ПАЁМИ ЭҲЁИ МАЪНАВӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ

Январь 1, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 01.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро, ки дар ҷамъбасти соли 2025 бо таъбири худи Президент, “бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим” сипарӣ гардид, метавон паёми навин аз пирӯзиҳои халқи тоҷик дар соли 2025 унвон намуд.

Воқеан, Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ паёми ифтихори миллӣ, паёми эҳёи навини маънавиёти миллати мо ва паёми ягонагии мардуми форсизабони дунё аст.

Зимни бо қаноатмандӣ ва таваҷҷуҳи хосса мутолиа намудани матни ин санади муҳим он қисматҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, ки ба мавзуъҳои эҳёи маънавӣ ва худшиносию ифтихори миллӣ бахшида шуда буданд, бароям сахт ҳаяҷонангез буданд.

Вақте ки аз забони Пешвои миллатамон ин суханҳо садо доданд, ки “Конун – Маркази тамаддуни ориёӣ” кушода шавад. Ва ҳангоме ки супориш доданд, ки “Маркази байналмилалии Наврӯз” бунёд гардад, маро эҳсоси хурсандию ҳаяҷони сахт фаро гирифт.

Дар нутқи Пешвои миллатамон мавридҳое, ки чунин ангезишҳои ватандӯстонаи ифтихори миллӣ садо додаву аҳли толорро водоштанд, ки сари по хеставу кафкӯбиҳо кунанд, хеле зиёд буданд, ки ҳар яки он шоистаи баррасии доманадор аст. Аммо ман ҳоло танҳо ҳамин ангезиши аз ду пешниҳод гирифтаамро мехоҳам баён кунам.

Ҳамон лаҳзае, ки Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро мешунидам, дар зеҳнам сатрҳое эҷод шуданд, ки мехоҳам онҳоро пешкаши хонандагони арҷманд кунам. Воқеан, Пешвои миллатамон бо сиришти ватандӯстонаи беҳамто ва ғамхориҳои беназир дар эҳёи навини давлату миллати накӯномамон, хосса, маънавиёти бузургу оламгири он хизматҳои ҷоннисоронае намудаанд, ки сазовори ситоишҳост.

Ин ки имрӯз Президенти Тоҷикистонро тамоми мардуми форсизабони дунё Пешвои тоҷикони дунё мехонанд, аллакай эътирофи бебаҳси обрӯю нуфузи шахсияти Пешвои миллатамон ва Тоҷикистони азизи мост, ки ҳар яки мо бо он сарбаландона ифтихор мекунем.

АЗ САРИ ОР ОРИЁНӢ

Як ту мондӣ, аз сари ор ориёнӣ,
Як туӣ дар кору пайкор ориёнӣ.

Ориён пайваста, дардо, рафт аз даст,
Сарзамини ори мо гашт ормонӣ.

Як ту эҳёбахши ин марзи куҳанбун,
Бо фару бо азму руҳи бостонӣ.

Зеби даргоҳи каёнӣ як ту мондӣ,
Ҷоннисорӣ дар масири покҷонӣ.

Бо ту акнун Тоҷикистон Ориёност,
Нанги моро чун сипар дар ҷисму ҷонӣ.

Бо зулоли обҳои поки Меҳан,
Сӯи хушбахтиву ободӣ равонӣ.

Сар ба сар дар партави нуру навидӣ,
Пайку пирӯзии халқи сахтҷонӣ.

Пойтахти тоҷикони рӯйи дунёст
Меҳани мо дар масири ҷонфишонӣ.

Дар раҳи эҳёи мулку миллати худ,
Ман дуо дорам, ки ҳаргиз дар намонӣ.

Як ту мондӣ, аз сари ор ориёнӣ,
Як туӣ дар кору пайкор ориёнӣ.

Пешвои тоҷикони рӯи дунё,
Фарруху фархунда дар рӯи ҷаҳонӣ!

Фарруху фархунда бошӣ!
Фарруху фархунда монӣ!

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»

Январь 1, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД. Васфи зан — модар дар осори Мирзо Турсунзода
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷииро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид
Бунафша Файзиддинзода: «Бигузор занону духтарони мо дар арсаи байналмилалӣ бо либоси зебои тоҷикӣ парчамбардори сарзамини аҷдодӣ бошанд!»
Ниёгони мо дар рӯзгори пешин ҳам ҷашни занонро таҷлил мекарданд. Эҳдо ба Рӯзи Модар
НИМ АСР ДАР ТАЪЛИМИ ҶОМЕА. Занони Тоҷикистон дар пешбурди низоми маориф низ саҳми арзанда доранд
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти Ганҷина Наврӯззода намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ аст