Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд

Январь 30, 2026 10:45

ДУШАНБЕ, 30.01.2026 /АМИТ «Ховар»/.  29 январ дар кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дарёфти роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ ва баррасии масъалаҳои марбут ба инъикоси раванди амалишавии «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни баргузории муҳокимаи парламентӣ самаранокии натиҷаҳои ин барномаи давлатӣ,  рақобатпазирии соҳаи телевизион ва радио, нақши соҳа дар таъмини амнияти иттилоотии мамлакат ва роҳҳои асосии рафъи мушкилоти соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Иброз гардид, ки ҳадафи асосии барнома баланд бардоштани сатҳ ва сифати барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, мутобиқ намудани онҳо ба талаботи муосир ва ҷавобгӯ гардонидан ба ниёзҳои ҷомеа мебошад.

«Рушди устувори соҳаи телевизион ва радио бе такмили мунтазами қонунгузорӣ, мутобиқсозии он ба стандартҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани масъулияти иҷтимоии воситаҳои ахбори омма ғайриимкон аст», – таъкид шуд дар муҳокима.

Дар шароити муосир бо зуҳури телевизиони рақамӣ, интернетӣ ва платформаҳои стримингӣ зарур аст, ки меъёрҳои ҳуқуқӣ на танҳо пахши анъанавӣ, балки мундариҷаи рақамӣ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф, маълумоти шахсӣ ва масъулияти паҳнкунандаи иттилоотро низ фаро гиранд. Ҳамчунин забони давлатӣ, фарҳанг, таърих ва анъанаҳои миллӣ бояд дар фазои телевизионӣ ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.

АКС: Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 30, 2026 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд