Дар Душанбе қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол баргузор шуд

Январь 13, 2026 08:57

ДУШАНБЕ, 13.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 январ дар шаҳри Душанбе қуръакашии марҳилаи пешакии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 оид ба футбол дар минтақаи Душанбе баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Мусобиқаи анъанавии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон пеш аз оғози мавсим дар ду марҳила баргузор мешавад – пешакӣ ва ниҳоӣ. Дар марҳилаи аввал дастаҳо ба се минтақа тақсим мешаванд – Душанбе, Суғд ва Хатлон.

Мусобиқа дар Душанбе 23 январ оғоз гардида, дар он даҳ даста иштирок мекунад. Дар қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Чаҳор дастаи беҳтарин аз минтақаи Душанбе ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2026 роҳ меёбанд.

Фонди умумии ҷоизавии мусобиқа 100 000 сомониро ташкил медиҳад. Ғолиби Ҷом бо 50 000 сомонӣ мукофотонида мешавад. Барандаи медали нуқра бо 30 000 сомонӣ ва медали биринҷӣ бо 20 000 сомонӣ сарфароз мешавад.

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 дар минтақаи Душанбе:

Гурӯҳи «А»: «Рангон», «Сардор», «Регар-ТадАЗ», «Шоҳмансур», «Шодмон».

 Гурӯҳи «Б»: «Душанбе», «Ҳосилот», «Саройкамар», КМВА, «Барқчӣ».

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Январь 13, 2026 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад