Дар Вазорати адлия хизматрасонии электронии тасдиқи аслияти маълумотномаи вазъи оилавӣ бо QR-рамз ба роҳ монда шуд
ДУШАНБЕ, 06.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 5 январи соли 2026 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд тасдиқи аслияти маълумотномаи вазъи оилавиро ба таври электронӣ ва бо истифода аз QR-рамз дастрас намоянд. Минбаъд барои гирифтани ин хизматрасонӣ ҳозир шудан ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурат нахоҳад дошт.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин иқдом бо мақсади татбиқи муқаррароти фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъалаҳои пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ тариқи электронӣ», инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ» амалӣ гардид.
Мувофиқи тартиби нав, шаҳрвандон баъди гирифтани маълумотномаи вазъи оилавӣ аз бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳо метавонанд барои тасдиқи аслияти он ба сомонаи расмии Вазорати адлия ворид шуда, дар равзанаи «Маълумотнома — тасдиқи аслияти маълумотномаи вазъи оилавӣ» маълумоти заруриро пур намоянд. Ариза тавассути ин портал ба таври электронӣ ба вазорат ирсол мегардад.
Натиҷаи баррасии ариза ба шаҳрванд дар шакли электронӣ ба суроғаи почтаи электронӣ ё тавассути смс-паёмак ба рақами телефони мобилии дар ариза гуфташуда фиристода мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки ин хизматрасонӣ аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон буда, шаҳрвандон новобаста аз он ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ ё берун аз он қарор доранд, метавонанд аз ин хизматрасонии электронӣ истифода намоянд.
АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд






