Намоишгоҳи «Ихтироъкорон ва навоварони соҳаи нақлиёт» баргузор шуд

Январь 6, 2026 11:19

ДУШАНБЕ, 06.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон намоишгоҳи «Ихтироъкорон ва навоварони соҳаи нақлиёт»-ро баргузор намуд. Ин намоишгоҳ аввалин маротиба муҳандисони ҷавонеро, ки аксарияташон хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои мамлакат, литсейҳо, гимназияҳо ва корхонаҳои мошинсозӣ мебошанд, ҷамъ овард, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Ин тадбир бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омӯзиши наврасону ҷавонон дар соҳаи илм, ҷалби онҳо ба навоварӣ ва ихтироъкорӣ, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии наврасону ҷавонон, хусусан амалӣ намудани Барномаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) ва «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» (2025-2030) андешида шуд.

Бояд тазаккур дод, ки соҳаи технологияҳои нав ва IT дар Тоҷикистон босуръат рушд ёфта, дар мактабҳо ва донишгоҳҳо ба таълими зеҳни сунъӣ шуруъ кардаанд. Соҳаҳои нақлиёт, тиб ва маориф рақамӣ карда мешаванд. Бисёр мактабҳо рӯзномаҳои электронӣ доранд, дар нақлиёти ҷамъиятӣ GPS-трекерҳо истифода мегарданд. Имрӯз истифодаи унсурҳои технологияи нав барои омӯзонидани донишмандони ҷавони илмҳои дақиқ кумак мекунад. Инро Намоишгоҳи «Ихтироъкорон ва навоварон дар соҳаи нақлиёт» бори дигар собит намуд. Дар намоишгоҳ муҳандисони ҷавон ихтирооти ҷолиби худро пешниҳод карданд, ки онҳоро на танҳо дар нақлиёт, балки дар соҳаҳои сайёҳӣ, фарҳанг, кишоварзӣ ва сохтмон низ истифода бурдан мумкин аст. Муҳандисони ҷавон бо истифода аз маводи маҳаллӣ аз модели нави мошин, ки ба Lamborghini-и итолиёвӣ монанд аст, то дастгоҳи парвозкунандаи бесарнишин сохтаанд.

Муҳандисони ҷавон иброз доштанд, ки дар мактаб дар маҳфилҳои «Риёзидони наврас», «Физики наврас», «Химики наврас», «Техники наврас» иштирок мекунанд. Дар ин маҳфилҳо онҳо бо кашфиёти Абурайҳон Берунӣ, Ал-Хоразмӣ, Ибни Сино, Архимед, Нютон ва Эйнштейн шинос шуда, тасаввуроти худро дар бораи ин донишмандони бузург, ки ҷаҳонро дигаргун сохтаанд, васеъ мекунанд ва ҷаҳонбинияшонро рушд медиҳанд. Барои иштироки фаъолона дар намоишгоҳ ва тарғиби идеяҳои инноватсионӣ наврасону ҷавонони ихтироъкор бо Ифтихорномаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофоти пулӣ –ҳар кадом бо 2000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.

Гуфта шуд, ки баргузории чунин намоишгоҳҳо минбаъд ба ҳукми анъана медарояд.

Ёдовар мешавем, ки 30 сентябри соли 2022 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Стратегияи миллии рушди зеҳни сунъиро барои давраи то соли 2040 тасдиқ намуданд. Дар доираи стратегия пешбинӣ гардидааст, ки то соли 2040 то 5 фоиз маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат аз ҳисоби технологияҳои зеҳни сунъӣ таъмин карда мешавад.

Инчунин 25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатънома оид ба «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконияти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, қабул намуд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 6, 2026 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи апрел Намоишгоҳи байналмилалии молҳо ва хизматрасониҳо барои саломатӣ ва зебоӣ баргузор мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба гардиши кишоварзӣ 567 гектар замин ворид карда шуд
Соли 2025 дар гармхонаҳои Тоҷикистон беш аз 80 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 аз ҷониби судҳои иқтисодии Тоҷикистон 3 ҳазору 932 парванда баррасӣ карда шуд
Кишти барвақтӣ ва омодасозии заминҳо барои кишти баҳорӣ баррасӣ шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Амонатбонк» соли 2025 ба зиёда аз 60 ҳазор мизоҷ 2,5 миллиард сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ доир гардид
Соли 2025 дар корхонаю коргоҳҳои саноатии ноҳияи Ёвон ба маблағи беш аз 2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд
Моҳи ноябр Озмуни ҷумҳуриявии «Зеҳни сунъӣ — имконияти рушд» баргузор мешавад
Дар назди Агентии иннноватсия ва технологияҳои рақамӣ «Маркази ҳифзи маълумот» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Cоли 2025 содироти маҳсулот аз Тоҷикистон беш аз 27 фоиз зиёд гардидааст
Дар Хатлон ҷаласаи якуми Ситоди вилоятии мубориза бар зидди малах баргузор шуд