НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон 9,5 фоиз афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 29.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2025 дар Тоҷикистон ба 84,7 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2024 9,5 фоиз афзоиш ёфтааст. Ин нишондиҳанда ҳамчунин нисбат ба дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2027 2,5 банди фоизӣ зиёд мебошад. Чунин иброз намуд Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба хабарнигорон.
Таъкид гардид, ки соли 2025 истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ 9,9 фоиз ё ба маблағи 56,6 миллиард сомонӣ ва маҳсулоти чорвопарварӣ 8,5 фоиз ё ба маблағи 28,1 миллиард сомонӣ зиёд гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи вилоятҳои Хатлон 53,4 фоиз, Суғд- 30,6 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- 1,3 фоиз ва шаҳри Душанбе якҷо бо шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 14,7 фоизро ташкил дод.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 картошка 1332,5 ҳазор тонна ё 5,4 фоиз, сабзавот 3377,9 ҳазор тонна ё 2,4 фоиз ва зироати полезӣ 1254,4 ҳазор тонна ё 9,6 фоиз зиёд истеҳсол гардидааст.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд






