Дар «Тоҷикаэронавигатсия» масъалаи муқовимат ба коррупсия баррасӣ карда шуд

Январь 20, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 20.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» «Барномаи идоравии зиддикоррупсионӣ барои солҳои 2022-2030» таҳия ва тасдиқ гардидааст, ки дар доираи он нақшаи чорабиниҳо амалӣ мешавад.

Ин нукта дар ҳамоише, ки дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» бо иштироки роҳбарият ва кормандон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, таъкид шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш масъулони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самтҳои афзалиятноки мубориза бо коррупсия сухан гуфтанд.

Иброз гардид, ки мубориза бо коррупсия, ки ба иродаи қатъӣ ва бебозгашти роҳбарияти сиёсии давлат такя намуда, ба муттаҳидсозии ҳама неруҳои оқилонаи ҷомеа, густариши тадриҷӣ ва татбиқи амалии сиёсати зиддикоррупсионӣ равона гардидааст, аз маҷмуи чораҳои ҳамаҷонибаи пешгирикунанда барои таъмини ислоҳоти мақомоти давлатӣ ҳамчун идомаи мантиқии сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

Бо мақсади ноил шудан ба ҳадафҳои «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи идоравии зиддикоррупсионӣ барои солҳои 2022-2030» дар «Тоҷикаэронавигатсия» такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, фароҳам овардани шароити зарурии моддиву техникӣ барои фаъолияти самараноки кормандон, андешидани тадбирҳои иловагӣ барои рушди захираҳои инсонӣ, нигоҳ доштани интизоми хизматӣ ва иҷроия, инчунин ба роҳ мондани таълими зиддикоррупсионӣ барои кормандон таъмин мегардад.

Минбаъд роҳбарият ва масъулини корхонаи «Тоҷикаэронавигатсия» барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии зиддикоррупсионӣ дар байни кормандон, тақвияти интизоми хизматӣ, мусоидат ба шаффофият дар фаъолияти молиявию иқтисодӣ, рушди маърифати ҳуқуқӣ, пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ чораҳои зарурӣ ва саривақтиро амалӣ менамоянд.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»

Январь 20, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд