Дар Саридораи гелогия оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид

Январь 21, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 21.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 январ дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Иброз гардид, ки Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими стратегӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, инчунин роҳҳои рушди устувори иҷтимоию иқтисодии мамлакатро муайян ва ғамхории пайвастаи давлатро нисбат ба ояндаи миллат инъикос менамояд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки иқтисодиёти давлат ба марҳилаи сифатан нави рушд ворид гардида, сиёсати давлатӣ ба бунёди ҷомеаи аз лиҳози иқтисодӣ устувор ва иҷтимоӣ ҳифзшуда равона гардидааст.

Соҳаи геология яке аз муҳаррикҳои асосии рушди истеҳсолоти иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад. Дар шароити муосир рушди соҳаҳои иқтисодиро бе пешрафти соҳаи геология тасаввур намудан ғайриимкон аст, зеро омӯзиши қаъри замин ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ заминаи асосии ташаккули истеҳсолоти муосир ба ҳисоб меравад.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди ин санад бо истифода аз омори муқоисавӣ дастовардҳои соҳаи саноат ва истихроҷи маъданро ҳамчун далели рушди устувор муаррифӣ намуданд. Иброз гардид, ки агар соли 1991 дар соҳаи маъдан ҳамагӣ 3 номгӯй маҳсулот — тилло, нуқра ва хокаи сурб истеҳсол мешуд, пас соли 2025 шумораи онҳо ба 17 номгӯй расонида шуд. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли тилло нисбат ба соли 1991 7 баробар, нуқра 6 баробар ва хокаи сурб 9 баробар афзоиш ёфтааст.

Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи маъдан аз 7,7 миллиард сомонӣ дар соли 2020 ба 26 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расонида шуда, афзоиши ин нишондиҳанда 3,4 баробар таъмин гардид.

Тазаккур дода шуд, ки «Барномаи рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030», ки соли 2021 аз ҷониби Ҳукумати мамлакат қабул гардидааст, омӯзиши 56 объекти барои иқтисодиёти миллӣ муҳимро дар бар мегирад. Соли 2025 беш аз 80 фоизи объектҳои пешбинишудаи ин барнома татбиқ гардид.

Гуфта шуд, ки захираҳои бузурги ашёи хоми ватанӣ имкон медиҳанд, ки бо роҳи коркарди пурраи маъдан, аз ҷумла металлҳои ранга ва қиматбаҳо саноати сӯзишворӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ рушд ёфта, саноатикунонии босуръати мамлакат таъмин гардад.

Таъкид шуд, ки омӯзиши амиқи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва татбиқи амалии ҳадафҳои бузурги дар он ифодаёфта вазифаи муқаддаси ҳар сокини мамлакат мебошад.

АКС: Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 21, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кумитаи рушди маҳал Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
«ПАЁМ-РОҲНАМОИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕА». Дар Душанбе ҳамоиши кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ доир шуд
БОЗНИГАРИИ ТАЪРИХ ВА ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ СИЁСӢ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Паёми Президенти Тоҷикистон самтҳои асосии рушди устувори давлатро барои марҳилаи нави таърихӣ муайян менамояд
Дар Суди шаҳри Душанбе нуктаҳои Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ шарҳ дода шуданд
ҚОНУН «ДАР БОРАИ БОСТОНШИНОСӢ». Дар замони ҷаҳонишавӣ зарурати қабули он пеш омадааст
Дар Кӯлоб нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
Махфират Хидирзода: «Паёми Президенти Тоҷикистон инъикоскунандаи интизориҳои ҷомеа нисбат ба масоили мухталиф аст»
Дар Академияи миллии илмҳо нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун сарчашма ва манбаи роҳнамо барои фаъолияти қонунгузорӣ арзёбӣ мегардад
Дар Панҷакент оид ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамоиши ҳизбӣ доир шуд
Сокинони ноҳияи Айнӣ нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро сармашқи фаъолият қарор медиҳанд