Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Чин мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 15.01.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Ҷитсзюн мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни мулоқот масъалаҳои асосии ҳамкории Тоҷикистону Чин дар самти амният ва таҳкими суботи минтақавӣ баррасӣ шуданд. Ҳамзамон ҷонибҳо зарурати густариши ҳамкории дуҷонибаро дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба таҳдидҳои муосир, аз қабили терроризм, экстремизм ва киберҷиноятҳо таъкид намуда, ба аҳамияти ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои дахлдор ишора карданд.
Дар анҷоми мулоқот изҳори итминон карда шуд, ки густариши минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистону Чин ба таҳкими сулҳу субот дар минтақа мусоидат менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






