҷаҳонии фарогир силсилаи ҳавасмандиҳоро барои ҷавонон амалӣ намуд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода изҳор намуд, ки бо мақсади қадршиносии хизматҳои шоиста ва ҷавонмардии ҷавонон дар назди ҷомеа ва давлат, ҷасорату фидокорӣ дар вазъияти ҷангӣ, ҳолатҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат, адои қарзи ҳарбӣ ва хизматию шаҳрвандӣ барои дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон ҷоизаи «Шуҷоат ва ҷавонмардӣ» таъсис дода шуд. Дар маросими ҷамъбасти соҳаи кор бо ҷавонон барои қадршиносии хизматҳои шоиста ва ҷавонмардии ҷавонон дар назди ҷомеа ва давлат, ҷасорату фидокорӣ дар вазъияти ҷангӣ, ҳолатҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат ва адои қарзи ҳарбӣ ва хизматию шаҳрвандӣ барои дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон 16 нафар беҳтаринҳо бо ҷоизаи «Шуҷоат ва ҷавонмардӣ» сарфароз гардонида шуданд.

Дар ин рӯз, хамчунин аз ҷониби соҳибкори саховатпешаю ватандӯст, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил» Маҳмуд Амонзода ба хонаводаи сарбозону марзбонҳои шуҷоъ, ки дар роҳи ҳифзи кишвар содиқона хизмати Ватан-Модар менамоянд ва ба оилаи ҷавонмардони ватандӯсте, ки дар роҳи ҳифзи сарзамини аҷдодӣ қаҳрамонона ба ҳалокат расидаанд, кумакпулӣ тақдим карда шуд.

Инчунин бо Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар самти адабиёт, санъат, меъморӣ, рӯзноманигорӣ, барномасозӣ, техника, технология ва инноватсия 20 нафар беҳтаринҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Дар маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон ҳамчунин аз рӯи номинатсияҳои «Беҳтарин сохтори соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2025», «Беҳтарин корманди муассисаи тарғиботӣ дар самти кор бо ҷавонон», «Беҳтарин корманди соҳаи кор бо ҷавонон», «Барандаи гранти ҳукуматӣ миёни ташкилоти ҷамъиятии кор бо ҷавонон дар самти ватанпарастии ҷавонон дар соли 2025», «Беҳтарин Маҳфили назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2025» қадрдонӣ гардиданд.

 

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 27, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар