ЭҲТИЁТ-КАФИЛИ АМНИЯТ. Риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи гази моеъ омили асосӣ барои ҳифзи ҷони инсон аст
ДУШАНБЕ, 15.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло аксар хонаводаҳои мамлакат аз таҷҳизоти газӣ, хусусан аз балони газ (зарфи нагоҳдории гази моеъ) барои пухтупаз ва бархе сокинон аз гармкунакҳои газӣ истифода мебаранд. Ҳарчанд таҷҳизоти газӣ назар ба барқ арзонтар ва шуълааш барои пухтупаз ва гармӣ мувофиқтар аст, аммо зарфи нагоҳдории гази моеъ қоидаҳои хоси худро дорад, ки риояи дурусти он бехатариро таъмин менамояд.
Мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии мамлакат тавсия медиҳанд, ки балони газро (зарфи нагаҳдории гази моеъ) дар ҷойи танг, дар таҳхона ё дар зери нурҳои сӯзони Офтоб нигоҳ доштан мумкин нест. Онро дар ҷойе гузоред, ки ҳаворас бошад ва дар ҳолати рух додани ягон ҳодисаи нохуш газ роҳи баромад ба берунро ёбад. Ҳамеша кӯшиш кунед, ки он аз назди ҳар гуна асбоби барқӣ дур бошад. Инчунин зарфи нигоҳдории гази моеъ бояд ҳамеша дар ҷойи соя ва дур аз гармӣ бошад.
Ҳама намуди газҳои табиӣ барои инсон манбаи хатар ба ҳисоб мераванд. Аммо бештар гази метан ва гази моеъ, ки дар рӯзгор аз он зиёдтар истифода мешавад, хатар доранд. Ин газҳо дар ҳоли ихроҷ шудан одамро нафастанг мекунанд, заҳролуд менамоянд ва ба зудӣ метарканд. Аз ин рӯ, қоидаҳои муносибат бо онҳоро бояд ҳатман донист.
«Вақте дар хона бӯи газро ҳис мекунед, дар навбати аввал ҳама гуна асбоби барқиро хомӯш намоед. Ҳама утоқҳои хонаро аз назар гузаронида, тирезаҳоро боз кунед. Баъдан фавран аз хона берун бароед, то рафтани бӯйи он ворид нашавед. Агар пай бурдед, ки касе аз атрофиёнатон аз газ заҳролуд шудааст, фавран ӯро ба ҳавои тоза бароред, тавре хобонед, ки сараш боло бошад ва дарҳол мошини ёрии таъҷилиро даъват кунед», – таъкид мекунанд мутахассисон.
– Сигор дуд накунед, гӯгирд назанед, зеро ҳар гуна шуъла ҳатто агар хурд ҳам бошад, хатари азим дошта метавонад.
– Зарфҳои нигаҳдории газеро, ки истифода намебаред, берун аз хона нигоҳ доред.
– Ҳангоми тайёр кардани хӯрок назорат кунед, ки оби ҷӯш ё равғани доғ ба оташ нарасад.
– Вақте пухтупазро ба охир мерасонед, бодиққат бошед. Ҳамеша мили газро маҳкам кунед ва тозаву озода нигаҳ доред.
– Онро ҳамеша тоза нигоҳ доред. Агар дидед, ки равған рехтааст ё чизи дигар, баъди анҷоми кор оҳиста онро пок кунед.
Ҳамчунин бояд гуфт, ки дар фасли сармо бархе сокинон аз гармкунакҳои газӣ истифода мебаранд. Агарчӣ он аз ҷиҳати иқтисодӣ судманд ва барои гарм кардани манзил мусоид аст, вале истифодаи нодурусти он метавонад ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ расонад.
Бӯи газ ва маҳсулоти сӯзишвории он, махсусан дар утоқҳое, ки ҷойи ҳавогузар надоранд, метавонанд боиси сардард, чарх задани сар, дилбеҳузурӣ, заъф ва заҳролудшавии шадид гарданд.
Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки гармкунакҳои газиро танҳо дар утоқҳои дорои ҳавогузар истифода кардан мумкин аст. Истифодаи чунин таҷҳизот дар ҳуҷраҳои баста ва ё ҳангоми хоб қатъиян манъ мебошад. Пеш аз фурӯзон намудани чунин гармкунакҳо бояд ҳолати қубурҳо, пайвастшавӣ ва мили газ бодиққат санҷида шавад. Ҳангоми анҷоми истифода гармкунак бояд пурра хомӯш карда шуда, таъмини қатъгардии ҷараёни газ назорат карда шавад.
Ҳамчунин таъкид мешавад, ки кӯдакон набояд ба таҷҳизоти газӣ наздик шаванд ва дар назди онҳо беназорат монанд.
Мутахассисон таъкид менамоянд, ки риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи гази моеъ кафолати ҳифзи ҷони инсон ва амнияти манзил мебошад. Ҳар шаҳрванд бояд нисбат ба ин масъала бо масъулияти баланд муносибат намояд, зеро бепарвоӣ метавонад сабаби оқибатҳои ҷуброннопазир гардад.
Таҳияи Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
ИФРОТГАРОӢ – ХУДСӮЗӢ ВА ХИЁНАТ БА ДАВЛАТ АСТ!
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






