НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар доираи Стратегияи рушди соҳаи алоқа сатҳу сифати алоқаи мобилӣ ва интернет 100 % таъмин карда мешавад
ДУШАНБЕ, 28.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлисӣ Олӣ ба Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супориш доданд, ки дар асоси ҳадафу вазифаҳои стратегии мамлакат лоиҳаи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
28 январ зимни нишасти матбуотии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суоли хабарнигори АМИТ «Ховар» дар мавриди он, ки дар доираи ин стратегия сатҳу сифати алоқаи мобилӣ ва интернет, ки имрӯзҳо аксар сокинон аз он шикоят доранд, то куҷо таъмин карда мешавад, сардори ин хадамот Исфандиёри Саъдулло посух дод, ки лоиҳаи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аллакай таҳия гардида, натиҷаи ниҳоии он коркард мешавад.
«Дар назар аст, ки дар доираи ин стратегия сатҳи воридшавии интернети фарох, баланд бардоштани интернети собит, суръати миёнаи интернети мобилӣ, ҳиссаи фарогирии роҳҳои автомобилгард бо алоқаи мобилии 4G ва 5G то 100 фоиз расонида шавад», – иброз дошт Исфандиёри Саъдулло.
Сардори ин хадамот иттилоъ дод, ки дар доираи ин стратегия Тоҷикистон то соли 2027 ба интернети 4G ва то соли 2030 ба интернети 5 G 100% пайваст карда мешавад.
«Баъд аз қабули ин стратегия аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон умедворем, ки он нияту натиҷаҳоеро, ки мо интизор ҳастем, барои баланд бардоштани сатҳу сифати соҳаи алоқа ба даст меорем», — гуфт Исфандиёри Саъдулло.
Дар нишасти матбуотӣ яке аз омилҳои паст будани сифати интернети мобилиро дар мамлакат дар 5 соли охир 10 баробар (аз 3 Гбайт ба 30 Гбайт) зиёд гардидани талабот ба интернет арзёбӣ гардид.
«Мушкили суръати пасти интернет ҳоло танҳо дар алоқаи мобилӣ аст ва дар интернети собит (ноқилӣ) ин мушкилӣ вуҷуд надорад», – гуфта шуд зимни нишасти матбуотӣ.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд






