Рустами Эмомалӣ бо мақсади бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ бо бостоншиносону таърихнигорон вохӯрӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 13.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо як зумра бостоншиносон, таърихнигорон, фарҳангшиносон ва намояндагони илму адаб вохӯрӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Дар мулоқот масъалаи бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шаҳри Душанбе мавриди муҳокима қарор гирифт. Иштирокдорон аз иқдоми навбатии муҳтарам Рустами Эмомалӣ истиқбол карда, роҷеъ ба он изҳори фикру андеша намуданд.
Бо ҳадафи таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳифзи ҳувияти миллӣ ва арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихор ва мероси ғании маънавию фарҳангии халқи тоҷик Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ташаббуси таърихию фарҳангӣ ба роҳ монданд.
Бояд таъкид намуд, ки иқдоми мазкур идомаи мантиқии сиёсати давлатдории миллӣ ва сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Пешвои муаззами миллат буда, дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир ба ҳифзи пояҳои маънавӣ, таърихӣ ва тамаддуни миллат равона гардидааст.
Ин иқдом нишони арҷгузорӣ ва эҳтироми хосса ба шахсиятҳое мебошад, ки давоми таърих барои озодӣ, истиқлол, давлатдорӣ ва рушди фарҳанги миллӣ хизматҳои беназир анҷом додаанд.
Маҷмааи мазкур на танҳо як иншооти меъморӣ, балки фазои рамзӣ ва маънавӣ хоҳад буд, ки дар он гузашта, имрӯз ва ояндаи миллати тоҷик ба ҳам мепайванданд.
Ин макон ба зиёратгоҳи умумихалқӣ табдил ёфта, ҷои андеша, ибрат, худшиносӣ ва тарбияи ватандӯстӣ мегардад.
Ин ташаббус паёми равшан ба ҷомеа ва махсусан ба насли ҷавон аст: миллати тоҷик бо таърихи худ ифтихор дорад, решаҳои худро мешиносад ва бар пояи худшиносии миллӣ роҳи ояндаи дурахшонро интихоб мекунад.
Ёдовар мешавем, ки 16 декабр зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки барои дар шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ чораҷӯйӣ намоянд. Ҳамзамон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки мероси таърихию фарҳангӣ шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад. «Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидона ба мерос гузоштаанд», — иброз намуданд Пешвои миллат.
Ба ин хотир Президенти Тоҷикистон таъкид намуданд, ки мо вазифадорем дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдодон онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе











Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






