Эмомалӣ Раҳмон: «Сада дар радифи дигар ҷашнҳои миллии мо мероси маънавии пурбаҳое аз аҷдоди некномамон мебошад»
ДУШАНБЕ, 31.01.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ҷашни Сада дар радифи дигар ҷашнҳои миллии мо мероси маънавии пурбаҳое аз аҷдоди некномамон мебошад, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ аз нав эҳё гардид. Эҳёи дубораи ин ойини бостонӣ дар замони соҳибистиқлолӣ ба он чун ҷузъи ҳофизаи таърихии миллат умри дубора ва рангу таровати тоза бахшид. Чунин изҳор доштанд имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Сада.
«Бояд гуфт, ки бо вуҷуди монеаҳои сунъии дар тӯли асрҳои зиёд барои баргузории ҷашни Сада эҷодшуда миллати тоҷик онро ҳамчун арзиши зиндагисоз дар хотираи худ ҳифз намудааст»,- тазаккур доданд Пешвои миллат.
Сарвари давлат хотирнишон намуданд, ки номи ҷашни Садаро маъмулан ба рақами сад, яъне панҷоҳ рӯзу панҷоҳ шаб то Наврӯз рабт медиҳанд, аммо ба андешаи баъзе донишмандони дигар Сада аз вожаи «санд»-и авестоӣ гирифта шуда, маънои падид омадан, равшан шудан ва зоҳир гардиданро ифода мекунад, ки иртибот ба равшанию гармӣ дорад.
«Дар меҳвари Сада ғояҳои инсондӯстӣ қарор дошта, ин ойини бостонӣ мисли дигар ҷашнҳои миллии мо ифодагари пайванди азалии инсон бо табиат ва коинот, рамзи шодиву хурсандӣ, ободиву хуррамӣ, покиву озодагӣ, сулҳу осоиш ва пояндагии гармиву рӯшноӣ мебошад», — иброз доштанд Роҳбари давлат.
АКС аз бойгонӣ








Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар






