Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон доир ба омӯзиши Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 09.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 8 январ дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.
Иштирокдорони ҳамоиш иброз доштанд, ки Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва барномаи мукаммали рушди давлату ҷомеа мебошад, ки дастовардҳои охири солро ҷамъбаст намуда, самтҳои асосии пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро муайян месозад.
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода ёдовар шуд, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ ба ҳамаи соҳибкорон ва мардуми шарифи Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар таҷдиду сохтмони роҳҳо, бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, бахусус муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ ва дигар корҳои ободонию бунёдӣ миннатдорӣ баён намуданд.
Инчунин Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои марбутаро вазифадор намуданд, ки ташаббусҳои созандаи соҳибкоронро дар самти бунёди иншооти иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва инфрасохторӣ ҳамаҷониба дастгирӣ карда, риояи ҳатмии қоидаю меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмонро таъмин намоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд, ки «ҳар иншооту биное, ки мо бунёд мекунем, барои як рӯзу ду рӯз нест. Тарзе бояд бунёд кунем, ки садсолаҳо ба ин миллат ва ба ин мардум хизмат расонаду ҳам симои деҳот, шаҳру ноҳияҳои моро зебо гардонад. Аз қадим мардуми ориётабор- мо, тоҷикон шаҳрсозу шаҳрдор будем, меъмор будем».
Низом Мирзозода таъкид намуд, ки ин вазифагузорӣ сохтмончиёну меъморонро уҳдадор менамояд, ки корҳои сохтмониро бо риояи меъёр ва қоидаҳои шаҳрсозӣ, истифодаи санъати баланди меъморӣ, унсурҳои миллию замонавӣ ва технологияҳои муосир иҷро намоянд. Ҳамчунин дар ободонии мамлакат ва рушди инфрасохтори иҷтимоию истеҳсолӣ саҳми арзанда гузоранд.
Гуфта шуд, ки Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ санади муҳими роҳнамо барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Он ҷомеаро ба ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, заҳмати содиқона, ҳифзи истиқлол, рушди худшиносии миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан ҳидоят мекунад.
АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд
Ба омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд






