Гуфтори «Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон» заминаи ваҳдати миллӣ ва фарҳанги ҳамзистиро муҳайё месозад
ДУШАНБЕ, 11.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳар давру замон барои миллатҳои мутамаддин давлат, истиқлолият ва ваҳдат арзишҳои муқаддас ба шумор мераванд. Мавҷудияти амнияту субот барои бақои ин арзишҳо нақши муҳим доранд. Омили асосии расидан ба чунин саодат ҳамбастагии ваҳдату ҳамдилӣ бо халқ ифода меёбад. Бо назардошти авзои сиёсии ҷаҳон дар шароити муосир аз ҳар ҷониб ин падидаҳо дар сарнавишти миллатҳо, бахусус тоҷикон муҳим арзёбӣ мешаванд.
— Халқи тоҷик дар масири таърих ҳамеша бо созандагии хеш маъруф буда, дар ҳар марҳилаи таърихӣ осоре боқӣ гузошт, ки ифтихори инсоният гардид. Таълимоти меҳрпарастию фарҳанги оламшумули «Авасто» ҳанӯз дар аҳди қадим оламро мунаввар намуду садҳо қавму қабоилро ба самти инсонгароӣ раҳнамун сохт. Куруш бо эъломияи ҳуқуқи худ 2500 сол қабл бори нахуст ба ҷаҳониён эълон дошт, ки инсон муқаддастарину афзалтарин махлуқоти аҳуроист. Бозмондаҳои сулолаи Ҳахоманишиён дар мисоли шаҳру кӯшкҳои муҳташам, роҳу мавзеъҳои муназзам дар мисоли Тахти Ҷамшед, Посоргод, харобаҳои Экботану Суз ва истахр, катибаҳои Доро, Тахти сангин ва садҳои дигар намунаи барҷастаи хислати созандагии аҷдодони мо дар он айём мебошанд.
Дар аҳди ҳукмронии сулолаҳои ориёии Кушониёну Ҳайтолиён дар Тоҷикзамини Шарқӣ ва Порту Сосон дар Тоҷикзамини Ғарбӣ тамаддуни ориёӣ бо ҳама имконоташ рушд намуд. То ҳуҷуми араб ниёгони мо соҳиби ҳама арзишҳои волои инсонӣ буданд. Садҳо асарҳо аз ҷониби садҳо олимону рӯшанфикрон таҳия шудаю дастраси омма гардида буд. Академияи гунди Шопур яке аз нигинҳои Ғарбу Шарқ дар густариши илму ирфон дониста мешуд.
Бояд иброз намуд, ки то густариши ислом дар қаламрави Эронзамини таърихӣ ҳамвора дин дар бештари маврид ба нафъи замини аҷдодӣ ва халқ истифода мешуд. Ҳамин буд, ки идораи давлат доимо қудрати асосӣ дар дасти ориёиҳо буд. Бештари давлатҳои тоисломии қаламрави Эрони таърихӣ хусусияти дунявият доштанд. Барои мисол, низоми давлатдории шоҳ Ҷамшед ва меросбарони онро бояд пеши назар овард. Бо такя ба маълумоти китоби «Авесто» шоҳ Ҷамшед динсолориро не, балки дунёсолориро афзалтар донист ва бо асои хеш чун рамзи идораи давлат ва қудрат барои саодати башар подшоҳӣ намуд. Давлати Ҳахоманишиён низ ин суннатро идома дод. Агар ба моҳияти аслии эъломияи ҳуқуқи инсони Куруш таваҷҷуҳ намоем, инро баръало мушоҳида мекунем. Дар ин эъломия мақоми ҳама дину таълимот баробар дониста шуда, ҳеҷ як дин ба сифати дини расмии давлатӣ эътироф намешавад.
Дар аҳди мавҷудияти империя Порт (Ашкониён) ва Кушониёну Ҳайтолиён низ ин чизҳо хуб ба назар мерасанд.
То густариши дини ислом дар фарҳанги давлатдорию давлатсозӣ гузаштагони мо таҷрибаи басе бой доштанд. Ҳамин буд, ки арабҳо ба қувваи зеҳнии онҳо такя намуда, идораи хилофати Умавиён ва Аббосиёнро ба танзим дароварданд. Пас аз ҳуҷуми араб давоми асрҳои VII – VIII марҳилаи наве дар рушди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии халқҳои қаламрави Эрон ва Хуросону Мовароуннаҳр ба вуҷуд омад.
Гуфтан зарур аст, ки бо ҷорӣ шудани дини ислом дар замони ҳукмронии хулафои рошидин дар қаламрави хилофат бо шарофати фарзандони тоҷику форс мактабу марказҳои гуногуни мазҳабӣ, илмӣ ва фарҳангӣ пайдо шуданд. Мактаби илмию тиббии «Гунди Шопур», ки дар Хузистон амал мекард, бо дастпарварони худ дар рушди фарҳанги ин давра заминаи боэътимод гардид. Дар ҳамин замина олимону мутафаккирони тоҷик, ба мисли Форобию Берунӣ, Рӯдакию Ибни Сино ба офаридани осори илмиву фалсафӣ ва адабӣ пардохтанд. Таълимоти дини ислом низ дар ин давра инкишоф ёфта, аз пиндору тахайюл то ба дараҷаи мантиқ сабзида расид.
Ба назари мо, ҳангоми арзиш додан ба ҳувияти миллӣ ва динӣ бояд ба ин андеша такя кард, ки ҳувияти миллӣ ҳини тавлид ва кӯдакӣ, аммо ҳувияти динӣ дар марҳилаҳои минбаъдаи рушди шахсият шакл мегирад. Ба ин хотир гуфтаи Пешвои миллат дар хусуси он ки «Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон» комилан мантиқӣ ба назар мерасад ва «аввал» дар ин ибора на бартарии арзишӣ, балки маънои таърихӣ ва тартиби пайдоишро дар худ ғунҷонидааст. Ин далел бозгӯи он аст, ки ташаккули миллат аз ташаккули эътиқоди исломӣ пештар ба вуҷуд омадааст. Ин ба фаҳмиши эҳсосӣ ва динӣ- ҷудо кардани дин аз ҳувияти миллӣ дохил набуда, баръакс дин ҷузъи ҳувияти миллӣ шинохта мешавад.
Яъне, муқаддам гузоштани миллат аз дин моро ҳушдор медиҳад, ки тавассути маҷмуи унсурҳои ҳувиятсози миллӣ инсон худшинос мегардад ва аз худшиносӣ, миллатдӯстӣ ва эҳёи суннатҳои миллӣ ифтихор менамояд. Унсурҳои ҳувиятсоз, амсоли забони миллӣ, мероси фарҳангӣ, хотираи таърихӣ, арзишҳо ва суннатҳои муштарак ва таҷрибаи зиндагии иҷтимоӣ заминасози ваҳдати миллӣ мебошанд. Ваҳдати миллӣ омили асосии бақои давлати миллӣ аст. Ҳеҷ давлате бе ваҳдати миллӣ побарҷо нест ва рушд карда наметавонад. Дар давлате, ки ҷанбаи миллӣ ва худшиносии миллӣ авлавият дорад, ваҳдати миллӣ омили бақои давлат ва кафили рушди минбаъдаи он арзёбӣ мегардад.
Ҳамин тавр, мантиқан хулоса баровардан мумкин аст, ки мавриди амал қарор додани модели «Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон» заминаи ваҳдати миллӣ ва фарҳанги ҳамзистиро муҳайё месозад.
Саидмуроди ХОҶАЗОД,
директори Маркази табъу нашр, тарҷума ва баргардони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ,
доктори илмҳои филология, профессор,
Фаридун КЕНҶАЗОД,
сармуҳаррири нашрияи «Омӯзгори ҷавон»-и
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
АКС: АМИТ «Ховар»








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 7 миллион нафар аҳолии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин аст
Дар Тоҷикистон то 5 феврал ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
2 феврал – Рӯзи ҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 шумораи қонуншиканиҳо дар самти танзими ҷашну маросим коҳиш ёфт
1050-СОЛАГИИ РОБИАИ БАЛХӢ. Мавзуи асосии сурудаҳои ӯ ишқу муҳаббати инсонӣ, тасвири табиат ва зебоиҳои он мебошанд
Комиссияи Аврупо талаботро барои интиқолдиҳандагони хориҷӣ сахттар намуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Ёдгориҳои Хутали Қадим таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд
Мактаби давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — намунаи барҷастаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон
САДА АЗ ОМАДАНИ БАҲОР ВА АНҶОМИ САРМО БАШОРАТ МЕДИҲАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Покиву покизагии гирду атроф ва зеҳну қалбҳо яке аз ҷанбаҳои муҳими ҷашни Сада ба ҳисоб меравад
САДА — ҶАШНИ БОСТОНИИ МАРДУМИ ТОҶИК. Нуру гармӣ ҷавҳар ва рамзу асли зиндагиофарии ин ид мебошанд






