Донишҷӯёни 56 филиали кафедраҳои Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар корхонаҳои пешқадами соҳавӣ фаъолият доранд

Январь 29, 2026 11:40

ДУШАНБЕ, 29.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯёни донишгоҳ таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва пешаздипломиашонро дар хоҷагиҳои пешқадами ҷумҳурӣ, ки дар онҳо шароити корию истироҳатӣ фароҳам оварда шудаанд, гузаштанд. Дар донишгоҳ 39 кафедраи тахассусӣ амал мекунад. Вобаста ба ихтисосҳои серталаб бо корхонаю ташкилоти пешқадами соҳавӣ ҳамкорӣ дошта, дар айни замон донишҷӯёни 56 филиали кафедра дар ин корхонаҳо фаъолият доранд. Дар ин хусус 27 январ зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Усмон Маҳмадёрзода иттилоъ дод.

Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 заминаи хеле мустаҳками таҷрибаомӯзӣ таъсис дода шуд, ки ба инҳо боғоти навбунёд дар минтақаҳои Чоряккорон ва Варзоб-ГЭС дохил мебошанд, ки саҳми донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳ дар шинонидану ободонии онҳо хеле калон мебошад. Дар ин боғот донишҷӯён донишҳои назариявиашонро дар амал татбиқ намуда, дар баробари ин тарзи корбариро дар истеҳсолот меомӯзанд.

«Барои алоқаманд намудани донишҳои назариявӣ ба илму истеҳсолот, такмили малакаи касбии донишҷӯён, иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ барои навиштани рисолаи хатм дарсҳои амалӣ бештар аз тарафи намояндагони корхонаҳои соҳавӣ гузаронида шуда, донишҷӯён бо истеҳсолот ва касби ояндаи худ аз наздик шинос мешаванд. Қисме аз донишҷӯён баъди таҷрибаомӯзии истеҳсолию пешаздипломӣ дар ин корхонаҳо бо кор таъмин карда мешаванд», — гуфт Усмон Маҳмадёрзода.

Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар соли таҳсили 2025 — 2026 ба донишгоҳ тибқи натиҷаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1561 нафар қабул карда шуд, ки ба 95,6 фоизи нақша баробар мебошад. 24 нафар тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба идомаи таҳсил 56 нафар, маълумоти дуюми олии касбӣ 116 нафар, магистр 40 нафар ва доктор аз рӯйи ихтисос 8 нафар қабул карда шуданд, ки дар маҷмуъ 1805 нафар мебошанд.

Иброз гардид, ки соли 2025 аз тарафи олимону омӯзгорони донишгоҳ 19 китоби дарсӣ, 76 дастури методӣ, 14 монография, 87 тавсиянома ва 1719 мақолаи илмӣ ба нашр расидааст.

АКС: Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Январь 29, 2026 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид