Милитсияи шаҳри Душанбе беш аз 160 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандонро ошкор намуд
ДУШАНБЕ, 10.01.2026. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт 163 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардид. Нисбат ба онҳо бо моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Ҳамзамон аз ҷониби суд ҷарима ва ҳабси маъмурӣ то 15 шабонарӯз татбиқ карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки баъзе нафарон такроран ба ин амал машғул гардида, дидаю дониста ҷиноят содир кардаанд. Бо назардошти ислоҳнопазир будани онҳо соли 2025 нисбат ба 14 фолбин тибқи талаботи моддаи 240, иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуданд.
Солҳои охир дар ҷомеа шумораи одамоне, ки ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ рӯй овардаанд, зиёд шудааст. Дар баробари рушди босуръати илму технология, мутаассифона, ҳанӯз ҳам шаҳрвандоне ҳастанд, ки ба фолбинию ҷодугарӣ машғул шуда, онро воситаи ба даст овардани манфиати молиявии хеш намудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳояшон таъкид намудаанд, ки хурофот хатарест, ки ба имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ва минтақа таҳдиди ҷиддӣ дорад.
Сарвари давлат соли 2024 зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат иброз доштанд, ки «Худованд бандаро ҳаст кардааст, ақл додааст, чашм додааст, обу хоку заминро дар ихтиёраш гузоштааст, ки зиндагӣ кун, аз ин дунё баҳра бар, ақлатро кор фармо, ба замона мутобиқ шав, пойбанди хурофот нашав, илм омӯз, касб омӯз, ҳунар омӯз ва зиндагиатро пеш бар».
Дар ин замина Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид намуда, ба вазорату идораҳои дахлдор супориш медиҳанд, ки сари ин масъалаи муҳим корбарӣ намоянд.
Дар робита ба ин аз ҷониби кормандони милитсияи ҷумҳурӣ ҳамарӯза дар саросари мамлакат амалиёти санҷишӣ гузаронида мешаванд. Ҳарчанд Вазорати корҳои дохилӣ ва раёсату шуъбаҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ба сокинон зарари фолбинӣ ва сеҳру ҷодуро фаҳмонида, таъкид менамоянд, ки машғул шудан ба фолбинӣ ва боварӣ ба фолбинону истифода аз хизмати соҳирон нангинтарин амал ба шумор шумор меравад, аммо аксари онҳо дидаю дониста боз ба ин кирдори номатлуб даст мезананд.
Бояд гуфт, 31 июли соли 2025 дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 482, илова 1 (истифода аз хизматрасонии сеҳрдон, ҷодугар ва фолбин) мавриди амал қарор гирифт. Тибқи талаботи ин модда нисбат ба шаҳрвандоне, ки ба назди фолбинон рафта, аз чунин хизматрасониҳо истифода мебаранд, ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи аз 50 (3750 сомонӣ) то 60 (4500 сомонӣ) нишондиҳанда пешбинӣ карда шудааст.
Мувофиқи ин тағйиру иловаҳо шаҳрвандоне, ки ба назди фолбинону ҷодугарон рафта, аз хизматрасонии онҳо истифода мекунанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон барои машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ карда шудааст. Ба ҳамаи онҳое, ки маротибаи аввал ба даст меафтанд, тибқи моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳуриии Тоҷикистон ҷарима ба маблағи аз 6000 то 7500 сомонӣ ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати то 15 рӯз таҳдид менамояд. Барои такрори қонуншиканӣ ё вазнинтар эътироф шудани амалу кирдор тибқи моддаи 240.1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад. Тибқи он ҷарима ба маблағи аз 112 ҳазору 500 то 150 000 сомонӣ ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 1 то 2 сол пешбинӣ карда шудааст.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе








Ноҳияи Хуросон нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якум иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони сарбаланди ноҳияи Вахш бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ шуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар рӯзи якум иҷро гардид
Дар Фархор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иҷро гардид
Ноҳияи Данғара нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якум иҷро намуд
Дар ноҳияи Айнӣ ҳамоиши ботантанаи гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ноҳияҳои минтақаи Рашт нақшаи даъват ба сафи Артиши миллиро 100 фоиз иҷро намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дар Норак дар рӯзи якум иҷро шуд
РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДӢ. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин шуда, нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллиро 101 фоиз иҷро намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои дохилии кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Қазон ҷаласаи 24-уми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони сарбаланди ноҳияи Вахш бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ шуданд






