«МАҚОМИ ЗАН ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид

Январь 7, 2026 09:30

ДУШАНБЕ, 07.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ёвон бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон таҳти унвони «Мақоми зан дар меҳвари Паём: аз сухан то амал» ҳамоиши занону духтарон доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳамоиш бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, таҳкими нақши занон дар ҷомеа, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии занону духтарон, инчунин ҷалби онҳо ба созандагию бунёдкорӣ баргузор карда шуд.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода иброз намуд, ки Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими роҳнамо самтҳои асосии рушди ҷомеаро муайян менамояд. Дар он ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардидааст.

Таъкид шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолият ва иштироки васеи занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат заминаи устувор гузошта шуд. Имрӯз занони тоҷик дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла идоракунии давлатӣ, маориф, тандурустӣ, соҳибкорӣ ва кишоварзӣ фаъолияти пурсамар доранд.

«Тарбияи дурусти духтарон, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии онҳо, пешгирии амалҳои номатлуб ва таҳкими оила аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеа ба ҳисоб рафта, Ҳукумати мамлакат дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад»,– баён гардид дар ҳамоиш.

Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода изҳор дошт, ки  тарбияи насли солим ва худогоҳ ба нақши модар вобаста буда, зан ҳамчун тарбиятгари асосии оила ва ҷомеа масъулияти бузург дорад. Дар ин замина ҷалби занону духтарон ба илмомӯзӣ, касбомӯзӣ ва пешгирии зуҳуроти номатлуб аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими мақомоти маҳаллӣ мебошад.

«Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон сиёсати иҷтимоии давлатро дар самти дастгирии занон ва таҳкими мақоми онҳо пайгирона татбиқ намуда, барои фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъолонаи занону духтарон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад»,– иброз намуд раиси ноҳияи Ёвон.

Дар фарҷом таъкид шуд, ки чунин ҳамоишҳо ба боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва фаъолгардонии занону духтарон дар ҳаёти ҷамъиятӣ мусоидат намуда, татбиқи амалии нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро таъмин менамоянд.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 7, 2026 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд