Дар Тоҷикистон раванди ҷорӣ намудани низоми рамзгузории электронии молҳо амалӣ мегардад

Январь 6, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 06.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон раванди ҷорӣ намудани низоми рамзгузории электронии гурӯҳҳои муайяни молҳо марҳила ба марҳила амалӣ мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ин тадбир тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рамзгузории электронии молҳо бо мақсади баланд бардоштани сатҳи шаффофияти гардиши мол, таҳкими назорат ва мутобиқ намудани равандҳои гумрукӣ ба талаботи замони муосир дар доираи иҷрои барномаҳо ва стратегияҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рақамикунонии бахшҳои иқтисоди миллӣ ва мутобиқгардонии расмиёти гумрукӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ андешида шудааст.

Гуфта мешавад, ки аз 1 июли соли 2024 рамзгузории электронии тамокуи коркардшуда, маҳсулоти дорои никотин, сигорҳои электронӣ, ҳама намуди спирт ва машрубот, инчунин нӯшокиҳои энергетикӣ оғоз гардид. Ин иқдом ба шаффофсозии

гардиши молҳо, пешгирии муомилоти ғайрирасмӣ ва баланд бардоштани назорати давлатӣ равона шудааст. Бо мақсади иҷрои пурраи қарори мазкур дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ тасдиқ шуд. Гурӯҳи корӣ мунтазам бо намояндагони ҶДММ «Технология Групп», ки оператори расмии пайгиркунандаи муомилоти мол муайян карда шудааст, ҳамкорӣ менамояд. Дар доираи ҳамкорӣ масъалаҳои ҳамгироии низоми иттилоотии мақомоти гумрук бо низоми рамзгузории электронӣ, тартиби дарёфти QR-рамзҳо аз ҷониби воридкунандагон, додугирифти маълумоти зарурӣ ва дигар ҷузъиёти техникии раванди пайгиркунии молҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Инчунин ба воҳидҳои сохтории гумрук супориш дода шудааст, ки ҳангоми барасмиятдарории гумрукии молҳои ҳатмӣ рамзгузоришаванда рамзи электронии Datamatrix ҳатман дар сутуни 31 Декларатсияи гумрукии бор дарҷ карда шавад.

Ҳамчунин бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандон омӯзишҳои махсус оид ба истифодаи низоми рамзгузории электронӣ гузаронида шуда, дарсҳои маҷозӣ бо истифодаи видеомавод ва рӯнамо аз ҷониби мутахассисони оператор – ҶДММ «Технология Групп» доир шуданд.

Бо назардошти он ки аз 1 январи соли 2025 рамзгузории электронии воситаҳои доруӣ ва молҳои тиббӣ ҷорӣ гардид, бо кормандони раёсатҳои минтақавии гумрукӣ ва воридкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Воридкунандагон вазифадор карда шуданд, ки пеш аз оғози марҳилаи нав бо оператор шартнома баста, рамзҳои электрониро дарёфт намоянд.

Дар айни замон низоми иттилоотии мақомоти гумрук бо низоми мақомоти андоз пурра ҳамгиро шудааст. Маълумоти марбут ба барасмиятдарории гумрукии молҳои рамзгузоришаванда ба таври ҳамарӯза ба мақомоти андоз пешниҳод мегардад, ки ин имкони назорати самаранок ва пешгирии қонунвайронкуниҳоро фароҳам меорад. Бо мақсади мусоидат ба дастрасии QR-рамзҳо ширкатҳои ватанӣ, аз ҷумла ҶДММ «Нури Муқаддас» рамзҳоро чоп мекунад. Иқтидори техникии ширкат имкон медиҳад, ки дар як шабонарӯз аз 10 ҳазор то 2 миллион рамз чоп ва ба мизоҷон пешниҳод гардад.

Хадамоти гумрук таъкид менамояд, ки татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июни соли 2023 ҷараёни муҳим дар самти шаффофияти муомилоти молҳо ва баланд бардоштани масъулияти иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мебошад. Корҳо дар ин самт минбаъд низ бо ҷалби тамоми захираҳо ва ҳамкории байниидоравӣ идома хоҳанд ёфт.

Илова бар ин, ҷорӣ намудани низоми рамзгузории электронии молҳои нӯшокӣ ва доруворӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии рақамикунонӣ ба шумор рафта, дар таъмини иқтисодиёт аз шаклҳои гуногуни қочоқ, гардиши ғайриқонунии маҳсулот ва кам кардани хавфҳои марбут ба саломатии аҳолӣ нақши калидӣ мебозад. Истифодаи рамзҳои электронии мутамарказ имконият медиҳад, ки ҳар бастаи маҳсулот аз лаҳзаи истеҳсол ё воридот то нуқтаи ниҳоии фурӯш назорат карда шавад.

Ин механизм дар баробари баланд бардоштани шаффофияти фаъолияти соҳибкорон ба такмили низоми баҳисобгирии гумрук ва андоз, пешгирии гардиши молҳои ғайристандартӣ ва тақвияти амнияти иқтисодӣ мусоидат менамояд. Бо татбиқи пурраи низом интизор меравад, ки сатҳи масъулияти истеҳсолкунандагон ва воридкунандагон бештар гардад ва истеъмолкунандагон имкони санҷиши мустақими ҳаққонияти маҳсулотро тавассути смартфон дарёфт намоянд.

Ҳамзамон чунин низом ба мутобиқ намудани инфрасохтори бозор ба меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ мусоидат намуда, барои ҷалби сармоягузорӣ ва рушди рақобатнокии истеҳсолоти ватанӣ заминаи мувофиқ фароҳам меорад.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 6, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон – 2026 доир мегардад
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидори амалкунанда беш аз 100 ҳазор зиёд гардидааст
Дар Тоҷикистон дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 122 баробар афзоиш ёфтааст
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «То соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил медиҳем»
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Бо саҳми соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша зиёда аз 10 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ гардида, 273 пул бунёд гардид»
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»