«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
ДУШАНБЕ, 20.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ба ҳаёти мустақилона омода намудани духтарон, арҷгузорӣ ба анъанаҳои неки ниёгон, бардошт аз мактаби рӯзгордории модарон, аз насл ба насл густариш додани фарҳанги миллӣ ва пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон дар ноҳияи Ёвон Озмуни ноҳиявии «Мактаби модарон» идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки озмун дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ноҳия бо иштироки ҷавондухтарон ва занону модарони рӯзгордида баргузор гардид.
Дар озмун модарони фаъол донишу таҷрибаи худро дар самти тарбияи фарзанд дар руҳияи ахлоқи ҳамида, нигоҳдории саломатии модару кӯдак, фарҳанги оиладорӣ ва муносибатҳои оилавӣ, ҳифз ва тарғиби анъанаҳои миллӣ ба ҷавондухтарон нишон доданд.
Иброз гардид, ки мактаби модарон мактаби омӯзиши таҷрибаи пурғановати рӯзгордорӣ, сабақи худшиносии миллӣ, мактаби ҳаёт, илму ҳунар ва фарҳанги оиладорӣ мебошад.
«Ҷавондухтарон бо бардошт аз таҷрибаи ин мактаби бузург андешаю ҳунари худро такмил дода, ба зиндагӣ бо диду назари нек муносибат менамоянд. Ин мактаб фарзандонро ба роҳи росту ояндасоз роҳнамоӣ менамояд», – баён гардид зимни баргузории озмун.
Таъкид шуд, ки ҷавондухтарон аз мактаби модарон ҳунари омода кардани таомҳои миллӣ, аз мактаби фарҳангии худогоҳии модарон ба бар кардани либосҳои тоҷикӣ, аз мактаби илму дониши модарон дарси одобу ахлоқи ҳамидаю илму дониш ва аз мактаби тарбияи модарон хулқу атвори ҳамидаи инсонӣ омӯхта, ин рисолати ибратомӯзро дар байни ҳамсолонашон идома медиҳанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






