Довар аз Тоҷикистон бозиҳои қисми ниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2026-ро ҳакамӣ мекунад

Январь 26, 2026 10:16

ДУШАНБЕ, 26.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Довари ФИФА аз Тоҷикистон Суҳроб Сатторов ба рӯйхати довароне, ки бозиҳои қисми ниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2026-ро ҳакамӣ мекунанд, ворид шудааст.

Тавре ба АМИТ «Ховар»  аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, нахустин маротиба дар корномаи худ ин довари 36-солаи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё кор хоҳад кард.

Ҷоми 18-уми Осиё оид ба футзал аз 27 январ то 7 феврал дар Индонезия баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа шонздаҳ дастаи миллӣ, ки ба чор гурӯҳ тақсим шудаанд, иштирок мекунанд. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба марҳилаи плей-офф роҳ меёбад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Январь 26, 2026 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад
Дар мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Grand Slam 2026» оид ба гӯштини ҷудо 17 варзишгари тоҷик иштирок менамояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хиросима иштирок мекунад
ҶОМИ ФФТ-2026. Ҷуфтҳои даври нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон Суҳроб Сатторовро барои фаъолияти арзанда дар Ҷоми Осиё-2026 қадрдонӣ намуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор гардид
Ғолибони мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Темурмалик муайян гардиданд
Дар Душанбе курсҳои омӯзишӣ барои мураббии дарвозабонҳо ба анҷом расид