Исфандиёри Саъдулло: «Барои беҳтар намудани хизматрасонии алоқа 1850 истгоҳи базавӣ насб карда мешавад»

Январь 29, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 29.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар Тоҷикистон 1946 истгоҳи базавӣ насб карда шуд, ки нисбат ба соли 2024 (798 адад) 243,9% зиёд мебошад. Дар айни замон дар мамлакат 17 019 истгоҳи базавӣ фаъолият дорад. Соли 2026 насби 1850 истгоҳи базавӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус 28 январ зимни нишасти матбуотӣ Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Иброз гардид, ки барои вусъат бахшидани фаъолияти истгоҳҳои базавӣ ва дастрасӣ ба шабакаи баландсуръати интернет соли 2025 1499 километр хати нахи нурӣ кашида шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024, ки 300 километрро ташкил медод, 5 баробар (500%) зиёд мебошад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 10 030 километр шоҳроҳҳои хати нахи нурии алоқа ба роҳ монда шудааст. Соли 2026 кашидани 4683 километр хатҳои нави нахи нурӣ ба нақша гирифта шудааст.

«Ҳамчунин барои таъмини фаъолияти мунтазами алоқа дар минтақаҳое, ки дастрасӣ ба неруи барқ маҳдуд аст ва ё ҳангоми қатъ гардидани неруи барқ тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Аз ҷумла, харидорӣ ва муҷаҳҳазгардонии иншооти алоқа бо аккумуляторҳо ва дизел-генераторҳо, таъмини онҳо бо сӯзишворӣ, инчунин насб ва ба роҳ мондани фаъолияти муътадили онҳо таҳти назорати мутахассисони соҳа қарор дорад», – иброз дошт сардори Хадамоти алоқа.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар шабакаҳои алоқаи барқӣ 9642 гурӯҳи аккумуляторҳо, 3276 дизелгенератор ва 485 панели офтобӣ мавриди истифода қарор дорад. Соли 2026 насб ё иваз намудани 1839 аккумулятор, 262 дизелгенератор ва насби 825 панели офтобӣ бо иқтидори 4 МВт ба нақша гирифта шудааст.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Январь 29, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст