Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ бо сармоягузорони Чин баррасӣ гардид

Январь 20, 2026 09:44

ДУШАНБЕ, 20.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таҳким бахшидан ба ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» омаданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин минтақа.

Зимни мулоқоти роҳбарияти минтақа бо сармоягузорони чинӣ ҷонибҳо вобаста ба имконияти мавҷудаи сармоягузорӣ, имтиёзҳои ҳуқуқию иқтисодии минтақа, шароити мусоиди фароҳамгардида барои фаъолияти соҳибкорӣ ва дурнамои татбиқи лоиҳаҳои муштарак табодули афкор намуданд.

Иброз гардид, ки Чин яке аз шарикони муҳими сармоягузории Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба шумор рафта, ҳамкории дуҷониба бо сармоягузорони чинӣ дар самтҳои гуногуни иқтисодӣ ба таври пайваста рушд меёбад.

Ҷонибҳо барои густариши ҳамкории минбаъда, татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ ва тақвияти муносибатҳои иқтисодии мутақобил изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»

Январь 20, 2026 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд