ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭҲЁИ ҶАШНИ САДА. Андешаҳо дар ин маврид

Январь 26, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 26.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сада дар қатори Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Дайгон (Шаби чилла, шаби ялдо) яке аз ҷашнҳои бостонии халқи тоҷик аст, ки солҳои охир дар  замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифи Тоҷикистон онро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда, бадин минвол ин ҷашни куҳани азёдрафтаро аз нав эҳё ва зинда гардониданд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми телевизионӣ ба муносибати ҷашни Сада (29 январи соли 2018) иброз доштанд, “ҷашнҳои миллии мо, ки аз қаъри асрҳо ба замони мо расидаанд, ҳоло дар сатҳи давлатӣ, бо рангу ҷилои беҳтар ва бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мегарданд. Зеро ин ҷашнҳо ёдгоре аз ниёгони ориёии мо буда, мардуми тоҷик онро, аз ҷумла маросими Садаро бо вуҷуди нодида гирифтану монеа эҷод карданҳои зиёд ҳамчун ҷузъи ҷудоинопазири хотираи фарҳангии чандинҳазорсолаи худ ва ба сифати дурдонаҳои гаронбаҳои маънавӣ ҳифз намудаанд”.  

— Ҳамзамон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «ҷашни Сада дар баробари Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон яке аз унсурҳои муҳимтарини ҳастиву ҳувияти мо- тоҷикон маҳсуб шуда, гиромидошти он аз ҷумлаи роҳҳои муассири тақвияту густариши хештаншиносию худогоҳии миллӣ мебошад».

Чун ба устура ва ривоятҳои замони гузашта ва сарчашмаю маъхазҳои таърихию илмӣ назар меафканем, дармеёбем, ки Сада ҷашни оташ аст. Оташе, ки моро гарм сохта, равшанӣ мебахшад. Оташе, ки хомро пухта гардонида, сарморо ба гармо табдил медиҳад. Оташе, ки эҳтиромаш мекунем ва аз ӯ таманно дорем, ки “зардии рӯйи моро гираду ба мо сурхии рӯйи худро ҳадя намояд”.

Оташ дар баробари хоку обу бод яке аз унсурҳои ҳастизо буда, пайдоиши онро ба Ҳушанги Пешдодӣ ва баъзан ба Фаридуни Фаррух нисбат медиҳанд. Оид ба таърихи пайдоиши ҷашни Сада фикрҳо ягона набуда, гуногунмазмун, мухталиф ва андешаангезанд. Чунончӣ, Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ  дар “Шоҳнома”-и  безавол дар қисмати “Подшоҳии Ҳушанг” оид ба бунёд ниҳодани ҷашни Сада  ривоятеро меоварад, ки Ҳушанг сангеро гирифта, сӯйи мор ҳаво медиҳад, вале санг ба мор нею ба санги дигар бархӯрда, оташ падид меояд:

“Яке рӯз шоҳи ҷаҳон сӯи кӯҳ,
Гузар кард бо чанд кас ҳамгурӯҳ.
Падид омад аз дур чизи дароз,
Сияҳрангу тиратану тезтоз.
Ду чашм аз бари сар чу ду чашма хун,
Зи дуди даҳонаш ҷаҳон тирагун.
Нигаҳ кард Ҳушанги боҳушу нанг,
Гирифташ яке сангу шуд пешчанг.
Ба зӯри каёнӣ биёзид даст,
Ҷаҳонсӯз мор аз ҷаҳонҷӯ биҷаст.
Баромад ба санги гарон санги хурд,
Ҳам ону ҳам ин санг бишкаст хурд.
Фурӯғе  падид омад аз ҳар ду санг,
Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг.
Нашуд мор кушта, валекин зи роз,
Падид омад оташ аз он санг боз.
Ҳар он кас, ки бар санг оҳан задӣ,
Аз ӯ равшаноӣ падид омадӣ.
Ҷаҳондор пеши ҷаҳонофарин,
Ниёиш ҳамекарду хонд офарин.
Ки ӯро фурӯғе чунин ҳадя дод,
Ҳамин оташ он гоҳ қибла ниҳод.
Бигуфто: “Фурӯғест ин эзадӣ,
Парастид бояд, агар бихрадӣ”.
Шаб омад, барафрӯхт оташ чу кӯҳ,
Ҳамон шаб дар гирди ӯ бо гурӯҳ.
Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашни Фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.” (Шоҳнома, ҷилди 1. – Душанбе, 1964, саҳ. 43-44).

Аз гуфтаҳои Ҳаким  Фирдавсии Тӯсӣ  бармеояд, ки оташ маъбуд нест, чӣ гуна ки оташпарастонро ба он муттаҳам кардаанд, ки гӯё “оташ маъбуди онҳост”. Чӣ гуна ки Каъба барои мусулмонон қибла аст,  оташ низ барои оташпарастон ҳамин гуна мақомро доро будааст. Дар ин ҳолат “ривояти Мусо”-ро  ба  хотир бояд овард, ки Худованд дар шакли оташ ба ӯ зоҳир шуда буд, вале оташ барои Мусо маъбуд набуд.

Дар таърихи илму фарҳанги  халқи тоҷик  роҷеъ ба пайдоиши ҷашни  Сада андешаҳои гуногуну мухталифи ҳакимон, адибону муҳаққиқон  вуҷуд доранд, ки баръакси гуфтаҳои Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ мебошанд ё ба таъбири дигар, бо Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ ҳамфикр нестанд. Муҳаққиқи эронӣ Халил Ахавони Зинҷонӣ дар такя бар осори Шаҳмардон бинни Абулхайри Розӣ – “Равзат-ул-мунаҷҷимин” пайдоиши ҷашни Садаро аз Фаридун медонад. Ӯ чунин нигошта: “Сабаби ниҳодани Сада он буд, ки чун Фаридун мардуми Заҳҳокро ҳамегирифт ва уқубат ҳамекард, чунонки  мустаҷиб буд ва Заҳҳокро таббохе буд Армоил  ном, ки мардумро куштӣ ва мағз берун овардӣ. (Фаридун) ӯро бигрифт ва фармуд, ки биёвезанд… . Армоил гуфт: Ман некӯӣ бештар аз он натавонистам кардан, ки якеро ҷон боз додаме… пас, эй малик маро ба ҷон зиндагонӣ бахш… . Фаридун шод шуд ва гуфт: “Ин ҳол чӣ гуна аст?” … . “Инак, кӯҳи Дамованд паноҳи хеш карданд ва он ҷо мақом карда”. Фаридун гуфт: “Ман ба тани хеш биёям ва дурустии ин ҳол бикунам ва эшонро бубинам”. Иттифоқ чунин афтод, ки чун он ҷо расид, шаб буд. Армоил дар он вақт бифармуд, то дар ҳама ҷойгоҳ оташ карданд. Пас ҳар кӣ буд, рӯй ба оташ фурухтан ниҳоданд, то бисёре адади эшон пайдо омад. Фаридун инро ҷашне фармуд кардан ва расме шуд… . Аммо баъзе шаби Озаррӯз (рӯзи нуҳуми моҳ аст)-и Баҳманмоҳ кунанд, ки панҷа ба Обонмоҳ бувад ва гӯянд: Бояд, ки то Наврӯз панҷоҳ шаб ва панҷоҳ рӯз монда бувад ва аз ин сабаб Сада хонанд. Аммо ин ҳеҷ нест, бояд, ки сад рӯз аз зимистон гузашта бувад, Обонмоҳ, Озармоҳ, Даймоҳ ва даҳ рӯз аз Баҳманмоҳ ва панҷа ба охири Исфандормуз бошад…” (Наврӯз (бо кӯшиши Алии Деҳбошӣ). –Теҳрон: Афкор, 1337, саҳ. 334-395).

Мутафаккири тоҷик  Ҳаким  Абурайҳони Берунӣ низ дар “Осор-ул-боқия” ин ривоятро оварда, навиштааст, ки “ин воқеа дар шаби даҳуми Баҳманмоҳ буд” ва ҳамзамон илова намудааст, ки “эшон (яъне, қавму қабилаҳои ориёнитабор) оғози зимистонро аз панҷ рӯз, ки аз Обонмоҳ бигузарад, мешумурданд. Ва охири зимистон даҳ рӯз, ки аз Баҳманмоҳ мегузашт, мешумурданд” (Берунӣ А. Осорулбоқия. –Душанбе: Ирфон, 1990, саҳ. 248-249). Аз ин ҷо метавон натиҷа гирифт, ки Сада ҷашни оташ буда, даҳуми Баҳманмоҳ баргузор мегардидааст.

Мутафаккири тоҷик Ҳаким Абурайҳони Берунӣ дар “Осор-ул-боқия” бевосита аз Сада ном нагирифтааст, вале дар “Китоб-ут-тафҳим”-аш савол медиҳад, ки “Сада чист?”, сипас дар шарҳи он чунин менигорад: “Обонрӯз аст аз Баҳманмоҳ. Ва он даҳум рӯз бувад. Ва андар шабаш, ки миёни рӯзи даҳум аст ва миёни рӯзи ёздаҳум оташҳо зананд ба говзу бодом ва гирд ба гирди он шароб хӯранд ва лавҳу шодӣ кунанд… . Ва аммо сабаби номаш чунон аст, ки аз ӯ то Наврӯз панҷоҳ рӯз аст ва панҷоҳ  шаб…” (Берунӣ А. Китоб-ут-тафҳим. – Душанбе, 1973, саҳ 145).

Чӣ тавре ки мебинем, Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ  пайдоиши Садаро ба Ҳушанг, вале  Ҳаким Берунӣ ба Фаридун нисбат медиҳанд, ки ҳарду ҳолат низ аз ниҳоят қадимӣ будани ин ҷашн шаҳодат медиҳанд.

Сада аз ҷиҳати пайдоиш ҷанбаи асотирӣ ва аз айёми ҷашнгирӣ ҷанбаи тақвимиро дорост. Муҳаққиқи  эронӣ  Меҳрдоди Баҳор доир ба ҷашни Сада менависад, ки “дар мутуни паҳлавии сосонӣ аз Сада ишорае  нашудааст. Ин худ равшанкунандаи масъалаи тозаест ва он ки як решаи аъёди бумӣ дар Эрон буда, саранҷом дини зардуштӣ Меҳргон ва Наврӯзро мепазирад, вале муҳтамалан иди Садаро чун ҷодуӣ мепиндошта, вориди дин накардааст” (Наврӯз (бо кӯшиши Алии Деҳбошӣ). –Теҳрон: Афкор, 1337, саҳ. 313).                                                                                                                                 

Ба андешаи ӯ, “аммо таваҷҷуҳи он ба адади “сад” иттифоқе омиёна аст. Чунки панҷоҳ рӯзу панҷоҳ шаби монда ба Наврӯзро “сада” фарз кардаанд. Ба гумони ман, “сада” аз решаи “sand”-и авестоӣ аст, ба маънии “зоҳир шудан”. Хуршед пас аз чиҳил рӯз зоҳир мешавад” (Наврӯз (бо кӯшиши Алии Деҳбошӣ). –Теҳрон: Афкор, 1337, саҳ. 313).                          

Яъне, Хуршед дар рӯзи чилуми пас аз Шаби чилла (Шаби ялдо, дарозтарин шаби сол) зоҳир мешавад. Ба андешаи ӯ, шаби чилла (Шаби ялдо) шаби тавлиди Хуршед аст. Чунонки  кӯдаки навтаваллудро чил рӯз (чилла) ба касе нишон намедиҳанд, Хуршед низ чил рӯз нонамоён аст ва рӯзи чилум зоҳир мешавад, ки ин зоҳиршавӣ ба 10-уми Баҳманмоҳ рост меояд.

Дар тақвими ниёгон ҳар рӯзи моҳ номи хоси худро дошт ва рӯзи нуҳум Озарид унвон дошт, ки муваккали он Озар – эзади оташ будааст ва дар ин шаб оташ меафрӯхтаанд. Ниёгони мо фасли зимистонро на аз Даймоҳ (Шаби чилла, Шаби ялдо), балки аз Обонмоҳ оғоз мекарданд. Рӯзи даҳуми моҳи Баҳман, ки “Обон” ном дошт, сад рӯз мешудааст. Ба ҳамин хотир, ҷашн барпо ва оин кардаанд ва онро “Сада” мегуфтаанд. Оташафрӯзӣ дар ҷашни Сада нишонаи шодиву нишот аст, ки сардтарин ва дарозтарин шабҳои зимистон паси сар шуданд.

Чун ба тақвими мардумӣ таваҷҷуҳ мекунем, монандие ба гуфтаҳои болоӣ ба назар мерасад: мардуми мо  ҳоло ҳам  зимистонро ба чиллаи калон (40 рӯз), чиллаи хурд (20 рӯз), 18-и бузкуш (18 рӯз) ва 12-и кабки рав (12 рӯз) ҷудо мекунанд. Дар ҳақиқат дар чиллаи калон шабҳо оҳиста – оҳиста кӯтоҳ шуда, рӯзҳо дароз шудан мегиранд. Мардум аз сармо, норасоии ғизо ҳам, барои одамон  ва ҳам барои чорво азоб кашида, орзуи омадани баҳор, айёми гармӣ, оғози кишту кор ва сабзидани сабзаро мекарданд ва бо расидани баҳор зиндагияшон руҳу равони  тоза мегирифт. Аз ин хотир, тамомшавии чиллаи калонро хуш пазируфта, шодмонӣ мекарданд, ки сардтарин ва душвортарин рӯзҳову шабҳои сармо  паси сар шуданд.

Чиллаи хурд – 20 рӯз аст, вале онҳоро наметарсонад, агарчӣ дар баъзе мавридҳо дар сардӣ аз чиллаи калон мегузаронад. Андешаи мардумро ба хотир биёрем, ки чиллаи хурд гуфтааст: “Агар ман сохти акаам калон мешудам, курраро дар шиками модараш хушк мекардам”. Ҳарчанд чиллаи хурд сардтар ҳам бошад, вале  ҳаво  рӯй ба беҳбудӣ мениҳад ва ба машоми мардум бӯйи баҳор мерасад.

Шояд аз он сабаб бо хотимаёбии чиллаи калон ҷашни Садаро таҷлил мекарданд, ки гӯё бо фасли зимистон падруд мегуфтанд.

Ҳамин тариқ, ҷашни Сада ҷашни оташ, ҷашни зоҳиршавии Хуршед ва  ҷашни падруди зимистон, ҷашни омодагии кишоварзон ба кишту кори баҳорӣ буда,  аз як замон ба замони дигар ва аз як насл ба насли дигар гузашта, то ба имрӯз омада расидааст. Сада 30 январи солшумории мелодӣ, 10-уми Баҳманмоҳи яздигурдӣ ё 10-уми Далвмоҳ баргузор мегардад. Сада ҷашни фаромӯшшудаи ниёгон аст, ки   аз нав эҳё шуда, моҳиятан арҷгузорӣ ба фарҳангу суннат ва оину анъанаҳои ниёгон аст.

Донишманди тоҷик Ҳаким Абурайҳони Берунӣ инчунин доир ба масоили дигари ҷашни Сада менигорад, ки “пеш аз Сада рӯзест, ӯро “Барсада” гӯянд ва низ “Навсада”. Ва ба таҳқиқ надонистам аз вай чизе” (Берунӣ А. Китоб-ут-тафҳим. –Душанбе, 1973, саҳ 145).

Пас маълум мешавад, ки ҷашни Сада як рӯз набуда, оину одат ва рамзу тааммули хосе низ доштааст, ки Ҳаким Берунӣ бо таассуф “надонистам аз вай чизе” гуфтааст. Чунонки  ишора шуд, як рӯз пеш аз обонрӯз озаррӯз аст ва шояд рӯзи оташ марбути ин рӯз бошад. Чун обу оташ ё оташу об, ки дар дигар ҷашнҳои аҷдодӣ низ аносири оину суннатҳои ҷашнӣ маҳсуб мешаванд.

Сада дар замони Сомониён ва баъдтар дар замони Ғазнавиён бо шукуҳи хос ҷашн гирифта мешудааст. Ҳамзамон таҷассуму тасвири он дар ашъори шуарои ин даврон – Адиб Собир, Унсурӣ, Манучеҳрии Домғонӣ ва Фаррухӣ ишора ба маълумоти болоӣ кардаанд, ки намунаи аз онҳо бад-ин рақаманд:

Аз Адиб Собир:

Ба оини Сада шодбош сар кун,
Ки ин расм аз русуми бостонист.
Муборак бод ин ҷашни каёнзод,
Бар он к-ў дар танаш хуни каёнист.
Сада ин ҷашни фаррухфоли фирӯз,
Намоде аз суруру шодмонист.
Сада ин ёдгори аҳди дерин,
Фурӯғаш зинда, номаш ҷовидонист.

***

Аз Унсурӣ:

Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.

***

Аз Манучеҳрии Домғонӣ:

Ҷашни Сада,  амиро,  расми кибор бошад,
Ин оини Каюмарс, Исфандиёр бошад.

***

Аз Фаррухӣ:

Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз,
Мужда бипзиру бидеҳ хилъату кораш ба тароз.

Феълан, ки мо дар замони  озоду ободи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи ҳастӣ мекунем, бо талошҳои хастагинопазири фарзанди  баруманди халқи тоҷик-  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба асли хеш баргаштем ва таъриху фарҳанги  гузаштагони  хешро, ки бо садҳо орзую умед ва ҳадафҳои нек ба мо мерос гузошта буданд,   аз фаромӯшхонаи таърих  ногузир  зинда ва эҳё карда  истодаем. Зиёда аз ин мо вазифадор  ҳастем, ки ба хотири ташаккули ваҳдати миллӣ ва ягонагию якпорчагии Тоҷикистони азиз, гузашта аз ин, ба хотири рушду нумуи худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандӯстии ҷавонони Ҷумҳурии Точикистон онҳоро эҳё намоем   ва  ба онҳо  арҷ гузорем.  Хусусан эҳёи ҷашнҳои бузурги миллӣ, аз қабили Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада ва Дайгон корест бузург ва муқаддас. Ҳамзамон оташи хомӯшшудаи ниёгонро барафрӯхтан, фурӯзон кардан ва шуълавар намудан кори муқаддас ва қарзи виҷдонии мо, тоҷикон аст. Оташе, ки дили моро равшан сохта, роҳи худшиносии миллӣ, ифтихори ватандӯстӣ ва шаъну шарафи шаҳрвандии мо, тоҷиконро дар замони Истиқлоли давлатӣ тақвият мебахшад,  маҳз эҳёи ҷашну маросими миллиамон мебошад.

Дар ин маврид Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: “Гузаштагони мо ҷашни Садаро ҳамчун падидаи кашфи оташ низ таҷлил мекардаанд. Яке аз сабабҳои ситоиши ин ҷашн дар осори шоирону адибони маъруфи мо низ аз ҳамин иборат мебошад. Зеро оташ на танҳо гармӣ мебахшад, балки рамзи рушноӣ низ мебошад. Дар айёми Сада рӯзҳо торафт дароз ва шабҳо кӯтоҳ мешаванд. Яъне аз ҳамин шабу рӯзҳо пирӯзии равшанӣ бар торикӣ ва некиву накӯкорӣ бар ҷаҳолату бадкирдорӣ оғоз мегардад, ки ин рамзҳо аз замонҳои хеле қадим ҳамчун ҷузъи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии мардуми мо пазируфта шудаанд” (Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада, 26.01.2019).

Ба ҳамин хотир, 2 августи соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» қабул ва мавриди истифода қарор дода шуд. Қонуни  мазкур асосҳои ҳуқуқии таҷлили рӯзҳои идро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.  Баъдтар, 2  январи соли 2018 ба қонуни мазкур тағйирот ворид карда  шуд ва 30 январ рӯзи “Иди Сада” эълон карда шуд, ки ин, албатта, ифтихори бузург дар роҳи эҳёи арзишҳои миллии тоҷикон мебошад.

Тавре ки мебинем, маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳувияти миллӣ ва эҳё гардидани таърихи куҳан, алалхусус арзишҳои миллӣ — ҷашну маросим возеҳан рӯнамо гардид, ки яке аз онҳо ҷашни  Сада мебошад. Ба таъбири соҳибсухане:

Шукронаи ҷашни Сада имрӯз кунем,
Шукронаи Меҳргону Наврӯз кунем.
Шукронаи номи Пешво ҳар нафасе,
Шукронаи ин замони фирӯз кунем.

Бори аввал соли 1998 Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯз аз ҷашнҳои дигари мардумӣ – Меҳргону Сада низ ҳамчун ҷашни миллии тоҷикон ёдовар шуда, баъдан соли 2006 ба муносибати “Соли тамаддуни ориёӣ” дар асарашон “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ” ҷашни Садаро ҳамчун мероси фарҳангии аҳди нахустсулолаи ориёиҳо – Пешдодиён зикр намуданд.

Сипас, шуруъ аз соли 2016 таҷлили ҷашни Сада дар Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хос истиқбол карда мешавад. Мардум дар гирди оташи Сада корвони шодмонӣ доир намуда, ҳунармандон ҳунари худро намоиш медиҳанду раққосаҳову доирабадастон рақсу бозӣ мекунанд. Ҳамзамон навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва намоиши расму оинҳои миллӣ, асбобу анҷоми рӯзгор, асбобу анҷоми кишоварзӣ, техника ва механизмҳои кишоварзӣ омода карда шуда,  ба маърази тамошо гузошта мешаванд, то ин шодмонию хурсандӣ зимистони сардро гусел намуда, барои бештар ҷаҳонро мунаввар намудани Хуршеди баҳорофар, омодагии кишту кор ва ояндаи дурахшони рӯзгор мадад расонад.

Дар ҷаласаи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, ки аз 4 то 9 декабри соли 2023 дар Касанеи Ҷумҳурии Ботсвана баргузор гардид, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон се унсури фарҳанги ғайримоддӣ баррасӣ ва тасдиқ карда шуд. Яке аз онҳо номинатсияи “Ҷашни Сада” (муштарак бо Ҷумҳурии Исломии Эрон) буд (инчунин номинатсияҳои “Донишу таҷрибаҳои анъанавии истеҳсоли матоъҳои атласу адрас” (Тоҷикистон) ва “Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ” (муштарак бо кишварҳои Эрон, Озарбойҷон, Туркия ва Узбекистон)).

Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон ба маврид таъкид менамоянд, ки “ин рӯйдоди муҳими фарҳангӣ боиси ифтихори ҳар фарди худогоҳу ватандӯсти мамлакат ва гувоҳи равшани инсонмеҳварии ҷашнҳои миллии мо мебошад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ мо бояд арзишҳои миллии худро, ки ҷашнҳои миллӣ ҷузъи муҳимми онҳо мебошанд, ҳифз карда, барои боз ҳам таҳкиму густариш ёфтани онҳо муосидат намоем” (Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада, 28.01.2024).

Воқеан, ин амал боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлили ҷашни Сада бори дигар эҳё ва зинда гардида, мардум  метавонад онро бо хушнудӣ пешвоз гиранд ва аз он ҳамчун ҷашни миллии халқи худ  ифтихор  намоянд:

Ҷашни Ҳушанг омад, ҷашни Сада муборак!
Бо тору чанг омад, ҷашни Сада муборак!
Пайки баҳору Наврӯз, бо чеҳраи дилафрӯз,
Хушобуранг омад, ҷашни Сада муборак!
Бар хонаи туву ман, файзе зи моҳи Баҳман,
Бас шӯху шанг омад, ҷашни Сада муборак!

 

Нуриддин САИД,
узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор,

Саъдӣ ҚОСИМӢ,
профессори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ 

Январь 26, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз 1 сентябри соли 2026 музди меҳнати кормандону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон 10 фоиз зиёд мегардад
ИСТИФОДАИ КОРД АЗ ҶОНИБИ НОБОЛИҒОН. Андешаҳо оид ба ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон
ПАЁМ — РОҲНАМОИ МО. Президенти Тоҷикистон ба масъалаи таълиму тарбия, аз ҷумла таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд
26 ЯНВАР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЭНЕРГИЯИ ТОЗА. Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз давлатҳои пешсаф дар самти истеҳсоли энергияи тоза аст
ҒИЗОИ СОЛИМ. Шир ва маҳсулоти ширӣ муҳимтарин манбаи энергия ба шумор мераванд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар телевизионҳои Тоҷикистон 145 лоиҳа ва барномаи нав таҳия ва пахш гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон соҳаи ҳайкалтарошӣ ва муҷассамасозӣ рушд меёбад
РУШДИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Портали khizmat.ehukumat.tj ба шаҳрвандон 60 номгӯй хизматрасонӣ пешниҳод менамояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 январ, душанбе, 26-умин рӯзи соли 2026 аст
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ гуна дар шароити хона метавон оиларо бо пиёзи тару тоза таъмин намуд
ПОС ДОШТАНИ УРФУ ОДАТҲОИ МАРДУМӢ. Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ