Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 96 тонна асал истеҳсол карда шуд
ДУШАНБЕ, 02.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар 11 моҳи соли 2025 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 10 ҳазору 737 оилаи занбӯри асал парвариш карда шуд. Дар ин давра 96 тонна асал истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 33 тонна зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 теъдоди оилаҳои занбӯри асал 2,5 ҳазор оила зиёд карда шуд.
Таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои амалисозии он ҳамасола тадбирҳои таъхирнопазир андешида мешаванд.
Дар доираи барномаҳои давлатию соҳавӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ, ки асоси таъмини амнияти ғизоӣ ба ҳисоб меравад, тадбирҳои судманд амалӣ мегарданд.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола заминҳои нав ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуда, садҳо гектар боғҳои мевадиҳанда бунёд ва коргоҳу корхонаҳои коркарди маҳсулоти меваю сабзавот ба истифода дода мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






