Дар ноҳияи Шаҳритус ба ҷойи дарсхонӣ ба бозиҳои компютерӣ машғул шудани хонандагон ошкор карда шуд

Январь 21, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 21.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон дар ноҳияи Шаҳритус амалиёти санҷишӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа ошкор карда шуд, ки 20 хонандаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ноҳия дар вақти дарс дар маркази компютерии «Кибер – клуб» ба бозиҳои зиёновари зеҳнию ахлоқии дорои хусусияти зӯроварӣ машғул буданд.

Тавре аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин хонандагон дар соатҳои дарсӣ бо либоси мактабӣ дар ин маркази компютерӣ ба бозиҳои зиёновари зеҳниву ахлоқии дорои хусусияти зӯроварӣ, аз ҷумла «Контр-страйк» машғул буданд. Ин дар ҳолест, ки тибқи қонунгузории мамлакат дар вақти дарс ба марказҳои дилхушӣ ва компютерӣ рафтану ба бозиҳои компютерӣ машғул шудани хонандагон манъ аст.

Ба иттилои масъулин, ин амали хонандагон далели канораҷӯии волидон аз назорати фарзандон ва масъулини муассисаҳои таълимӣ аз раванди таълим мебошад. Ҳамзамон он қонуншикании масъулини маркази компютериро нишон медиҳад, ки бар ивази манфиати шахсӣ талаботи қонунгузориро риоя намекунанд.

Иттилоъ дода шуд, ки нисбат ба 20 нафар волидайни хонандагон барои бемасъулиятӣ дар таълиму тарбияи фарзанд бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Инчунин тибқи талаботи моддаи 479, қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба роҳбари маркази бозиҳои компютерии «Кибер клуб», сокини ноҳияи Шаҳритус Азимҷон Камолов, соли таваллудаш 1994 барои ба ноболиғон додани иҷозати воридшавӣ ба маркази бозиҳои компютерӣ дар вақти дарс санади маъмурӣ тартиб дода шуд. Нисбат ба  Азимҷон Камолов бо қарори суд ба муҳлати 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъйин гардид.

«Далели ошкоргардида ҳолати воқеии бемасъулиятии волидон ва омӯзгорон аст. Зеро агар ин ноболиғон таҳти назорат мебуданд, дар вақти дарс ба чунин марказҳо намерафтанд», – иброз медоранд масъулин.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки омилҳои бештари ба нуқтаҳои бозиҳои компютерӣ рафтани наврасону ҷавонон аксаран аз беназоратии волидайн сар мезананд.

Бояд гуфт, ки бозиҳои компютерии дорои саҳнаҳои хушунат ва зӯроварӣ ба психологияи наврасон таъсири манфӣ мерасонанд. Ин гуна бозиҳо баъзан боиси тарс, изтироб ва тағйирёбӣ дар рафтори кӯдак мегарданд. Ҳамчунин наврас метавонад рафтори зӯроваронаи бозиро дар ҳаёти воқеӣ тақлид кунад, ки он бо оқибатҳои фалокатовар меанҷомад. Дар натиҷа рушди ахлоқӣ, равонӣ ва иҷтимоии кӯдак осеб мебинад.

Мутаассифона, имрӯзҳо мушоҳида мешавад, ки ҳоло ҳам баъзе наврасон ба раванди таълим хунукназарӣ намуда, ба ҷойи дарс хондану таълим гирифтан ба марказҳои компютерӣ рафта, машғули бозиҳои дорои саҳнаҳои хушунату зӯроварӣ мегарданд. Албатта, ин омил метавонад ба ояндаи ҳар наврас таъсири манфӣ расонад. Дар ин раванд назорати пайвастаи волидайн, роҳнамоии омӯзгорон ва ташкили муҳити солим барои рушди кӯдак аҳамияти калон дорад.

Масъулини шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон бо падару модарони ин ноболиғон сӯҳбат гузаронида, таъкид намуданд, ки танҳо тавассути ҳамкории муштарак метавон пайомадҳои манфиро пешгирӣ ва насли солим тарбия намуд.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон

Январь 21, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд