МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мавсими мувофиқ барои шинонидани гули садбарг моҳҳои январ-феврал аст

Январь 4, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 04.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Садбарг гули маъмултарин ва зеботарине аст, ки барои хуррамгардонии муҳити атроф ба таври фаровон истифода мешавад.  Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки мавсими мувофиқ барои шинонидани гули садбарг аз охири моҳи январ то охири моҳи феврал аст.

Бояд гуфт, ки шуруъ аз моҳи январ то аввали фасли баҳор дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ қариб ҳар ҳафта намоиш – фурӯши ниҳолҳо, қаламчаю тухмиҳои гуногуни гулҳо ва тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад. Сокинони мамлакат имкон доранд, ки аз ин намоиш-фурӯшҳо қаламча ва тухмии гулҳо, аз ҷумла гули садбаргро харидорӣ намоянд.

Дар мавриди омода кардани қаламчаи садбарг мутахассисон тавсия медиҳанд, ки он бояд аз фасли тирамоҳ омода карда шавад. Инчунин қаламчаи онро дар гармхонаҳо парвариш намуда, сипас ба ҳавои васеъ мекӯчонанд. Гули садбарг хоси шароити офтобӣ ва шамолрас мебошад.

Тибқи тавсияи коршиносон, барои қаламчаи гули садбарг ҷойи аз ҳар ҷиҳат мувофиқро муайян ва интихоб намудан зарур аст. Парвариши он зери плёнкаи полиэтиленӣ амалӣ шуда, бараш бояд як-ду метр бошад, яъне ба паҳноии плёнка муносиб бошад. Қаламча аз гули садбарги кӯҳнаи шукуфта гирифта шуда, онро як шабонарӯз дар маҳлули перманганати калий нигоҳ медоранд.

Ба тавсияи мутахассисон соҳа, талаботи гули садбарг ба об ва ғизонокӣ он қадар зиёд нест ва он метавонад муҳлати дуру дароз шукуфо бошад. Садбарг хусусияти хос дорад, ки агар решаи онро бо намӣ ва ғизо таъмин  намоем, аз аввали баҳор то охирҳои тирамоҳ гулбасар меистад.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки қариб дар ҳама боғҳои Тоҷикистон гулҳои садбарг шинонида шудаанд. Аз ҷумла, дар тамоми гулгашту боғҳои пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе садбарг шинонида мешавад. Вале, мутаассифона, солҳои охир дар ҷумҳурӣ гулҳои садбаргро канда, ба ҷои он гулҳои мавсимӣ, аз ҷумла лола  мешинонанд, ки муҳлати нашъунамои онҳо бениҳоят кӯтоҳ аст. Барои нигоҳ доштани лола ғизову оби зиёд зарур мешавад. Ба ҷои гулҳои садбарг гулҳои мавсимие мешинонанд, ки 10-15 рӯз гул намуда, дар як сол 5-6 маротиба онҳоро иваз намудан зарур аст ва ин  ба буҷаи хоҷагидорӣ зарар мерасонад.

Яке аз афзалияти гули садбарг ба ғайр аз зебоии он ба муҳлати дароз зебу зиннат бахшиданаш ба муҳити атрофи манзили зисту коргоҳҳо  мебошад. Аз ин рӯ барои шинонидани қаламчаҳои гули садбарг бояд тадбирҳои зарурӣ ба роҳ монда шаванд.

Беш аз 400 намуди садбарги ёбоӣ мавҷуд аст. Худи гули садбарг 35 барг дорад ва дар тамоми ҷаҳон машҳур аст. Асосан онро барои зебоӣ ва хушбӯйиаш парвариш мекунанд. Аз ҷиҳати ранг ва шакл гули садбарг хеле гуногун мешавад. Шакли баргаш мураккаб буда, пояҳояш аз хорҳои гуногун иборатанд ва он ҳатто дар зимистон низ метавонад гул кунад. Садбаргро ба воситаи пайванд намудани реша ё ба воситаи қаламча зиёд менамоянд.

Ранги гулҳои садбарг сурх, сафед, зард, гулобӣ, норинҷӣ, бунафш ва ғайра мешавад. Гули садбаргро асосан ба 3 гурӯҳ тақсим менамоянд. Якум- гулҳои ҳамешасабз, ки тез ба гулкунӣ даромада, баландиашон 2-3 метр шуда, давраи гулшукуфиашон дароз аст. Дуюм-гулҳои хазонрез, ки гулҳои он бехӣ буда, бисёр гул дорад. Айёми гулшукуфиашон 20-40 шабонарӯз буда, бештари онҳо баҳорон мешукуфанд. Ба гурӯҳи сеюм садбаргҳои печон дохил мешаванд, ки навдаҳои дароз доранду то 10-20 метр қад мекашанд ва баҳору тобистон сергул мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Январь 4, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
МАОРИФ — САРМОЯИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш
РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР ТОҶИКОБОД. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 27 маротиба афзоиш ёфт
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
НАҚШИ БОРИЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН. Андешаҳо дар ин маврид
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲИБКОРӢ. Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон беш аз 100 созишнома ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонидааст
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст