АЗ НАВОВАРӢ ТО РУШДИ УСТУВОР. Мавқеи Душанбе ҳамчун маркази сайёҳӣ дар минтақа тақвият меёбад

Январь 16, 2026 11:04

ДУШАНБЕ, 16.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 барои соҳаи сайёҳии шаҳри Душанбе соли пуртаҷриба ва дастовардҳо буд. Пойтахти мамлакат тавонист тавассути чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва байналмилалӣ худро ҳамчун маркази ҷолиби сайёҳии минтақа муаррифӣ намояд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои рушди инфрасохтор, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва ҷалби бештари сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ тадбирҳои муассир андешид.

Дар мусоҳиба бо АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Дилшоди Ҷамшед оид ба дастовардҳои соҳа, иқдому ташаббусҳои нав, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва нақшаҳо барои соли 2026 ибрози назар намуд.

АМИТ «Ховар»: Натиҷаҳои фаъолияти соҳаи сайёҳии шаҳри Душанберо дар соли 2025 чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

Дилшоди Ҷамшед: Соли 2025 барои рушди сайёҳии шаҳри Душанбе соли пуртаҷриба ва дорои натиҷаҳои назаррас буд. Дар ин давра барои муаррифии иқтидори сайёҳии пойтахт, ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ тадбирҳои зиёд амалӣ гардиданд.

Дар маҷмуъ, давоми соли 2025 зиёда аз 200 чорабинии сатҳҳои гуногун, аз қабили фарҳангӣ, маърифатӣ, варзишӣ, байналмилалӣ, таблиғотӣ ва хатсайрҳои дохилишаҳрии «Red Bus Tour» дар пойтахт ба роҳ монда шуданд, ки ҳар яке дар муаррифии Душанбе ҳамчун шаҳри сайёҳӣ саҳми назаррас гузошт.

Яке аз рӯйдодои муҳими сол ин баргузории дуюмин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2025 (Dushanbe International Tourism Exhibition-2025) буд, ки он рӯзҳои 18-20 сентябри соли 2025 бо иштироки 200 ширкати хизматрасони соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла 65 ширкати хориҷӣ баргузор шуд. Дар умум давоми се рӯз аз намоишгоҳ зиёда аз 10 500 меҳмон дидан намуд. Меҳмонон имкон пайдо карданд, ки бо захираҳо ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва кишварҳои иштирокдор аз наздик шинос шаванд ва ҳамчунин оид ба маҳсулот ва хизматрасонии ширкатҳои сайёҳии дохилӣ ва хориҷӣ маълумоти муфассал ба даст оранд.

Як нуктаи муҳимро мехоҳам таъкид намояд, ки соли 2025 бори нахуст бо мақсади рушду тавсеаи соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии бренди миллии сайёҳӣ «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе» таҳия ва тасдиқ гардид. Тақвим дастраси ширкатҳои сайёҳӣ гардонида шуда, бастаҳои сайёҳӣ таҳия ва ба фурӯш бароварда шуданд. Ин ба афзоиши зиёди сайёҳон дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз мусоидат намуд.

Зеро дар асоси тақвим видеороликҳои тарғиботӣ ва буклетҳо бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ оид ба баргузории чорабиниҳои наврӯзӣ таҳия гардида, тавассути воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои иҷтимоӣ ва намояндагиҳои Тоҷикистон дар хориҷ ба таври васеъ инъикос гардида, дастраси доираҳои манфиатдор гардонида шуданд.

Бояд гуфт, ки тақвим ҳамасола таҳия ва тасдиқ  карда мешавад. Тибқи он якчанд чорабинии сатҳи байналмилалӣ баргузор гардида, барои таҳияи бастаҳои сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меояд.

АМИТ «Ховар»: Яке аз нишондиҳандаҳои муҳими соҳа шумораи вуруди сайёҳон аст. Соли 2025 воридшавии сайёҳон ба шаҳри Душанбе чӣ гуна буд?

Дилшоди Ҷамшед: Дар ин самт низ мо натиҷаҳои умедбахш доштем. Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2025 ба Тоҷикистон 2 104 703 шаҳрванди хориҷӣ ворид гардид. Аз ин 1 784 430 нафар ҳамчун сайёҳ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2024 19% зиёд аст. Тибқи арзёбии мутахассисон, тақрибан 60% ё 1 070 658 нафари онҳо ба Душанбе ворид шуда, аз хизматрасониҳои пойтахт истифода карданд. Танҳо тавассути Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва Роҳи оҳани Душанбе 370 539 сайёҳ ба пойтахт омад, ки нисбат ба соли 2024 66,7% зиёд мебошад.

Танҳо дар доираи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз, яъне аз 15 то 31 марти соли 2025 тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии ҳудуди пойтахт 8 004 сайёҳ ба Душанбе ворид шуд, ки 2 914 нафари онҳо аз Эрон буданд.
Илова бар ин, дар доираи чорабиниҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2025 (DITE-2025), экспедитсияҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, форумҳо ва фестивалҳо садҳо меҳмонони хориҷӣ ва ҳазорҳо меҳмонони дохилӣ ба пойтахт омаданд. Ин нишони он аст, ки Душанбе тадриҷан ба маркази ҷолиби сайёҳии минтақавӣ табдил меёбад.

АМИТ «Ховар»: Соли 2025 барои муаррифии Душанбе дар арсаи байналмилалӣ кадом иқдом амалӣ карда шуд?

Дилшоди Ҷамшед: Самти муаррифии байналмилалӣ яке аз авлавияти мо буд. Аз ҷумла, иштироки фаъол дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Тошканд «Сайёҳӣ дар Роҳи Абрешим» ва дар Намоишгоҳи 18-уми байналмилалии сайёҳии Теҳрон, ташкили гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон, вохӯриҳо бо ширкатҳои гардишгарии Эрон, боздид аз шаҳрҳои Теҳрон, Исфаҳон, Шероз ва гуфтушунидҳо оид ба таҳияи бастаҳои сайёҳӣ мисоли равшани ин аст.

Инчунин даъвати блогерони машҳур аз Эрон, Нидерланд, Швейтсария, Канада, Олмон, Покистон ва Чин, ки беш аз 1,2 миллион обуначӣ доранд, ба таври муассир дар муаррифии имконияти сайёҳии Душанбе мусоидат кард. Онҳо ҷашнҳои наврӯзӣ, маконҳои таърихию фарҳангӣ ва фазои меҳмондории пойтахтро дар шабакаҳои иҷтимоии худ васеъ инъикос намуданд.

АМИТ «Ховар»: Кадом инфрасохтор ва хадамоти сайёҳӣ барои меҳмонон дастрас ва беҳтар карда шуд?

Дилшоди Ҷамшед: Баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ яке аз самтҳои калидии фаъолияти мо мебошад. Имрӯз дар шаҳри Душанбе инфрасохтори хизматрасонӣ хеле рушд кардааст. Фурудгоҳи байналмилалӣ, вокзалҳои роҳи оҳан ва нақлиётӣ, 51 меҳмонхона, 118 тарабхона, 4 чойхонаи миллӣ, 39 маркази дилхушӣ, 27 бозор, 125 маркази савдо, 30 мағозаи армуғонфурӯшӣ, 4 майдони чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, 17 боғи фарҳангию фароғатӣ ва 1 боғи ҳайвонот, 44 гулгашт, 5 кӯли шиноварию истироҳатӣ, 67 толори варзишӣ, 210 кошонаи ҳусн ва 198 сартарошхона, 4 кохи фарҳангӣ, 7 театри касбӣ, 13 осорхонаву 17 китобхона, 6 амфитеатр, 23 ёдгории бостонӣ, монументалӣ ва меъморӣ, 95 ширкати сайёҳӣ, фаввораҳо дар 38 мавзеи пойтахт, 378 майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон, 306 муассисаи табобатию профилактикӣ, 77 коргоҳи ҳунармандӣ, Қасри теннис ва маҷмааҳои варзиши обӣ ва «Маҷмааи Истиқлол» ба меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ хизмат мерасонанд.

Ҳамзамон гӯшаҳои иттилоотии сайёҳӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, Роҳи оҳани Тоҷикистон ва марказҳои нақлиётӣ фаъолият намуда, зиёда аз 20 ҳазор маводи иттилоотию таблиғотӣ ба сайёҳон тақсим карда шуданд.

АМИТ «Ховар»: Барои муаррифии пойтахт ва ҷалби сайёҳон кадом платформаҳои рақамӣ истифода мешаванд?

Дилшоди Ҷамшед: Портали сайёҳии Душанбе www.dushanbe-travel.tj фаъол буда, дар он харитаи электронӣ, роликҳои тарғиботӣ, акси маконҳои зебо ва нотакрор, маълумот оид ба иншооти сайёҳии пойтахт бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷой дода шудаанд. Сайёҳон метавонанд доир ба дилхоҳ объекти сайёҳӣ, фарҳангӣ ва фароғатии пойтахт маълумот дастрас намоянд.

Ҳамзамон дар шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук (Dushanbe-travel), Инстаграм (dushanbe.travel), ВКонтакте (Dushanbe.travel), Тридс (dushanbe.travel), Тик-Ток (dushanbe.travel), Х (dushanbe.travel) ва Телеграмм (dushanbe.travel) саҳифаҳои шуъба фаъолият доранд. Дар саҳифаи Фейсбук 20 000 обуначӣ буда, дар як моҳ то 1,5 миллион нафар аз он дидан менамоянд. Саҳифаи расмии Инстаграм зиёда аз 110 000 обуначӣ дошта, 35%-и онро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил медиҳанд. Дар як моҳ то 7 миллион нафар аз саҳифаи расмии шуъба дидан менамоянд. Наворҳоеро, ки дар ин саҳифа гузошта мешаванд, то 1,5 миллион нафар тамошо мекунанд.
Дар ин саҳифаҳо тамоми чорабиниҳо ва тадбирҳои марбут ба рушди сайёҳӣ инъикос мегарданд. Ҳамарӯза аксҳо ва роликҳои тарғиботӣ оид ба имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе ҷой дода мешаванд. Танҳо соли 2025 маҷмуан зиёда аз 3 000 акс ва 300 видеоролик дар ин платформаҳо нашр карда шуданд.

АМИТ «Ховар»: Лоиҳаи «QR-роҳнамо» чӣ аҳамият ва ҳадафҳо дорад?

Дилшоди Ҷамшед: Лоиҳаи инноватсионии «QR-роҳнамо» яке аз иқдоми муҳими рақамисозии соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе мебошад. Ҳадафи асосии он фароҳам овардани дастрасии осон, зуд ва боэътимоди шаҳрвандон ва сайёҳон ба иттилоот дар бораи мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, иншооти сайёҳӣ ва имконияти фароғатии пойтахт аст. Ин иқдом дар доираи татбиқи ҳадафҳои «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» (2025–2030) амалӣ мегардад.

Лоиҳа бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия шуда, аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт. Ин дастгирӣ идомаи мантиқии дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди сайёҳӣ ҳамчун соҳаи афзалиятноки иқтисод, ҷалби сармоя, такмил додани инфрасохтори муосир ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар мамлакат мебошад.

Бо татбиқи «QR-роҳнамо» сайёҳон метавонанд тавассути телефонҳои мобилӣ маълумоти муфассал дар бораи таърих, арзиши фарҳангӣ, хизматрасониҳо ва масирҳоро дастрас намоянд. Ин на танҳо сатҳи хизматрасониро боло мебарад, балки симои Душанберо ҳамчун шаҳри муосир, рақамӣ ва дӯстдори навоварӣ муаррифӣ мекунад.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мувофиқа бо сиёсати давлатии рақамисозӣ барои муаррифии имконияти сайёҳӣ, беҳтар намудани инфрасохтор ва фароҳам овардани муҳити мусоид барои сайёҳон пайваста ташаббусҳои нав ба роҳ мемонанд, ки лоиҳаи «QR-роҳнамо» яке аз намунаҳои равшани он мебошад.

АМИТ «Ховар»: Бори нахуст дар соҳаи сайёҳии пойтахт таҷрибаи нав ба роҳ монда шуд. Дар доираи ҳамкории бародаршаҳрӣ бо Теҳрон дар Боғи Куруши Кабир кӯчаи сайёҳии мавсимӣ ташкил гардид. Барномаҳои он чӣ гуна буданд?

Дилшоди Ҷамшед: Дар воқеъ, ин таҷриба нав буд ва умед аст, ки дар оянда идома меёбад. Аз 11 ноябр то 11 декабри 2025 бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, ҳунарҳои дастӣ, муаррифии зарфияти сайёҳӣ ва таъмини фазои фарҳангӣ ва фароғатии пойтахт, дар доираи ҳамкории бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Теҳрон дар Боғи Куруши Кабир кӯчаи сайёҳии мавсимӣ ташкил карда шуд.

Дар «Кӯчаи сайёҳӣ» барномаҳои фарҳангӣ, намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла чӯбкорӣ, заргарӣ, гулдӯзӣ, кулолгарӣ, чакандӯзӣ, қолинбофӣ, наққошӣ, косибӣ ва ғайра, инчунин хӯроку шириниҳо, обҳои ташнагишикан, бозиҳои варзишию зеҳнӣ, озмуну викторинаҳо, бозиҳои сиркӣ, намоиши театрӣ, гӯшаи аксбардорӣ бо либосҳои миллӣ ва дигар чорабиниҳои фароғатӣ баргузор шуданд.


Фаъолияти кӯча барои сокинону меҳмонони пойтахт муҳити ҷолиб ва фароғатии сайёҳӣ фароҳам овард.

Бояд гуфт, ки «Кӯчаи сайёҳӣ» дар доираи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2025  аз ҷониби ширкати «Ҳафт Иқлим Барман»-и Эрон дар ҳамкорӣ бо ширкати сайёҳии «Саёҳати диёр»-и Тоҷикистон ташкил карда шуд.

АМИТ «Ховар»: Яке аз мавзуъҳои муҳим ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бунёди Маркази байналмилалии Наврӯз ва Конун ё Маркази тамаддуни ориёӣ мебошад. Ба назари Шумо ин ташаббусҳо барои рушди сайёҳии Душанбе чӣ аҳамият доранд?

Дилшоди Ҷамшед: Ин ташаббусҳо аҳамияти стратегӣ доранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳоди бунёди Маркази байналмилалии Наврӯз ва Конун ё Маркази тамаддуни ориёӣ на танҳо ҳифз ва эҳёи арзишҳои фарҳангиву тамаддунии миллатро ҳадаф қарор додаанд, балки заминаи мустаҳками рушди сайёҳии фарҳангӣ ва маърифатиро фароҳам меоранд.

Маркази байналмилалии Наврӯз метавонад Душанберо ба маркази ҷалби сайёҳони фарҳангдӯст табдил диҳад. Маркази тамаддуни ориёӣ имконият медиҳад, ки таърихи куҳан, осори илмию фарҳангии ниёгон ва нақши тоҷикон дар тамаддуни башарӣ ба сайёҳони хориҷӣ ба таври муосир ва ҷолиб муаррифӣ карда шавад.

Ин иншоот метавонанд ба «нишонаи шинохт» ё бренди сайёҳии пойтахт табдил ёбанд ва барои ҷалби сайёҳон, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва рушди инфрасохтори туристӣ нақши калидӣ бозанд.

АМИТ «Ховар»: Ҳамчунин бо ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар назар аст. Ин иқдомро барои соҳаи сайёҳӣ чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

Дилшоди Ҷамшед: Ин ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бисёр муҳим ва саривақтӣ мебошад. Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ на танҳо иншооти меъморӣ, балки макони тарбияи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва шинохти решаҳои таърихии миллат хоҳад буд. Барои соҳаи сайёҳӣ ин иқдом аҳамияти калидӣ дорад, зеро сайёҳон на танҳо аз манзараҳои пойтахт лаззат мебаранд, балки метавонанд таърих ва фарҳанги тоҷиконро эҳсос кунанд.
Ин маҷмаа метавонад ба яке аз нуқтаҳои асосии хатсайрҳои фарҳангӣ ва таърихии Душанбе табдил ёбад ва шумораи сайёҳони хориҷӣ, муҳаққиқон ва донишҷӯёнро афзоиш диҳад. Инчунин барои сайёҳони хориҷӣ ин макон имконияти омӯзиш ва шинохти фарҳанг ва таърихи қадимии Тоҷикистонро фароҳам меорад.

Бо татбиқи ин ташаббус пойтахт метавонад на танҳо маркази маъмурӣ ва тиҷоратӣ, балки ҳамчун маркази фарҳангӣ ва таърихӣ низ шинохта шавад. Ин иқдом барои тақвияти ҳувияти миллӣ, тарғиби анъанаҳои миллӣ ва муаррифии онҳо дар арсаи байналмилалӣ низ аҳамияти бузург дорад.

АМИТ «Ховар»: Аксар муассисаю маҷаллаҳои сатҳи ҷаҳонии соҳаи сайёҳӣ пайваста Тоҷикистонро чун самти ҷолиб муаррифӣ карда, тамошои онро ба сайёҳон тавсия медиҳанд. Ин эътироф барои соҳаи сайёҳии мамлакат, бахусус пойтахт чӣ аҳамият дорад?

Дилшоди Ҷамшед: Ворид гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба феҳристи беҳтаринҳои муассисаю маҷаллаҳо ва рӯзномаҳои сатҳи ҷаҳонии соҳаи сайёҳӣ далели равшани он аст, ки иқтидори сайёҳии кишвар, табиати нотакрор, манзараҳои дилрабои кӯҳӣ, фарҳанги ғанӣ ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардидааст.

Тавсия шудани саёҳат ба Тоҷикистон нишон медиҳад, ки мамлакат ба самти ҷолиби сайёҳии экологӣ ва саёҳати фаъол табдил ёфтааст. Ин на танҳо барои рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ ва табиатгардӣ, балки барои ҷалби сайёҳони фарҳангдӯст, муҳаққиқон ва дӯстдорони таҷрибаҳои нодир низ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Аз ҷумла, чанде пеш нашрияи «Lonely Planet», ки тақрибан 6 миллион нусхаро фаро гирифта,  дар ҷаҳон нуфузи баланд дорад, тавассути маводи худ таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба Тоҷикистон ҷалб намуд. Бознашри ин матлаб аз ҷониби расонаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла CNN гувоҳи он аст, ки симои сайёҳии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ таҳким меёбад.
Илова бар ин, тибқи гузориши «Global Safety Report – 2025»-и Пажӯҳишгоҳи амрикоии афкори умум «Gallup», Тоҷикистон дар қатори амнтарин давлатҳои ҷаҳон дар ҷойи дуюм қарор гирифт. Мувофиқи натиҷаҳои назарсанҷӣ, ки дар 142 кишвар гузаронида шуд, 95% аҳолии кишвар ҳангоми сайругашти шабона худро комилан дар амн эҳсос мекунанд. Дар даҳгонаи кишварҳои амнтарини ҷаҳон Сингапур (98%), Тоҷикистон (95%), Чин (94%), Уммон (94%), Арабистони Саудӣ (93%), Кувайт (91%), Норвегия (91%), Баҳрайн (90%) ва Аморати Муттаҳидаи Араб (90%) қарор гирифтаанд.

Имрӯз амнияту суботи ҷомеа, фазои ороми шаҳрҳову деҳот ва меҳмоннавозии анъанавии тоҷикона аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун арзишҳои олӣ эътироф мешаванд.

Мо инро натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди устувори соҳаи сайёҳӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар ҷаҳон медонем.
Бешубҳа, чунин эътироф ба рушди минбаъдаи сайёҳии шаҳри Душанбе низ такони ҷиддӣ мебахшад, зеро пойтахт дарвоза ва чеҳраи давлат барои сайёҳони хориҷӣ мебошад.

АМИТ «Ховар»: Нақши воситаҳои ахбори оммаро дар тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии мамлакат, бахусус шаҳри Душанбе чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

Дилшоди Ҷамшед: Воситаҳои ахбори омма дар муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат, аз ҷумла пойтахт нақши калидӣ доранд. Имрӯз тарғиби бренди сайёҳӣ, ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷӣ ва ташаккули симои мусбати шаҳр бе пӯшиши иттилоотӣ ғайриимкон аст. Маҳз тавассути расонаҳо чорабиниҳои фарҳангӣ, фестивалҳо, намоишгоҳҳо, иқдомҳои нав ва имкониятҳои фароғатии пойтахт ба ҷомеа васеъ муаррифӣ мегарданд.

Воситаҳои ахбори омма бо инъикоси мунтазами дастовардҳо, лоиҳаҳои нав, инфрасохтори сайёҳӣ, маконҳои таърихию фарҳангӣ ва фазои меҳмоннавозии шаҳр дар баланд бардоштани огоҳии шаҳрвандон ва ҷалби сайёҳон саҳми муассир мегузоранд.

Дар ин раванд саҳми АМИТ «Ховар» ҳамчун агентии давлатии иттилоотии кишвар назаррас мебошад, зеро тавассути ин расонаи боэътимод чорабиниҳои муҳим, ташаббусҳо ва имкониятҳои сайёҳии пойтахт ба таври фарогир ва саривақтӣ инъикос гардида, ба доираи васеи хонандагон дар дохил ва хориҷи кишвар мерасанд.

Ҳамзамон, ҳамкории зичи мо бо воситаҳои ахбори омма дар самти таҳияи маводҳои тарғиботӣ, мусоҳибаҳои мавзӯӣ ва матлабҳои муфассал оид ба зарфияти сайёҳии пойтахт бисёр самаранок ба роҳ монда шудааст. Инъикоси пайвастаи фаъолияти соҳа тавассути воситаҳои ахбори омма эътимоди сайёҳонро тақвият дода, мавқеи Душанберо ҳамчун дарвозаи сайёҳии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳким мебахшад.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки нақши расонаҳо дар пешбурди сиёсати давлатии рушди сайёҳӣ бисёр муҳим аст ва мо минбаъд низ ба густариши ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳем кард, то имкониятҳои сайёҳии пойтахт боз ҳам васеътар муаррифӣ шаванд.

Илова бояд кард, ки дар баробари воситаҳои ахбори омма, блогерон ва инфлюенсерони дохиливу хориҷӣ низ бо нашри наворҳо, гузоришҳо ва таассуроти шахсии худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар тарғиби имкониятҳои сайёҳии Душанбе, муаррифии маконҳои ҷолиб ва ташаккули симои мусбати пойтахт саҳми назаррас мегузоранд.

АМИТ «Ховар»: Барои соли 2026 кадом вазифаҳо ва нақшаҳо дар назар гирифта шудаанд?

Дилшоди Ҷамшед: Соли 2026 мо ният дорем, ки корҳоро боз ҳам густариш диҳем. Аз ҷумла, такмили инфрасохтори сайёҳӣ, ҷорӣ намудани маҳсулоти нави сайёҳӣ, тавсеаи хатсайрҳои дохилишаҳрӣ ва байнишаҳрӣ, ҷалби бештари сармоягузорон, рушди сайёҳии фарҳангӣ, варзишӣ ва экологии пойтахт аз авлавият мебошанд.

Ҳамчунин истифодаи бештари технологияҳои рақамӣ, рушди портали сайёҳии dushanbe-travel.tj, фаъолгардонии шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҷалби блогерону расонаҳои байналмилалӣ идома меёбад.

Дар баробари ин, барои соли 2026 нақшаҳои мушаххас ва ҳадафманд дар назар дошта шудаанд. Аз ҷумла, то охири моҳи январи соли 2026 таҳияи Тақвими чорабиниҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз – 2026 ва Тақвими ҳармоҳаи чорабиниҳои оммавӣ барои сайёҳону меҳмонони шаҳри Душанбе ба анҷом мерасад, то ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ пешакӣ аз чорабиниҳо огоҳ гардида, бастаҳои сайёҳии худро мутобиқ созанд.

Ҳамчунин баргузории форуму фестивалҳои наврӯзӣ, Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – DITE-2026, ташкили растаи сайёҳии доимамалкунанда дар пойтахт, инчунин ба роҳ мондани  хатсайрҳои муваққатии дохилишаҳрии «Red Bus Tour» аз ҷумлаи афзалияти асосии соли 2026 мебошанд.


Дар баробари ин, ба тарғибу ташвиқи бештари ҷашнҳои миллии Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Ҳадаф аз ин иқдом муаррифии арзишҳои асили миллӣ, ҷалби сайёҳони фарҳангдӯст ва таҳкими мавқеи Душанбе ҳамчун маркази сайёҳии фарҳангӣ дар минтақа мебошад.

Мо талош мекунем, ки ҷашнҳои миллӣ на танҳо ҳамчун чорабиниҳои анъанавӣ, балки чун маҳсулоти рақобатпазири сайёҳӣ бо шаклу усулҳои муосири муаррифӣ пешниҳод гарданд ва дар ин замина ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ба пойтахт боз ҳам афзоиш ёбад.

Бо ин роҳ тасмим гирифтаем, ки Душанберо ҳамчун шаҳри бехатар, меҳмоннавоз, фарҳангӣ ва муосир дар сатҳи байналмилалӣ боз ҳам бештар муаррифӣ намоем.

Акрамхоҷа АКБАР,
АМИТ «Ховар»

АКС: шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 

Январь 16, 2026 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Рустами Эмомалӣ бо мақсади бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ бо бостоншиносону таърихнигорон вохӯрӣ намуданд
ҲАМКОРӢ БАЙНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ВА КОРФАРМО. Барои рақобатпазир будан дар бозори меҳнат чӣ бояд кард?
BEST IN TRAVEL 2026. Тоҷикистон ба феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» ворид гардид
Дар ин рӯзи соли 2018 Тоҷикистон ба даҳгонаи беҳтарин кишварҳои сайёҳӣ дар ҷаҳон дохил шуд
Имрӯз иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир гардид
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ САБЗ. Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешаванд
Бо иштироки 2500 нафар кӯдакон дар Душанбе барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид
Ғолибони озмуни «Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ» қадрдонӣ шуданд
Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз гардид
Маркази байналмилалии Наврӯз метавонад ба брендикунонии ҷашни миллӣ ва ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон мусоидат намояд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад