«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд

Январь 13, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 13.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз оғози соли 2025 теъдоди корбарони замимаи «МегаФон Life» ба андозаи 14 фоиз афзоиш ёфт. Ба қавли дигар, даҳҳо ҳазор муштариёни нав ҳаррӯза хизматрасониҳои алоқаро идора намуда, амалиёти молиявӣ анҷом медиҳанд ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои маиширо дар фазои рақамӣ пайдо менамоянд.

Имрӯз «МегаФон Life» экосистемаи мукаммали хизматрасониҳои рақамӣ маҳсуб мешавад. Истифодабарандагон метавонанд бе зарурати насб кардани барномаҳои иловагӣ маблағи хизматрасониҳоро пардохт намоянд, маблағҳоро интиқол диҳанд, маҳсулоти хӯрокворӣ ва доруворӣ фармоиш диҳанд ва барои пайвастшавӣ ба интернети хонагӣ дархост пешниҳод кунанд.

Соли 2025 гурӯҳи таҳиягарони «МегаФон Life» диққати асосиро ба баландбардории сатҳи мувофиқат ва беҳтар намудани вазифаҳои сенарияҳои асосӣ равона намуд. Масалан, дар намунаи нави охирин имконоти идоракунии кортҳои бонкӣ васеъ гардиданд: дорандагони кортҳои «Ҳумо» акнун метавонанд иқтибосҳоро бубинанд ва PIN-рамзҳои худро бекор карда, аз нав фаъол намоянд.

Тағйироти назаррас ба хизматрасониҳои пардохтӣ ворид карда шуданд. Тарҳи навшудаи пардохти QR акнун фаҳмотар аст: ба корбарон логотипи нуқтаи савдо ва маълумот оид ба кешбэк ва таърихи такмилёфтаи амалиёт инъикос карда мешавад. Барои мувофиқ будан инчунин шакли расидҳо дар таърихи пардохтҳо тағйир дода шуд  — акнун фаҳмидан ва таҳлил кардани онҳо осонтар гардид.

Таваҷҷуҳи алоҳида ба амният ва барқароркунии дастрасӣ зоҳир карда шуд. Бекоркунию аз нав фаъолсозии  PIN-рамзи «Ҳамён» дастрастар гардид — онро метавон бо истифода аз рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА) ё силсилаи шиноснома бе зарурати рафтан ба идора ё расмиёти иловагӣ барқарор намуд.

Замима ҳамчун воситаи худхизматрасонӣ низ рушд карда истодааст. Дар «МегаФон Life» бахши навшудаи ягонаи идораҳое пайдо шудааст, ки он маҳз дар маконе, ки барои корбар зарур аст, инъикос меёбад.  Ғайр аз ин, замима ҳоло имкон медиҳад, ки ба тариқи онлайн рақамро интихоб кунед, бихаред ва ба расмият дароред. Рақамро метавон мустақилона дастрас кард ё фармоиш дод.

Барои нигоҳдории алоқа ҳатто дар ҳолатҳои таъҷилӣ дар «МегаФон Life» хизматрасонии «Ба ман занг зан» – ирсоли SMS бо хоҳиши занг задан бевосита аз тариқи замима дастрас карда шуд. Ҳамзамон сифату устувории зангҳо такмил дода шуда, корҳои техникии ба баландшавии сатҳи устувории фаъолияти хизматрасониҳо нигаронида ба амал бароварда шуданд.

Афзоиши таваҷҷуҳ нисбат ба замима бо омори боргириҳо тасдиқ мегардад. Соли 2025 миқдори фаъолсозиҳои «МегаФон Life» дар iOS дар қиёс ба соли 2024  22,3 фоиз, дар Android  3,67 фоиз зиёд гардидааст, ки ин аз васеъшавии устувори аудитория ва боварии истифодабарандагон шаҳодат медиҳад.

«Мо МегаФон Life-ро ҳамчун платформаи рақамии универсалӣ, ки вазифаҳои ҳаррӯзаро осонтар карда, муоширатро боз ҳам дастрас менамояд, инкишоф медиҳем. Афзоиши шумораи корбарон тасдиқ мекунад, ки имконоте, ки мо пешкаш менамоем, воқеан серталабанд. Мо такмили барномаро идома медиҳем ва хизматрасониҳоеро илова мекунем, ки вақтро сарфа мекунанд ва ҳаётро муносибтар мегардонанд», — мегӯяд Илдар Салихов, директори амалиётии ширкати «МегаФон Тоҷикистон».

Боргирӣ ва навкунии замимаи «МегаФон Life» бо суроғаи life.tj имконпазир аст.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Январь 13, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд