Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
ДУШАНБЕ, 03.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иброз намуданд, ки «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026 – 2030» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод гардад.
«Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026-2030» бо мақсади рушди устувори саноати дорусозӣ таҳия карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 октябри соли 2020 «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 то 2025»-ро қабул намуд. Ин барнома то соли 2025 амалӣ гардид.
Ҳадафи барномаи амалигардида таъмин намудани рушди устувори саноати дорусозӣ ва беҳтар намудани дастрасии аҳолии мамлакат ба маводи доруворӣ ва молҳои тиббии хушсифат мебошад.
Тавре қаблан иттилоъ додем, дар Тоҷикистон 3236 муассисаи фармасевтӣ фаъолият менамояд, ки нисбат ба соли 2023 142 адад зиёд мебошад. Инчунин соли 2024 61 корхонаи ватанӣ 571 намуд доруворӣ ва молҳои тиббӣ, ки дар умум 325 номгӯйро ташкил медиҳанд, истеҳсол намудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 23 декабри соли 2022 иброз намуда буданд, ки «бо мақсади рушди минбаъдаи саноати дорусозӣ корхонаҳои муосири истеҳсоли доруворӣ, коркарди васеи гиёҳҳои шифобахш ва аз лиҳози экологӣ тозаи ватанӣ ва боз ҳам зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ ба роҳ монда шавад».
Бояд гуфт, ки имрӯз бештари доруворӣ ба Тоҷикистон аз хориҷи мамлакат ворид карда мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар






