Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон доир ба омӯзиши Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд

Январь 9, 2026 09:50

ДУШАНБЕ, 09.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 8 январ дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.

Иштирокдорони ҳамоиш иброз доштанд, ки Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва барномаи мукаммали рушди давлату ҷомеа мебошад, ки дастовардҳои охири солро ҷамъбаст намуда, самтҳои асосии пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро муайян месозад.

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода  ёдовар шуд, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ   ба ҳамаи соҳибкорон ва мардуми шарифи Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар таҷдиду сохтмони роҳҳо, бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, бахусус муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ ва дигар корҳои ободонию бунёдӣ миннатдорӣ баён намуданд.

Инчунин Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои марбутаро вазифадор намуданд, ки ташаббусҳои созандаи соҳибкоронро дар самти бунёди иншооти иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва инфрасохторӣ ҳамаҷониба дастгирӣ карда, риояи ҳатмии қоидаю меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмонро таъмин намоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд, ки «ҳар иншооту биное, ки мо бунёд мекунем, барои як рӯзу ду рӯз нест. Тарзе бояд бунёд кунем, ки садсолаҳо ба ин миллат ва ба ин мардум хизмат расонаду ҳам симои деҳот, шаҳру ноҳияҳои моро зебо гардонад. Аз қадим мардуми ориётабор- мо, тоҷикон шаҳрсозу шаҳрдор будем, меъмор будем».

Низом Мирзозода таъкид намуд, ки ин вазифагузорӣ сохтмончиёну меъморонро уҳдадор менамояд, ки корҳои сохтмониро бо риояи меъёр ва қоидаҳои шаҳрсозӣ, истифодаи санъати баланди меъморӣ, унсурҳои миллию замонавӣ ва технологияҳои муосир иҷро намоянд. Ҳамчунин дар ободонии мамлакат ва рушди инфрасохтори иҷтимоию истеҳсолӣ саҳми арзанда гузоранд.

Гуфта шуд, ки Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ санади муҳими роҳнамо барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Он ҷомеаро ба ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, заҳмати содиқона, ҳифзи истиқлол, рушди худшиносии миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан ҳидоят мекунад.

АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 9, 2026 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи миллии илмҳо нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун сарчашма ва манбаи роҳнамо барои фаъолияти қонунгузорӣ арзёбӣ мегардад
Дар Панҷакент оид ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамоиши ҳизбӣ доир шуд
Сокинони ноҳияи Айнӣ нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро сармашқи фаъолият қарор медиҳанд
Дар «Саноатсодиротбонк» оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
ХУДШИНОСИЮ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2026 барои соҳаи маориф қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли пешин 25,4 фоиз зиёд аст
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиши сиёсӣ доир шуд
РИОЯИ ОДОБУ РУСУМИ НЕКИ МИЛЛӢ. Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба иҷрои супоришҳои Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ҷаласа доир шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи Қонун дар бораи сиёсати аграрӣ таҳия мегардад
МАРКАЗИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Чаро бояд чунин марказ таъсис дода шавад?