ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
ДУШАНБЕ, 20.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити муосир ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва таъмини амнияти миллӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарин ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ҳар давлати соҳибистиқлол аз ҳама имконоти мавҷуда истифода намуда, кӯшиш менамояд, ки истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзии мамлакат ва манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷомеа ва давлатро аз таҳдидҳои дохилию берунӣ ҳифз намояд.
— Дар шароити имрӯзаи ҷаҳон, ки раванди глобализатсия ва бархӯрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат шиддат гирифта, хавфи терроризми байналмилалӣ, экстремизми динию сиёсӣ, ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир, дар доираи манфиатҳои худ дахолат намудани кишварҳои бузург ба корҳои дохилии давлатҳои дигар, ба вуҷуд омадани буҳронҳои сиёсӣ ва мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ дар тамоми минтақаҳои олам, муҳоҷирати идоранашаванда, таҳдид ва хатарҳои доимии дохилӣ ва берунӣ, тамоюли хавфноки сепаратистӣ, ҷудоиандозӣ, маҳалгароӣ ва минтақагароӣ, авҷи муносибатҳои коррупсионӣ ва даҳҳо мушкилоти дигар ҳамчун проблемаҳои доғи рӯз густариш меёбанд, бояд ба амнияти миллӣ ва таъмини бехатарии он бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Дар таъмини амният ва бехатарии ҷомеа ҳар фард ва давлат масъулияти хосса дорад. Масъалаи масъулияти давлат ва шаҳрванд ба хотири ҳифзи амнияти миллӣ дар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ беҳуда хосияти расмӣ нагирифтааст. Тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаддас будани Ватан ва зарурати ҳифзи он аз ҷониби ҳар фарди мамлакат махсус таъкид гардида, аз ҷумла чунин омадааст: “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири таъмини амният ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ бо мақсади бунёди ҷомеаи воқеан демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ дар ҳама самтҳое, ки эҳтимоли таҳдид намудан дорад, мубориза бурда мешавад. Дар маҷмуъ, самтҳои асосии рушди давлати миллиро дар шароити Тоҷикистони муосир инҳо ташкил медиҳанд:
— ҳифзи истиқлолият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон; ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар арсаи муносибатҳои байналхалқӣ;
— таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ-стратегӣ, илмӣ-техникӣ, иттилоотӣ ва экологӣ;
— таъмини амнияти иттилоотӣ дар доираи равандҳои глобализатсионии олам;
— таъмини амнияти энергетикӣ, озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ;
— мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккил, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва ғайраҳо;
— мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳо, ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ;
— мубориза ва пешгирии фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва ташкилоти ҷиноӣ, шахсони алоҳида ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки мақсади бо роҳи зӯроварӣ нест намудан ва тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ва динӣ доранд;
— таъмини ҳифзи сарҳади давлатӣ ва ғайра.
Ин гуна масъалаҳо дар самти таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити давлатдории навин масъалаҳои нав нестанд. Аз ин лиҳоз, андешидани тадбирҳои зарурию судманд барои рафъи онҳо аз ҳар ҷиҳат ва дар ҳама ҳолат афзалиятнок ва муҳимму таъхирнопазир аст.
Дар шароити муосири рушди давлатдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтимоли вусъат ёфтани таҳдидҳои берунӣ ба амнияти миллии мамлакат беш аз пеш дарак медиҳад. Возеҳ аст, ки дар низоми навини олам, бахусус дар кишварҳои Шарқи Наздику Миёна ҷараёнҳои динию мазҳабии дорои хусусияти ифротгароёнаю иртиҷоӣ нуфуз пайдо намуда, аз доираи кишварҳои алоҳида берун шуда, хосияти глобалӣ пайдо менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин истисно нест.
Бисёр таҳдиду хатар ва даъватҳое, ки пайомади равандҳои глобалӣ ба ҳисоб мераванд, бо ҳам алоқамандии ногусастанӣ доранд. Зеро ҳамаи ин зуҳуроти манфӣ, аз қабили терроризму экстремизм, ҷангҳои иттилоотию мазҳабӣ, бархӯрди тамаддунҳову “ҷанги сард” натиҷаи фаъолияти бошуурона ва эҷодкоронаи гурӯҳҳои муайяни одамон ва махсусан қудратҳои пешрафтаи олами мутамаддинанд. Аз ин лиҳоз, яке аз самтҳои асосии таъмини амнияти миллӣ дар шароити Тоҷикистони муосир- ин таъмини амнияти иттилоотӣ мебошад.
Яке аз хатарҳои дигари асосие, ки дар олами муосир ҳеҷ яке аз давлатҳои оламро бетараф гузошта наметавонад, ин шаклан, моҳиятан ва сифатан дар ҳолати мутафовит аз гузашта ривоҷу равнақ пайдо намудани моҷароҳои сиёсӣ ва омезиш ёфтани онҳо бо терроризми байналхалқӣ ва экстремизми динӣ мебошад. Солҳои охир, тавре ки таҷрибаҳо собит менамоянд, ҳар моҷарои сиёсие, ки дар дохили як давлат ва ё байни давлатҳо сар мезанад, бештар бо таъсири қудратҳои берунӣ ба амал меояд. Зеро баъзе давлатҳои абарқудрат бо таъсир доштан ба давлатҳои дигар, пеш аз ҳама, манфиатҳои худро ҳимоя намуда, мақоми худро дар фазои геополитикӣ пурзӯр мегардонанд ва ба ин васила доираи манфиатҳои худро васеъ мегардонанд.
Ҳамин тариқ, рушди босуботи давлати муосири Тоҷикистон дар ҳолате имконпазир аст, ки ҳар гуна таҳдиду хатарҳои мавҷуда ва эҳтимолиро ба назар гирифта, пайваста барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияту субот ва расидан ба ҳадафҳои стратегӣ аз ҳама воситаю имконият истифода бурда шавад.
Бо назардошти тағйирёбии вазъи сиёсию иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, раванди бартариҷӯии кишварҳои абарқудрати олам, мусаллаҳшавии бошитоби давлатҳо, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” дар байни бозингарони асосии сиёсати кабир, шиддат гирифтани таъсири мушкилоти дорои хосияти умумисайёравӣ ба амнияти давлатҳои миллӣ, алахусус Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур шуморида мешавад, ки ин ҳадафҳои стратегӣ барои таъмини амнияти миллӣ ва пойдории истиқлолияти сиёсӣ дар рушди давлати муосири Тоҷикистон амалӣ карда шаванд:
— боз ҳам пурзӯртар гардонидани фаъолияти мақомоти амнияти давлатӣ;
— тадриҷан аз байн бурдани омилҳое, ки ба сифати манбаи таҳдид ва хатарҳои дохилӣ баромад менамоянд;
— ҳимояи боз ҳам беҳтари талаботу манфиатҳои шаҳрвандон ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи мамлакат;
— устувор гардонидани сиёсати хориҷӣ дар заминаи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти давлатӣ дар доираи стратегияи дарозмуддат.
Таъмин будани амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун кафолати рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми мамлакат мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ махсус таъкид намуданд, ки “маҳз сулҳу субот, амнияту осоиш ва волоияти қонун имкон дод, ки мо рушди босуръати иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии мамлакатро таъмин карда, сатҳи некуаҳволии халқро баланд бардорем. Агар дар ҷомеа ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи устувор ва волоияти қонун набошад, мо ба ягон ҳадафи неки худ намерасем ва ягон нақшаи мо амалӣ намегардад. Инро бояд хурду бузурги мамлакат дар хотир дошта бошанд. Бинобар ин, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд вазифаи худро дар самти ҳимояи суботу оромии ҷомеа, амнияту осоиши давлат ва мардуми Тоҷикистон бо садоқат ба давлат ва халқи мамлакат таъмин намоянд”.
Мубориза бар зидди терроризму экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ вазифаи ҷонии онҳо дар шароити ноорому буҳронии ҷаҳони муосир мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ҳамчунин иброз намуданд, ки “Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки барои боз ҳам беҳтар гардонидани шароити кору зиндагии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳои иловагӣ андешад”.
Вазъи мураккаб дар манотиқи гуногуни дунё, шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ ба хотири аз нав тақсим кардани ҷаҳон, мавҷи нави «ҷанги сард», яроқнокшавии бошитоб, заиф гардидани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва дигар равандҳои пуртазод дар арсаи байналмилалӣ ҳамоно боиси нигаронӣ боқӣ мемонад. Вобаста ба ин, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дар чунин шароит моро зарур аст, ки дар баробари иштироки фаъол дар равандҳои глобалӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ саъю талошҳоямонро барои расидан ба ҳадафҳои созанда – пойдории сулҳу субот ва таъмини амнияти фарогир тақвият бахшем.
Доир ба самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки зимни татбиқи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо фаъолияти байналмилалиамонро ба хотири тавсеаи равобити сиёсӣ ва ҳамкории гуногунҷанба бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон бар пояи усулҳои эътимод, эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар ва сиёсати «дарҳои кушода» минбаъд низ идома хоҳем дод. Ҳамзамон бо ин, барои рушду таҳкими муносибатҳои ҳамаҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва фарҳангию башарӣ тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд. Дар маҷмуъ, Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷониба бо кишварҳо ва ниҳодҳои шарик таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, барои идомаи иштироки фаъол дар заминаҳои гуногун минбаъд низ саъю талош хоҳад кард.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат намуданд, ки дар шароити буҳронию ноороме, ки ҷаҳони имрӯза қарор дорад, ҳифзи истиқлолу озодӣ, заҳмат ба хотири пешрафти давлат ва ободии Ватан вазифаи аввалиндараҷаи ҳар шаҳрванди бонангу номуси мамлакат маҳсуб мешавад. Пас биёед, ҳама якҷояю ҳадафмандона, бо руҳияи баланди миллӣ, шукргузорию ифтихор аз соҳибватанию соҳибдавлатӣ ва фарҳангу тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Тоҷикистон ва баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ кӯшишу талоши бештар намоем.
Хушбахт ХОЛОВ,
дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд






