Дар Тоҷикистон беш аз 200 корхона ва ҷамъияти нақлиётӣ фаъолият менамояд
ДУШАНБЕ, 03.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон дар Тоҷикистон 225 корхона ва ҷамъияти нақлиётӣ ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин шумора 79 адад ба боркашонӣ, 71 адад ба мусофирбарӣ ва 75 адад бо фаъолияти омехтаи нақлиётӣ машғул мебошанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, аз шумораи умумии корхонаҳои нақлиётӣ танҳо 107 корхона дорои заминаи моддию техникии худ мебошад. 112 корхонаи боқимонда воситаҳои моддию техникиро тибқи шартнома ба иҷора гирифта, фаъолият мекунанд.
Таҳкими заминаи моддию техникии корхонаҳои нақлиётӣ яке аз самтҳои муҳими рушди соҳаи нақлиёт ба шумор рафта, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ин иқдом ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, таъмини бехатарии ҳаракат ва рушди устувори соҳаи нақлиёт мусоидат менамояд.
Дар ин замина соли 2026 бо мақсади беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон татбиқи 16 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11,3 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарозии умумии шабакаи роҳҳои Тоҷикистон тақрибан 27 ҳазору 243 километрро ташкил медиҳад, ки аз он 14 ҳазору 314 км роҳҳои истифодаи умумӣ, аз ҷумла 3 ҳазору 384 км роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, 2 ҳазору 182 км роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 8 ҳазору 748 км роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ мебошанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад






