Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба Ҷоми Осиё-2026 омодагӣ мегирад
ДУШАНБЕ, 09.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал 14 январ барои омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 ба шаҳри Ҷакарта сафар мекунад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар доираи омодагиҳо даста дар Индонезия машқҳои дастҷамъонаи даҳрӯза доир мекунад. Дар доираи ҷамъомад дастаи мунтахаби Тоҷикистон се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.
Сармураббии дастаи миллӣ Пайрав Воҳидов 16 нафар- се дарвозабон ва 13 бозигарро ба тамринҳои дастҷамъӣ даъват кардааст. Ҳайати ниҳоии дастаи мунтахаб барои Ҷоми Осиё-2026 14 бозигарро дар бар мегирад.
Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми футзали Осиё-2026 тими миллии Тоҷикистон бо дастаҳои яккачини Узбекистон (28 январ), Ҷопон (30 январ) ва Австралия (1 феврал) бозӣ мекунад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






