Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ДУШАНБЕ, 17.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб 400 нусха китобҳои гуногунмазмун оид ба илм, адабиёт, таърих, фарҳанг, педагогика, инчунин 10 рафи муосири китобмонӣ тақдим карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб хабар медиҳад.
Ин иқдом дар доираи Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ (2026) ва Солҳои фарҳанги китобхонӣ дар вилояти Хатлон (2026-2030) амалӣ гардид. Китобҳо ба хотири ғанӣ гардонидани фонди китобхона ва фароҳам овардани имконияти васеъ барои қонеъ гардонидани ниёзҳои маърифатии хонандагон мусоидат менамоянд.
Зимни тақдими китобҳо иброз гардид, ки ин иқдом саҳми арзандаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар рушду таҳкими фарҳанги китобдорӣ, тарғибу ташвиқи китобхонӣ ва баланд бардоштани завқи донишандӯзӣ дар байни наврасон, ҷавонон ва қишрҳои гуногуни ҷомеа аст. Донишгоҳ ҳамеша масъалаи рушди маънавият, густариши дониш ва таҳкими робитаи илм бо ҷомеаро аз самтҳои афзалиятноки фаъолият медонад.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар






