ПЕШВОИ МИЛЛАТ — БУНЁДГУЗОРИ МАОРИФИ МИЛЛӢ

Январь 16, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 16.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар шароити ниҳоят мураккаб ва печидаи солҳои 90-уми асри ХХ Истиқлоли давлатии худро эълон намуд. Нооромию низоъҳои сиёсию низомии ин давра ба иқтисодиёт, ҳаёти иҷтимоӣ ва махсусан ба соҳаи маорифи мамлакат зарари ҷиддӣ расониданд. Ин вазъ боиси коҳиши сатҳи таълиму тарбия, суст гардидани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва маҳдуд шудани имконияти рушди соҳа гардид.

Бо баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва ба сари қудрат омадани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (он замон Раиси Шурои Олӣ) марҳалаи нави эҳё ва суботи давлатдорӣ оғоз ёфт. Маҳз дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат вазъи сиёсию иҷтимоии мамлакат тадриҷан рӯ ба беҳбудӣ ниҳод.

Дар чунин шароити бисёр душвори иҷтимоию иқтисодӣ раванди навсозӣ ва ислоҳоти соҳаи маориф ва низоми таълиму тарбия оғоз гардид. Ташаббускори ин ислоҳот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки маорифро ҳамчун омили калидии эҳёи давлат ва рушди ҷомеа муайян намуданд.

Ҳанӯз соли 1992 бо қарори Раёсати Шурои Олӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» барои муҳокимаи умумихалқӣ дар матбуоти даврӣ интишор гардид. Ин қонун соли 1993 қабул шуда, ба санади асосии танзимкунандаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф табдил ёфт.

Сарфи назар аз мушкилоти зиёди иқтисодию иҷтимоии он солҳо,  аҳли маорифи мамлакат бо раҳнамоӣ ва дастгирии Пешвои миллат ба татбиқи амалии муқаррароти қонуни мазкур оғоз намуданд. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, муассисаҳои таълимии миёнаи касбӣ ва мактабҳои олӣ фаъолият мекарданд. Бо вуҷуди ин, дар соҳаи маориф, бахусус дар самти омӯзиши фанҳои бунёдӣ, мушкилоти ҷиддӣ ба назар мерасид. Норасоии барномаҳои муосири таълимӣ, мутобиқ набудани муҳтаво ба талаботи замон ва манфиатҳои миллӣ, инчунин заъфи шаклу усулҳои таълимӣ ба раванди пешрафти соҳа монеъ мешуданд. Муҳассилин на ҳамеша имкони татбиқи донишҳои азхуднамуда ва рушди қобилияти эҷодии худро пайдо мекарданд, ки ин зарурати ислоҳоти куллии низоми маорифро тақозо менамуд.

Аз ибтидои солҳои 90-ум ислоҳоти ҳамаҷонибаи соҳаи маориф оғоз гардид, ки дар саргаҳи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доштанд. Бо роҳбарии Пешвои миллат бори аввал дар замони Истиқлоли давлатӣ Консепсияи мактаби миллӣ, стандартҳои давлатӣ ва нақшаҳои нави таълимӣ таҳия ва барои татбиқ ба соҳаи маориф пешниҳод гардиданд. Ин ҳуҷҷатҳо низоми таҳсилоти рӯзона, шабона ва ғоибонаро дар бар гирифта, заминаи ҳуқуқӣ ва методии рушди маорифи миллӣ гардиданд. Дар асоси ин ислоҳот сохтори муосири муассисаҳои соҳаи маориф пешниҳод ва ташаккул дода шуд, ки ҳама зинаҳои таҳсилотро фаро мегирифт. Таҷрибаи кишварҳои пешрафта бо назардошти арзишҳои миллӣ мавриди истифода қарор гирифта, маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тадриҷан симои миллӣ касб намуд.

Ба туфайли Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат барои рушди пурсамар ва устувори соҳаи маорифу илм дар мамлакат имконоти воқеӣ фароҳам оварда шуданд. Бунёди садҳо муассисаи нави таълимӣ дар шаҳру деҳот, таъмиру тармим ва навсозии мактабҳо ва кӯдакистонҳо далели равшани ин раванд мебошад.

Дар натиҷаи сиёсати маорифмеҳвари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат дар соҳаи маориф муносибатҳои сифатан нави ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ ташаккул ёфтанд, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ инъикоси худро ёфтаанд.

Дар даврони Истиқлоли давлатӣ соҳаҳои маориф ва илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо ташаббус ва ибтикороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун омили калидии наҷоти миллат, таҳкими давлатдорӣ ва рушди устувори ҷомеа эътироф гардида, ба пешрафту комёбиҳои назаррас ноил шуданд. Таъкиди бархе аз ин дастовардҳо мувофиқи мақсад мебошад:

  1. Яке аз воситаҳои асосии танзими соҳаи маориф санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Дар ин самт қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (се маротиба бо тағйиру иловаҳо) аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳо мебошад. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии рушди маорифро муайян намуда, сохтори низоми маориф, принсипҳои танзим ва идоракунӣ, ваколат ва самтҳои фаъолияти мақомоти соҳаро муқаррар месозад ва барои таҳияи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи маориф заминаи устувори ҳуқуқӣ фароҳам меорад.

Соли 2025 қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор», инчунин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз таваҷҷуҳи хосаи давлату Ҳукумат ба баланд бардоштани мақоми иҷтимоии омӯзгор ва таҳкими заминаҳои ҳуқуқии соҳа шаҳодат медиҳад.

  1. Аз соли 2001 болоравии ҳаҷми маблағгузории соҳаи маориф ба таври назаррас мушоҳида мешавад. Соли 2001 маблағгузории соҳа ба 60 миллиону 900 ҳазор сомонӣ расида, нисбат ба соли 2000 46,4 фоиз афзоиш ёфт. Дар ҳамин давра ҳиссаи хароҷоти маориф 2,4 фоизи ММД ва 16,9 фоизи Буҷети давлатиро ташкил медод.

Бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории соҳа пайваста афзоиш ёфта, соли 2020 ба 5 миллиарду 4 миллиону 653 ҳазор сомонӣ (5,7 фоизи ММД ва 19 фоизи Буҷети давлатӣ) расид. Соли 2021 ин нишондиҳанда ба 5 миллиарду 597 миллиону 100 ҳазор сомонӣ баробар гардида, 6 фоизи ММД ва 19,9 фоизи Буҷети давлатиро ташкил дод.

Соли 2025 маблағгузории соҳаи маориф беш аз 10,9 миллиард сомониро ташкил дода, 21,1 фоизи Буҷети давлатиро дар бар мегирад, ки аз афзалиятнок будани соҳа дар сиёсати иҷтимоии давлат гувоҳӣ медиҳад.

  1. Таҳсилоти томактабӣ дар рушди зеҳнӣ, равонӣ ва ҷисмонии кӯдак нақши калидӣ дошта, заминаи омодасозии ӯро ба таҳсилоти минбаъда фароҳам меорад. Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 744 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият намуда, 114 ҳазор кӯдакро фаро мегирад. Илова бар ин, дар назди 1771 муассисаи таҳсилоти умумӣ марказҳои инкишофи кӯдак таъсис дода шудаанд, ки дар онҳо 49 ҳазору 332 нафар кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудаанд.

Масъалаи таъмини кадрии муассисаҳои томактабӣ низ тадриҷан ҳалли худро ёфта, ҳоло дар ин муассисаҳо 5969 нафар мураббӣ фаъолият менамоянд, ки аксари онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд.

Дар ин самт қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» бори аввал заминаҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии рушди соҳаи томактабиро муайян намуд. Ҳамзамон бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди соҳаи томактабӣ барои солҳои 2006-2010» ва «Барномаи давлатии рушди соҳаи томактабӣ барои солҳои 2012-2016» қабул гардиданд.

Бо мақсади рушди муассисаҳои томактабии хусусӣ «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020» тасдиқ шуда, Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ низ бо назардошти навовариҳои соҳа дар амал ҷорӣ гардид.

  1. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар соли таҳсили 1991–1992 дар мамлакат 3229 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият намуда, шумораи хонандагон 1 миллиону 325 ҳазору 400 нафарро ташкил медод. Дар соли таҳсили 2024-2025 шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба 4037 адад ва шумораи хонандагон ба 2 миллиону 357 ҳазору 100 нафар (аз ҷумла 1 миллиону 142 ҳазору 500 нафар духтарон) расид. Ин нишондиҳанда аз афзоиши 808 муассиса ва зиёда аз 1 миллион хонанда дар давраи соҳибистиқлолӣ шаҳодат медиҳад.
  2. Бунёд ва ба истифода додани муассисаҳои таълимии ҷавобгӯ ба стандартҳои муосир ва талаботи ҷаҳонӣ яке аз самараҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Агар то соли 2000 дар ҷумҳурӣ танҳо як муассисаи таълимии президентӣ фаъолият мекард, имрӯз 9 мактаби президентӣ ва 6 литсейи ҷумҳуриявӣ барои хонандагони болаёқат фаъол мебошанд.
  3. Дар доираи татбиқи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз то солҳои 2024-2025 дар ҷумҳурӣ 5175 кабинети фаннӣ бо таҷҳизоти муосири таълимӣ таъмин гардид.
  4. Бо ташаббуси Пешвои миллат соли 2007 Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» таъсис дода шуд, ки он ба ҷустуҷӯ, дастгирӣ ва рушди хонандагони болаёқат мусоидат намуда, яке аз унсурҳои муҳими сиёсати давлатии соҳаи маориф ба шумор меравад.

Бо мақсади дарёфт, дастгирӣ ва рушди истеъдодҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014 «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020» тасдиқ гардид. Тибқи талаботи барномаи мазкур, дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо таъсис дода шуда, заминаи муназзами ташкилию методӣ барои кор бо хонандагони болаёқат фароҳам оварда шуд.

Натиҷаи татбиқи самараноки сиёсати давлатии дастгирии истеъдодҳо дар дастовардҳои назарраси хонандагони тоҷик дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ифода меёбад. Аз ҷумла, дар соли таҳсили 2024-2025 дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ 2925 нафар хонандагон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, ки аз онҳо 241 нафар соҳиби медали тилло, 501 нафар соҳиби медали нуқра ва 2182 нафар соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Ҳамзамон дар 26 озмуну олимпиадаи байналмилалӣ хонандагони тоҷик 515 ҷойи якум, 866 ҷойи дуюм ва 1396 ҷойи сеюм ба даст оварданд. Бори аввал дар замони истиқлоли давлатӣ хонандаи тоҷик дар Ҷумҳурии Қазоқистон аз фанни математика сазовори ҷоизаи олии «Гран-при» гардид. Инчунин бори аввал хонандаи тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни химия дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷойи аввал ва медали тилло ба даст овард, ки ин нишондиҳандаи болоравии сатҳи омодагии илмии хонандагони мамлакат мебошад.

  1. Дар солҳои охир бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм як қатор санадҳои муҳими меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар соҳаи таҳсилоти иловагӣ қабул ва татбиқ гардиданд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» (16 апрели соли 2012, №826) ва «Низомномаи Созмони талабагии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм аз 2 июли соли 2014, №13/5) тасдиқ шуданд.

Бо назардошти зарурати гузариши низоми тарбияи беруназмактабӣ ба ҳолати сифатан нав, лоиҳаҳои муҳими стратегӣ, аз ҷумла «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ барои солҳои 2016-2020», «Консепсияи рушди муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ», «Стратегияи инкишофи муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ дар Тоҷикистон», «Барномаи байниидоравии рушди системаи муассисаҳои таҳсилоти иловагии кӯдакону наврасон», «Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ» ва «Стандарти давлатии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ» таҳия гардиданд. Ин санадҳо барои таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва мазмунии соҳа асоси устувор гузоштанд.

  1. Бо дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2012 тамоми омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникии ҷумҳурӣ ба литсейҳои касбии техникӣ, техникумҳо ва омӯзишгоҳҳо ба коллеҷҳо табдил дода шуданд.

Дар айни замон дар ҷумҳурӣ 66 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи 14 самт ва зиёда аз 300 касбу ихтисос тайёр намудани кадрҳои коргариро ба роҳ мондаанд. Ба ҳолати 15 сентябри соли 2025 дар ин муассисаҳо 28 ҳазору 312 нафар хонанда (аз ҷумла 7 ҳазору 898 нафар духтарон) таҳсил менамоянд. Аз ин шумора 25 ҳазору 198 нафар (89,1 фоиз) дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва 3 ҳазору 114 нафар (10,9 фоиз) дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсил мекунанд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҳамагӣ 2 ҳазору 751 корманд фаъолият менамоянд, аз ҷумла 1 ҳазору 808 нафар омӯзгор (857 нафар занон) ва 943 нафар устоҳои таълимӣ-истеҳсолӣ (298 нафар занон). Аз теъдоди умумии омӯзгорон 75,8 фоиз дорои таҳсилоти олии касбӣ, 20 фоиз таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 4,2 фоиз таҳсилоти ибтидоии касбӣ мебошанд. Дар байни устоҳои таълимӣ-истеҳсолӣ низ ҳиссаи мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ 48,3 фоиз, миёнаи касбӣ 40 фоиз ва ибтидоии касбӣ 11,7 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (59 муассисаи давлатӣ ва 27 муассисаи хусусӣ) ва 6 филиал фаъолият доранд. Дар ин муассисаҳо аз рӯи зиёда аз 344 ихтисос дар самтҳои омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, иқтисодӣ, технологӣ, техникӣ, муҳандисӣ-омӯзгорӣ, ҳуқуқ ва таъмини бехатарӣ мутахассисон омода карда мешаванд.

Аз шумораи умумии омӯзгорон (7516 нафар) 46 нафар доктори илм (15 нафар зан) ва 113 нафар номзади илм (45 нафар зан) мебошанд. Теъдоди умумии донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 97 ҳазору 234 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 71 ҳазору 397 нафар духтарон мебошанд.

  1. Татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъсиси муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкасб гардидани ҷавонон дар солҳои охир натиҷаҳои назаррас ба бор овард. Имрӯз соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бо кадрҳои дорои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъмин гардида, қисми муайяни мутахассисон барои фаъолияти меҳнатӣ ба хориҷи кишвар низ сафарбар мешаванд, ки ин нишондиҳандаи рақобатпазирии кадрҳои миллӣ мебошад.
  2. Яке аз комёбиҳои муҳими соҳаҳои маориф ва илми мамлакат дар давраи соҳибистиқлолӣ таъсиси Маркази ҷумҳуриявии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии назди Вазорати маориф ва илм ба шумор меравад. Ин ниҳод дар татбиқи сиёсати давлатии рақамикунонии низоми маориф нақши калидӣ бозидааст.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ «Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» таҳти назорати қатъии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ гардида, иҷрои он 105,2 фоизро ташкил дод. Дар доираи татбиқи барнома тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ба шабакаи байналмилалии Интернет пайваст карда шуда, бахусус тавассути хатҳои нахи оптикӣ шароити мусоид барои ҷорӣ намудани технологияҳои муосири таълимӣ фароҳам оварда шуд.

  1. Бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат гузариш ба низоми кредитии таҳсилот ҳамчун талаботи замон ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонии соҳаи таълиму тарбия муайян гардида, тадриҷан ба роҳ монда шуд. Дар ин замина муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз солҳои 2010-2012 марҳила ба марҳила ба низоми кредитии таҳсилот гузаштанд, ки он барои баланд бардоштани сифати таҳсил, ҳаракатпазирии академӣ ва ҳамгироии низоми таҳсилоти миллӣ ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ мусоидат намуд.
  2. Тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боло бурдани сифати таълим, омода намудани мутахассисони рақобатпазир дар бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ, инчунин фароҳам овардани имконият барои идомаи таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои пешрафта, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007 «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» қабул гардид. Дар натиҷаи татбиқи ин барнома дар 42 давлати хориҷӣ (Осиё, Африқо, Аврупо ва Амрико) 42 ҳазору 400 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла 12 ҳазору 808 нафар духтарон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ин нишондиҳандаи равшани ҳамгироии таҳсилоти миллӣ ба фазои байналмилалӣ мебошад.
  3. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар давраи Истиқлоли давлатӣ марҳилаи рушди босуръатро паси сар намуданд. Агар соли 1991 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо фарогирии 69 ҳазору 300 нафар донишҷӯ (23 ҳазору 600 нафар духтарон) фаъолият менамуд, пас соли 2025 шумораи онҳо ба 48 муассиса расида, теъдоди донишҷӯён 214 ҳазору 500 нафарро ташкил медиҳад.

Дар баробари таъсиси муассисаҳои нави таҳсилоти олӣ, ифтитоҳи филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Донишкадаи энергетикии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии пӯлод ва хӯлаи Москва, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ ва филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе аз иқдоми муҳими Пешвои миллат маҳсуб мешаванд.

Бо дастгирии беназири Сарвари давлат дар давраи соҳибистиқлолӣ 74 бинои маъмурӣ ва таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд. Ҳамчунин бо мақсади таъмини донишҷӯёни минтақаҳои дурдаст бо ҷойи зист 20 хобгоҳи замонавӣ сохта ва навсозӣ гардид.

Дар самти таъминоти кадрии муассисаҳои таҳсилоти олӣ низ пешрафти назаррас ба даст омад. Агар соли 1991 дар ин муассисаҳо 1835 нафар номзади илм ва 226 нафар доктори илм фаъолият мекарданд, имрӯз дар онҳо 13 ҳазору 50 нафар омӯзгор, аз ҷумла 4975 нафар занон кор мекунанд, ки аз ин шумора 543 нафар доктори илм (87 нафар зан) ва 4128 нафар номзади илм (1363 нафар зан) мебошанд.

Бо ибтикори Пешвои миллат аз соли таҳсили 1997-1998 ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтани ҷавонони лаёқатманд, бахусус духтарони ноҳияҳои дурдаст Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ гардид, ки аз соли 2005 писарони лаёқатманд низ ба он дохил шуданд. Давоми амали ин квота зиёда аз 27 ҳазор нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 61 шаҳру ноҳия ба 20 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бидуни имтиҳони дохилшавӣ қабул гардиданд.

Илова бар ин, ҳамасола барои хизматчиёни ҳарбии воҳидҳои таъйиноти махсус 100 ҷой ва барои фарзандони шаҳрвандоне, ки аз фалокати Неругоҳи барқии атомии Чернобил зарар дидаанд, 20 ҷой ҷудо карда мешавад.

  1. Солҳои охир як қатор фармонҳо, амрҳо ва қарорҳои муҳими давлатӣ ҷиҳати рушди соҳа қабул гардиданд. Аз ҷумла, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 сентябри соли 2020 «Дар бораи таъсиси Шурои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳо оид ба стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантҳо, зиёд намудани ҳаҷми стипендияҳо, инчунин “Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025” ва Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз ҷумлаи санадҳои калидӣ ба ҳисоб мераванд.

Ба муносибати таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низомномаҳои озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» тасдиқ гардиданд.

  1. Бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат заминаи моддӣ-техникии илми донишгоҳӣ низ рушд ёфта, дар солҳои 2011-2015 тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи паркҳои технологӣ» дар 12 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ паркҳои технологӣ ва дар 7 муассиса марказҳои илмию биотехнологӣ ва озмоишгоҳҳо таъсис дода шуданд. Ин сохторҳо ҳарчанд дар марҳилаи ташаккул қарор доранд, дар оянда метавонанд ба пайвастани илм бо истеҳсолот ва рушди иқтисоди донишбунёд такони ҷиддӣ бахшанд.

Бо мақсади тайёр намудани кадрҳои илмӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 2014 дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид. Аз 1 сентябри соли 2015 бори аввал дар таърихи ҷумҳурӣ қабул ба докторантура аз рӯйи ихтисос оғоз гардида, беш аз 100 нафар олимони ҷавон ба ин зинаи таҳсил фаро гирифта шуданд.

Дар самти дастгирии олимони ҷавон низ тадбирҳои муассир андешида шуданд. Аз ҷумла, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 1996 Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантҳои таҳсили рӯзона таъсис ёфта, соли 2005 бо иқдоми Пешвои миллат хобгоҳи ҷумҳуриявӣ барои аспирантҳо бо 297 ҷойи зист дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

  1. Дар заминаи густариши ҳамкории байналмилалӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ зиёда аз 123 созишномаи ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаи маориф, илм ва техника, инчунин 83 созишномаи ҳамкории байниидоравӣ ба тасвиб расидааст. Дар асоси ин санадҳо дар айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии 42 кишвари хориҷӣ беш аз 45 ҳазор нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи ихтисосҳои барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва техникии мамлакат муҳим ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
  2. Бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тайёр намудани мутахассисон дар кишварҳои хориҷӣ аз иқдоми муҳим ва саривақтӣ дар самти рушди захираҳои инсонӣ ба шумор меравад. Дар доираи маблағҳои ин Фонд ҳамасола теъдоди муайяни шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии бонуфузи давлатҳои хориҷӣ фиристода мешаванд. Қобили зикр аст, ки ҳаҷми маблағгузории Фонд сол ба сол афзоиш меёбад. Бо ин мақсад соли 2008 Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» таъсис ёфта, тибқи он шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар зинаҳои гуногуни таҳсил – бакалавр, мутахассис, магистратура, аспирантура, ординатура, докторантура ва коромӯзӣ ба донишгоҳҳои бонуфузи хориҷи кишвар сафарбар карда мешаванд.
  3. Бо мақсади таҷдиди низоми қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таъмини шаффофияту адолат дар раванди имтиҳонҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2008 Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шуд. Фаъолияти Марказ тибқи оиннома ба ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) равона гардида, дар амал ҷорӣ намудани низоми ягона ва одилонаи қабулро таъмин намуд.
  4. Бо ибтикори Пешвои муаззами миллат китобҳои арзишманди миллӣ, аз ҷумла «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ дастраси ҳар оилаи мамлакат гардонида шуданд. Ин иқдом барои боло бурдани сатҳи маърифати ҷомеа, таҳкими худшиносии миллӣ ва ҷаҳонбинии таърихии ҷавонон аҳаммияти бузург дорад.
  5. Бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат қабули «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040» ҳамчун падидаи муҳими сиёсати давлатӣ дар самти рушди илму маориф ба ҳисоб меравад. Ин иқдом ба тақвияти тафаккури илмӣ, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва рушди иқтисоди донишбунёд нигаронида шудааст.
  6. Дар давраи соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи фонди муомилоти китобҳои дарсӣ зиёда аз 470 номгӯй китобҳои дарсӣ бо теъдоди умумии 27 миллиону 528 ҳазору 801 нусха, ба маблағи 148 миллиону 585 ҳазору 334 сомонӣ ба нашр расонида шуд. Илова бар ин, бо мақсади танзими равандҳои таҳия ва нашри адабиёти таълимӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ» (26 июли соли 2014) қабул гардид.
  7. Бо мақсади такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» ва дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва ноҳияи Рашт филиалҳои он таъсис дода шуданд. Ин муассисаҳо дар баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон нақши муассир доранд.
  8. Таъсиси Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илм низ самараи даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Фаъолияти Марказ ба таҳия ва нашри дастурҳои методӣ, ташкил ва баргузории семинару машваратҳо ва расонидани ёрии методӣ ба шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимӣ равона шудааст.
  9. Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф таъсис дода шуд, ки ҳадафи он танзими раванди иҷозатномадиҳӣ, аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимӣ, назорати сифати таҳсилот ва эътирофи ҳуҷҷатҳои таҳсилот мебошад. Минбаъд ин ниҳод ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.
  10. Соҳибистиқлолии мамлакат ба рушди матбуоти миллӣ, аз ҷумла матбуоти соҳавӣ такони ҷиддӣ бахшид. Дар ин давра нашрияҳои соҳавӣ, ба монанди ҳафтаномаи «Омӯзгор» ва замимаи он барои наврасон «Пайрав», маҷаллаҳои «Маорифи Тоҷикистон», «Маърифати омӯзгор» ва «Русский язык и литература в школах Таджикистана» фаъолияти густурда пайдо намуданд. Илова бар ин, аксари муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва як қатор раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо нашрияҳои соҳавии худро таъсис доданд.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ маҳз бо дастгирии Пешвои миллат дар соҳаи маориф ва илм як қатор навгонию иқдоми муҳим амалӣ гардиданд, аз ҷумла: таъсиси Ҷоизаи давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф; гузариш аз низоми панҷбала ба низоми даҳбалаи баҳодиҳӣ; таъсиси Маркази «Зан-Сарвар» барои донишҷӯдухтарони лаёқатманд; таъсиси марказҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла «Конфутсий» ва «Русский мир»; таъсиси мактаб-интернатҳо барои таълим ва нигоҳубини кӯдакони ятим; роҳандозии марказҳои корҳои берун аз дарсӣ барои интихоби касб;ҷорӣ намудани маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ; таъсиси фонди иҷораи китобҳои дарсӣ; татбиқи низоми таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) дар соҳаи маориф.

Таҳлили ҳамаҷонибаи раванди ташаккул ва рушди соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ гувоҳӣ медиҳад, ки ин соҳа ба яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатии мамлакат табдил ёфтааст. Бо роҳбарӣ ва ҳидоятҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти фарогир ва марҳилавӣ дар ҳама зинаҳои низоми таҳсилот амалӣ гардида, барои рушди устувори захираҳои инсонӣ заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ, институтсионалӣ ва моддӣ-техникӣ фароҳам оварда шуд.

Дар ин давра бо қабули қонунҳо, стратегияҳо, барномаҳои давлатӣ ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ низоми маориф ба талаботи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуд, ки ба болоравии сифати таҳсилот, шаффофият ва самаранокии идоракунӣ мусоидат намуд.

Ҳамзамон густариши ҳамкории байналмилалӣ, татбиқи барномаҳои таҳсил дар хориҷ, таъсиси Фонди махсус ва Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» имконият фароҳам овард, ки ҷавонони лаёқатманд дар муассисаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ таҳсил намуда, ҳамчун мутахассисони баландихтисос дар рушди мамлакат  саҳм гузоранд. Ин раванд ба ҳамгироии низоми таҳсилоти миллӣ бо фазои ҷаҳонии маориф мусоидат карда, нуфузи байналмилалии Тоҷикистонро дар арсаи илму маориф тақвият бахшид.

Таваҷҷуҳи махсус ба рушди инфрасохтори таълимӣ, таъмини муассисаҳо бо биноҳои замонавӣ, хобгоҳҳо, паркҳои технологӣ, озмоишгоҳҳо ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, инчунин нашр ва дастрас намудани адабиёти таълимӣ, барои беҳтар гардидани муҳити таълим ва таҳкими пояҳои илми донишгоҳӣ нақши муҳим бозид. Иқдом дар самти таҳкими худшиносии миллӣ, аз ҷумла, дастрасу оммавӣ гардондани осори арзишманди таърихию адабӣ, ба ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ ва маърифати ҷавонон таъсири амиқ расониданд.

Дар маҷмуъ, таҷрибаи даврони соҳибистиқлолӣ нишон медиҳад, ки сиёсати давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф ва илм дорои хусусияти пайдарпай, мақсаднок ва стратегӣ буда, ба ташаккули ҷомеаи донишбунёд, рушди иқтисоди миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ равона шудааст. Бо идомаи ин сиёсат ва татбиқи ҳадафҳои дарозмуддат соҳаи маориф метавонад ҳамчун неруи асосии пешбарандаи рушди устувори мамлакат хизмат намояд.

Нуриддин САИД,
доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи милллии илмҳои Тоҷикистон

Саъдӣ ҚОСИМӢ,
профессори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Январь 16, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

То 1 апрел лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
Дар Тоҷикистон аз соли 2020 то 2026 андозаи нафақаи миёнаи шаҳрвандон 60 фоиз зиёд гардидааст
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ соҳиби 7 медал шуданд
Маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 25 фоиз зиёд мегардад
БОРБАД — АСОСГУЗОРИ МУСИҚИИ ШАРҚ. Хунёгаре, ки назирашро таърихи башар ёд надорад
Ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ва омӯзгорони пешсафи ҳаракати олимпӣ ҳавасманд гардонида шуданд
ЭҲТИЁТ-КАФИЛИ АМНИЯТ. Риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи гази моеъ омили асосӣ барои ҳифзи ҷони инсон аст
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Бо мақсади шаффофият ва дақиқияти холҳои ғолибон портали электронӣ таъсис дода шуд
Барои баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон дар Тоҷикистон чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Махфират Хидирзода: «Паёми Президенти Тоҷикистон инъикоскунандаи интизориҳои ҷомеа нисбат ба масоили мухталиф аст»
Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе аҳамияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дорад»
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун сарчашма ва манбаи роҳнамо барои фаъолияти қонунгузорӣ арзёбӣ мегардад