Дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
ДУШАНБЕ, 16.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» оғоз шуд, ки то 27 январ идома меёбад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҳайати Тоҷикистон дар расми ифтитоҳи намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз», ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Федеролии Олмон Франк Валтер Штанмайер баргузор шуд, иштирок намуд.
Намоишгоҳ дар Маҷмааи Мис Берлин баргузор гардид. Имсол Павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даромадгоҳи асосии намоишгоҳ дар 60 метри мурабаъ ташкил карда шуд, ки ҳар нафари ба он воридгардида сараввал гӯшаи Тоҷикистонро тамошо мекунад.
Дар намоишгоҳ ширкатҳои ватании «Мармарӣ», Фабрикаи қаннодии «Ширин», «Шоколатие», «Зардолу компания», «Пастаи Қосим», «Тути Помир», «Копител», корхонаҳои насоҷии «Гулистон», «Арвис» ва Корхонаи воҳиди давлатии Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ молу маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ ва шарикони рушд намояндагони Тоҷикистон ҳамасола дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» иштирок намуда, молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ, нигораҳо аз гӯшаҳои зебоманзари Тоҷикистон, ҳунарҳои мардумӣ ва имконоти сармоягузорӣ дар соҳаи комплекси агросаноатиро муаррифӣ менамоянд.
Дар намоишгоҳи байналмилалӣ молу маҳсулоти кишоварзӣ ва хушкмеваҳо бастабандӣ гардида, тармева, асал ва лавҳаи мизи намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, сабзавоти тару тоза, саноати хӯрокворӣ, саноати сабук, нигораҳо аз гӯшаҳои зебоманзари Тоҷикистон, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти ороишӣ ва ҳунарҳои дастӣ, муаррифии имконияти сармоягузорӣ дар соҳаи комплекси агросаноатии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудаанд.
Инчунин дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии «Ҳафтаи сабз» дар Павилиони Тоҷикистон Рӯзи миллии Тоҷикистон баргузор карда шуд. Дар ин рӯз дар гӯшаи Тоҷикистон хӯроки миллии «Оши палав» ва «Қурутоб» омода ва пешкаши меҳмонон ва боздидкунандагони намоишгоҳ карда шуд.
Меҳмонону иштирокчиёни намоишгоҳ ба гӯшаи Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Зеро он бо дизайни муосир ва шаклу усули миллӣ бо истифода аз меваҳои тару тоза ва ғалладона оро дода шудааст. Аз як сӯ садои дафу чанг ва мусиқии тоҷикӣ, аз сӯи дигар бӯи хуши хӯрокҳои миллӣ шумораи зиёди меҳмононро ба сӯи Павилиони Тоҷикистон ҷалб мекунад.
Намоишгоҳ платформаи тиҷоратии байналмилалӣ барои кишварҳо, минтақаҳо ва ширкатҳои молистеҳсолкунандаи тамоми ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ки давлатҳои иштирокдор молу маҳсулоти худро дар ҳудуди бозори Аврупо муаррифӣ менамоянд.
Иштирок ва муаррифии ҳарчи бештари имконияту захираҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он бамаврид буда, ширкатҳои ватанӣ ва меҳмонон имкон пайдо намуданд, ки бо намояндагони бахши давлатӣ ва хусусии ҷаҳонии кишоварзӣ оид ба пешрафти соҳа вохӯрию суҳбатҳо доир намоянд.
Пеш аз оғози намоишгоҳ намояндани Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳайатҳои расмӣ, ки бо иштироки 70 вазири кишоварзии давлатҳо дар шакли 1+1 баргузор шуд, иштирок намуд.
Соҳаи кишоварзии Тоҷикистон солҳои охир ба туфайли амалӣ намудани фанновариҳо ва усулҳои обёрӣ сатҳи сифатан нав касб кардааст. Дар ин раванд истифодаи технологияи муосир барои ба роҳ мондани ҳамкории минбаъда бо кишварҳои ҳамшарик заминаи мусоид фароҳам меорад.
Иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои истифодаи устувори захираҳои об, тақвияти биоиқтисодиёти «сабз», истифодаи захираҳо, тақвияти идоракунии байналмилалии захираҳои об ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар доираи намоишгоҳ Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ ва кишоварзӣ таҳти унвони «Об, ҳосили ояндаи мо» баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Тоҷикистон иштирок намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки шуруъ аз соли 2009 дар ҳошияи намоишгоҳи «Ҳафтаи сабз» Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ ва кишоварзӣ баргузор карда мешавад.
Форум ва намоишгоҳи кишоварзӣ ва озуқавории «Ҳафтаи сабз» дар шаҳри Берлин барои рушди ояндаи агросаноатии давлатҳои иштирокдор, гуфтугӯҳо ва дарёфти шарикон ҳамчун майдони фарох заминаи мусоид фароҳам меорад. Зеро он беш аз 20 чорабинии канориро фаро гирифта, дар онҳо зиёда аз 2 ҳазор намояндагони соҳаи кишоварзӣ, олимон, соҳибкорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок менамоянд.
Намоишгоҳи байналмилалии «Ҳафтаи сабз» яке аз муҳимтарин намоишгоҳҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи озуқа, кишоварзӣ, боғдорӣ ва рушди устувор ба шумор меравад. Ин чорабинӣ ҳамасола дар шаҳри Берлин доир мегардад ва имсол аз таъсису баргузории он 100 сол сипарӣ мегардад.
Имсол намояндагони зиёда аз 61 давлати олам маҳсулот ва истеҳсолоти худро намоиш доданд. Қабл аз оғози расмии намоишгоҳ намояндагони Тоҷикистон дар Панели машваратии сатҳи баланди Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Дарёфти роҳҳои ҳалли созанда дар шароити истифодаи намудҳои рақобатпазир» иштирок намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид робитаи мустаҳкам дошта, барои тақвият бахшидани рушди ҳамкорӣ бо ин ниҳоди бонуфузи ҷаҳонӣ бо татбиқи бобарори ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ дар мамлакат, амалисозии яке аз ҳадафҳои стратегӣ–таъмини амнияти озуқаворӣ ва ноил шудан ба «Ҳадафҳои рушди устувор»-и Созмони Милали Муттаҳид пайваста талош менамояд.
Дар ҳамоиш намояндагони соҳаи кишоварзии давлатҳо масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ дар сайёра, ҳимояи низоми агроозуқаворӣ, муносибати эҳтиёткорона бо табиат ва захираҳои табиӣ, ҷалби маблағгузорӣ ва равона намудани захираҳои мавҷуда ба соҳаи кишоварзӣ, муқовимат ба буҳронҳои ғайричашмдошт, тезонидани раванди инноватсионии парвариши зироати кишоварзӣ, рақамикунонии савдои маҳсулоти агроозуқаворӣ, рушди занҷираи арзиши иловашуда ва тараққиёти босуботи соҳаи кишоварзиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни конфронс доир ба иқдоми самарабахши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди низоми агроозуқаворӣ, ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии мамлакат дар самти истифодаи оқилонаи обу иқлим ва таъсири мусбати он ба низоми кишоварзии давлатҳо, истеҳсоли маҳсулоти сабз, тақвияти ҳамкории байналмилалию минтақавӣ дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ, иҷрои Ҳадафҳои Рушди Устувор ва дигар самтҳои кишоварзӣ бо ҳамтоёни хориҷии худ мубодилаи афкор намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








АЗ НАВОВАРӢ ТО РУШДИ УСТУВОР. Мавқеи Душанбе ҳамчун маркази сайёҳӣ дар минтақа тақвият меёбад
BEST IN TRAVEL 2026. Тоҷикистон ба феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» ворид гардид
Дар ин рӯзи соли 2018 Тоҷикистон ба даҳгонаи беҳтарин кишварҳои сайёҳӣ дар ҷаҳон дохил шуд
Ғолибони озмуни «Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ» қадрдонӣ шуданд
Маркази байналмилалии Наврӯз метавонад ба брендикунонии ҷашни миллӣ ва ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон мусоидат намояд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар баҳогузории ҷаҳонии «Донишгоҳҳои сабз» иштирок намуд
ТУРИЗМ ДАР ШОҲРОҲИ АБРЕШИМ-2025. Дар намоишгоҳи байналмилалӣ имконоти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ мегардад
Ҳайати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар намоишгоҳи сайёҳии Қатар иштирок намуд
Ба муносибати Рӯзи Президент дар Душанбе хатсайри сайёҳӣ ташкил карда шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2025 зиёда аз 90 ҳазор нафар сайёҳ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо карданд
Имсол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даромад аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳон 20,4 миллион сомониро ташкил дод
РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар Суғд шумораи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ афзоиш ёфта, инфрасохтори соҳа тақвият меёбад






