НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мутахассисон-идоракунандагони тайёраҳои бесарнишин омода карда мешаванд

Январь 28, 2026 16:40

ДУШАНБЕ, 28.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мутахассисон-идоракунандагони тайёраҳои бесарнишин омода менамояд. Ҳоло аз рӯи ин ихтисос 21 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Дар ин хусус 28 январ дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки соли 2025 барои ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соли бобарор буд, зеро соли 2025 35-солагии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд, аз ҷумла Форуми байналмилалии «Саҳми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар татбиқи саноатикунонии босуръати мамлакат» таҷлил шуд. Дар он намояндагони Ҳукумати мамлакат, ҳайати олимону меҳмонон аз 12 давлати хориҷӣ иштирок намуда, беш аз 150 маърузаю мақолаи илмӣ пешниҳод гардид. Инчунин дар иртибот ба ин сана дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ду китоб- «Донишгоҳи технологии Тоҷикистон: 35 соли рушд, навоварӣ ва фановарӣ», «35 соли муваффақият ва рушд», инчунин «Энсиклопедияи олимони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон» ба нашр расид.

Зоир Раҳмонзода афзуд, ки ҳоло дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 8 факулта, 6 идора, шуъбаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ–педагогӣ, 20 кафедра ва 4 марказ, инчунин филиали донишгоҳ дар шаҳри Исфара ва Литсейи инноватсионии «Душанбе» фаъолият доранд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 28, 2026 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Дар вилояти Суғд 109 корхонаи нави саноатӣ таъсис гардид
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Фаъолияти босамари корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Панҷакент ба рушди саноат нигаронида шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд